ИФРОТГАРОӢ ВА ХАТАРИ ОН

Бинанда: 355 | Санаи нашр: 05 Апрел 2024

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 - уми марти соли 2024 бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин баргузор гардид, хело айни муддао ва саривақтӣ буд.

Ба хотири пост доштани арзишҳои миллии халқи тоҷик ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ мо бояд пеш аз ҳама барои ваҳдати миллӣ мубориза барему пеши роҳи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиро гирем.

Оре, ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ имрӯз авзои сиёсии ҷаҳони муосирро хело ноором карда, ҳаёти мардумро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти хело номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир алалхусус миёни бархе аз ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ дар байни ҷавонон касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Айнӣ замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад ва таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Мо, ки муборизи Ватани хеш ҳастем, ҳамчун фарди комилҳуқуқи ҷомеа набояд бетараф бошем ва бар зидди он муборизаи беамон барем. Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Имрӯз таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони зиёде аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба ин зуҳуроти номатлуб майл менамоянд. Ҷавонони соҳибилм, тарбиядида, бомаърифат ва қавиирода ҳеҷ гоҳ ба ин амалҳои зишт ва ноҷо даст намезананд.

Махсусан дар мулоқот қайд шуд, ки ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои олии дунё таҳсил мекунанд, вале ҷавонон ва мардуми мо ҳанӯз ҳам дар фикри чӣ савоб асту чӣ убол, чӣ халол асту чӣ ҳаром, умраравӣ ва ҳоҷиошу ҳоҷиталбон банд ҳастанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва қадр намудани арзишҳои волои истиқлолият тарбия намоем. Роҳҳои асосии пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ин равияҳои номатлуб ин аст, ки ба тарбияи насли ҷавон эътибори хоса бояд дод, то ин ки соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гарданд ва дар оянда баҳри халқу миллат ва падару модари хеш хизмати содиқонаву софдилонаро иҷро карда тавонанд.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Дар давоми даҳсолаи охир ва махсусан аз нимаи дуюми асри ХХ терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Бахусус, аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чи ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар масоил терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо аҳли сайёраро ба ташвиш андохтааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як фарди баору номуси ҷомеа мебошад. Мо бояд ба ин роҳ надиҳем, ки иддае аз ҷавонони бемаърифату сустирода ҳастии худро зери хатар гузошта, волидайн ва наздикони хешро дар ҷомеа беобрӯ, шармсору сархам намоянд ба Ватану миллат хиёнат карда, обрӯву нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналхалқӣ паст намоянд. Имрӯзҳо иддаи зиёде ҳастанд, ки дар ин муборизаҳои сиёсӣ дини мубини исломро олуда карда, мехоҳанд мафкураи ҷавононро заҳролуд намоянд.

Ҳидояти Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он аст, ки исломро аз ин хатар нигоҳ доранд: "Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест".

Имрӯз Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милали Муттаҳид дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм қадамҳои устувор мегузорад. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон сиёсати Ҳукумату давлати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, нисбат ба терроризм ва экстремизм чун хатари бузурги аср муқовимат кунад.

Барои ҳар фард Ватан муҳаббатгоҳи ҷовидон аст. Ватан барои ҳама азизу муқаддас аст, зеро он дар паҳлӯи номи “модар”, “ҳаёт” ва “ишқ” навишта мешавад.

Дар интиҳои андешаи хеш бо боварӣ метавон қайд кард, ки хонандаи закӣ дарк мекунад, ки ақли солим бартарӣ меёбад. Зеро ҳар як ваҷаб хоки сарзамин барои ҳар як ҷавону фарди бонангу номус ва ватанпарвари тоҷик азиз аст.

Бойалӣ Ҳусенов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top