ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶАҲОНИИ ҶАВОНОН 2024

Бинанда: 1085 | Санаи нашр: 07 Март 2024

Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон, ки ҷавонони тамоми ҷаҳонро муттаҳид кардааст, аз 1 то 7 марти соли 2024 дар минтақаи “Сириус” (Парки олимпӣ) -и шаҳри Сочии Федератсияи Русия идома дорад. Боиси хушнуди аст, ки аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳомидов Абдуалим ширкати фаъолона дорад.

Дар чорабинӣ ҷавонони мамлакатҳои гуногун зимни тамошо аз гӯшаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба ҳунару анъанаҳои мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали байналмилалии ҷавонон аз Тоҷикистон 275 нафар мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногун, кормандони вазорату идораҳо, дипломатҳо, соҳибкорон, ходимони илму маориф, варзишгарон, масъулини мақомоти маҳаллӣ, намояндагони ВАО, волонтёрон ва намояндагони ҷавони дигар қишрҳои фаъоли ҷамъиятӣ аз 18 то 35-сола иштирок карда истодаанд. Барномаи фестивал дар атрофи маҷмӯи арзишҳои умумибашарии инсонӣ сохта шудааст. Он на танҳо мубоҳисаҳо ва лексияҳои коршиносони маъруф, балки барномаи намоишӣ, табодули фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, тренингҳои муштарак, чорабиниҳои волонтёрӣ ва дигар шаклҳои интерактивиро дар бар мегирад. Зимни намоиши дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳомидов Абдуалим низ аз ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо якқатор намояндагони муассисаҳои олии касбии иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҷавонон силсила сӯҳбатҳо ороста, мубодилаи афкор анҷом дод. Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ҳамчун, муколама ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ, сарфи назар аз миллатҳо, ақидаҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои фарҳангӣ маънидод гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top