ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ КЕМЁНГИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

Бинанда: 1238 | Санаи нашр: 02 Феврал 2024

Ман, Назаров Муллониёз донишҷӯи курси чоруми факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук, ихтисоси 250103 - иқтисодиёти ҷаҳон мебошам. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расида, ҷавонони зиёд аз ҳисоби бурсияҳои ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил мекунанд. Ин имкониятҳоро Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон, махсус барои омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ пешниҳод намудааст.

Яке аз ибтикороти муҳим дар самти рушди илму маориф таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷ маҳсуб меёбад. Дар партави дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи онҳо аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ пайваста ба роҳ мондааст.

Дар баробари ин хушҳол аз он ҳастам, ки яке аз иштирокчиёни барномаҳои табодули академӣ дар байни даҳҳо нафар донишҷӯён аз Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошам.

Дар давоми таҳсил бисёр фанҳоро аз омӯзгорони пуртаҷриба аз худ намуда, дар озмунҳои дохилӣ ва берун аз донишгоҳӣ иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил гардидам. Пас аз эълони барномаҳои табодули академӣ ҳуҷҷатҳоямро барои иштирок ба донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ супоридам. Хушбахтона, аз байни якчанд нафар донишҷӯёни довталаб ба ман муяссар шуд, то ин ки таҳсили худро дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2023-2024 дар донишгоҳи Кемёнг давом диҳам.

Иштирок дар барномаи табодули академӣ ва таҳсил дар донишгоҳи Кемёнг барои ман имконияти хуб ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, инчунин сайқал додани савияи дониш гардид. Дарвоқеъ, донишҷӯёни зиёде аз кишварҳои ба мисли Олмон, Фаронса, Малайзия, Ҷопон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Мексика, Миср дар Донишгоҳи Кемёнг таҳсил менамоянд. Ҷолиби диққат ин аст, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар донишгоҳ дарси шиносоии забон ва фарҳанги донишҷӯёни табодули академӣ ташкил карда мешавад. Дар ин дарс бо донишҷӯёни хориҷӣ оид ба таърихи миллати тоҷик, фарҳанг, забон ва пайдоиши он маълумотҳои заруриро ба онҳо пешниҳод намудем. Донишҷӯёни хориҷи кишвар нисбати мардуми мо, урфу одат ва расму оин мароқ зоҳир намуданд

Лозим ба ёдоварист, ки тамоми ин имкониятҳо тавассути барномаи табодули академии донишгоҳ бароям муяссар гардид. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, миннатдории худро ба Раёсати донишгоҳ барои фароҳам овардани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар мерасонам. Ба донишҷӯён тавсия медиҳам, ки дар барномаҳои табодули академӣ иштирок намуда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

 

Муллониёз Назаров, донишҷӯи курси чоруми факултети

МИБ, ҳуқуқ ва гумрук, ихтисоси 250103 - иқтисодиёти ҷаҳон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top