ОЙИНУ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ

Бинанда: 535 | Санаи нашр: 15 Март 2024

Наврӯз ҷашни қадимтарини мардуми ориёинажод буда, тору пуди тамоми пайвандҳои моддиву маънавии аҷдоди деринсоли моро то ба имрӯз танида, пуле байни муосирину гузаштаи дури мардуми тоҷик сохта, тавассути таҷлили ин иди фархундапай расму суннатҳои деринаи аҷдодонамонро ҳамҷун пораи фарҳанги мардуми тоҷик аз насл ба насл мерасонем.

Омӯзондани таърихи Наврӯзи Аҷам дар заминаи осори ниёгон ва ойину суннатҳои наврӯзӣ хеле манфиатовар буда, суннатҳои деринаи он фарогири ҳисси ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ, ҷавонмардӣ, маърифатнокӣ, меҳру муҳаббати беандоза ба осори пурғановати ниёгон, ба расму ойини миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.

Ойину суннатҳои наврӯзӣ таърихи куҳан доранд, ки яке аз ин ойинҳо гулгардонӣ мебошад.

Гулгардонӣ ҳамчун суннати фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, таърихи хело қадима дорад. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз гузашта то имрӯз бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос гузаронида мешавад.

Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқиҳои гулдузии худро аз ҳадяҳои наврӯзӣ пур мекарданд. Он рӯз рӯзи шодмонии тамоми мардум буд. Калонсолон бо меҳру ихлоси зиёд гули наврӯзиро бӯсида ба рӯю абрӯ мемолиданд ва гуфтае низ дар байни мардум мисли «Сад шукри Офаридгор, ки ба баҳори нав расидем» маъмул буд.

Ободонӣ ва тозагӣ низ аз ойинҳои муҳими Наврӯз аст, ки аз хонаводаҳо оғоз мегардад. Хонабаророн унвон гирифтани ин ойин ба Наврӯз марбут аст. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯзи фархундапай тамоми лавозимоти манзилашон, курпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда офтоб дода метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда хушбуй мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву бахту иқболи нав аст.

Ҳанӯз аз рӯзгори пешиниён маълум аст, ки маросими «Дарахти Наврӯз» дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор карда мешуд. Мардум пеш аз он ки ба наврӯзгоҳ биёянд белу каланд гирифта ниҳол мешинонданд ва ин маросим чанд рӯз идома меёфт. Имрӯз низ ин анъана идома дорад.

Хонабуророн ойини дигари Наврӯз аст, ки мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯзи фархундапай тамоми лавозимоти манзилашонро, курпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда офтоб дода метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда хушбуй мекунанд, дар хона ягон чизи ношушта намемонанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву бахту иқболи нав аст.

Миллати соҳибфарҳанги тоҷик дар баробари дигар дастовардҳои фарҳангии хеш Наврӯзро низ тавонист аз чанголи бераҳми тақдир берун орад. Дурандешӣ ва заковати баланди аҷдодони тоҷикон буд, ки як ҷашни азалӣ ва аҷдодии хешро дар дохили дин аз нав эҳё карда, дар арсаи ҷаҳон шуҳратёр гардад.

Муборак доштани Наврӯз ва таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон, ба баҳори нав, баҳри ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёниямон ҳаст, бо қадамҳои устувору бунёдкор, бо азму иродаи нав, қадам ниҳода, дар гул-гулшукуфии кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Ҷамила Ғафурова, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top