МУҲОКИМАИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ДАР РУМИНИЯ

Бинанда: 955 | Санаи нашр: 06 Март 2024

Аз 26 феврал то 7 марти соли 2024 дар Донишгоҳи Орадеаи Руминия (Universitatea din Oradea) дар доираи барномаи Эразмус+ КА107 вохӯрии намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур сурат гирифт.

Дар Донишгоҳи Орадеа намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Диловар Хоҷаев, Нурмуҳаммади Абдуллозода ва ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур профессор Юлиан Динка доир ба ҳамкориҳои судманди мутақобила мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат профессор Юлин Динка зикр намуд, ки яке стратегияи муҳимми Донишгоҳи Орадеа ин роҳандозӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷии донишгоҳ, аз ҷумла барномаҳои табодули академӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои шарик ба ҳисоб меравад. Донишгоҳи Орадеа яке аз донишгоҳҳои классикӣ дар Аврупо ба шумор рафта, дар шимолу ғарбии Руминия ҷойгир шудааст. Дар донишгоҳи мазкур 15 факултет, 123 самти таҳсил барои донишҷӯён ва 151 дараҷаи тахассусии баъдидипломӣ фаъолият менамояд, ки зиёда аз 19000 донишҷӯро дар тамоми самтҳои таҳсил дар бар мегирад. Донишгоҳ бо 214 муассисаи таҳсилоти олии касбии 31 кишвари ҷаҳон робитаи ҳамкориро барқарор намудааст.

Сипас, намояндагони донишгоҳ Диловар Хоҷаев ва Нурмуҳаммади Абдуллозода бо кормандони шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур ва бахши барномаи Эразмус+ оид ба барномаи табодули донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳадафи амалӣ намудани барномаҳои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ин баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни миллату фарҳангҳои гуногун ва тарбияи насли ҷавон мебошад.

Инчунин, дар доираи сафари мазкур оид ба лоиҳаи дурнамои рушди сайёҳӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд. Таъқид карда шуд, ки дар шароити имрӯза яке аз соҳаҳои афзалиятноки баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди самараноки соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Дар хотимаи мубодилаи афкор дар доираи барномаи Эразмус+ лоиҳаҳои навбатӣ оид ба рушди сайёҳӣ ва иқтисоди сабз дар шароити Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Орадеа ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top