ҲОЛАТ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАҲКИМБАХШИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН БО СОИРИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бинанда: 434 | Санаи нашр: 13 Март 2024

Ҷумҳурии Тоҷикиситон бо азму иродаи қавӣ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ бо шарикони стратегӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, имиҷи сиёсӣ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд. Маҳз сиёсати хориҷии бомуваффақона ва «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳон боис гардид, ки бо сарварӣ ва сиёсатҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳо густариш ёфта, имрӯз яке аз омили муҳимми суботи сиёсӣ дар минтақа дониста мешавад.

Воқеан ҳам, мунтазам дар ҳошияи сафарҳои расмии намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳо баррасӣ гардида, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тиҷорату иқтисод маҷрои нав мегиранд. Бахусус, сафарҳои сарони кишварҳо ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба заминагузор мебошад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳон назари нек дошта, афзалиятҳо ва дурнамои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро таконбахши рушд медонад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа диққати хос дода, дар самтҳои гуногун заминаро барои ҳамкорӣ фароҳам овардааст. Имрӯзҳо бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва ниҳоят пайомадҳои тағйирёбии иқлим боис мегардад, ки ҳамкориҳои кишварҳо дар раванди ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Қобили қайд аст, ки дар ҳама самтҳо тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ буда, омили муҳимми сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад. Дар ин росто, барои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти ҷиддӣ ва вазъи мураккаби иқтисоду бозор дар минтақа ва ҷаҳон ҳамеша масъалаи муҳимму ҳалталаб дониста шуда, дар ҳошияи сафарҳои дуҷониба муҳимтарин иқдомҳо гирифта мешаванд. Албатта, имрӯзҳо вобаста ба авлавиятҳои ҷонибҳо дар сатҳҳои гуногун самараи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобиланд судманд бараъло мушоҳида карда мешавад. Бо дарназардошти ин, ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян буда, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар самтҳои гуногун дар бар мегирад. Аз ин рӯ, имкониятҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика ва логистика фаровон буда, ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, санадҳои гуногун миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд, ки бештар хусусияти сиёсию иқтисодӣ доранд.

Зимнан, ҳолат ва дурнамои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи густариш ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд омода буда, бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои сармоягузории Ӯзбекистон ҷиҳати афзоиши гардиши мол ва пешбурди лоиҳаҳои ояндадор диққати махсус медиҳад. Бо дарназардошти ин, дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ӯзбекистон ҳамчун шарикии стартегӣ ва ҳамҷаворӣ ҳимояи манфиатҳои муштараки минтақавӣ замина гузошта, бо вусъат ёфтани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ   гардиши молу маҳсулот беш аз пеш афзоиш ёфт. Масалан, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2023-юм 504,4 млн. долларро ташкил намуд, ки ин рақам дар соли 2000-ум ба 283,4 млн. доллар баробар буда, 1,8 баробар афзудааст. Ҳамзамон, ба андозаи 151 млн. доллар молу маҳсулот содир шуда, ин миқдор дар соли 2000-ум ба 97,8 млн. доллар баробар буд. Ин рақам дар қиёс ба соли 2000-ум 1,5 баробар зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки дар баробари содироти маҳсулоти лозимӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештари молу маҳсулот низ ба кишвари мо ворид гардида, соли 2023-юм 353,5 млн. долларро ташкил намуд, ки ин рақам дар соли 2000-ум ба 185,6 млн. доллар баробар буд.  Ин рақам дар қиёс ба соли 2000-ум 1,9 баробар зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, дар руҳияи ҳамкории баробарнафъи минтақавӣ гардиши савдои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2023-юм 1 млрд. 148,7 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин рақам дар соли 2000-ум ба 88,1 млн. доллар баробар буда, нисбати соли 2000-ум 13 баробар зиёд мебошад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба андозаи 255,8 млн. доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки ин рақам соли 2000-ум 5,7 млн. долларро ташкил менамуд. Яъне дар қиёс ба соли 2000-ум 45 баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон, воридоти молу маҳсулот аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ дар соли 2023-юм 892,9 млн. долларро ташкил намуда, ин рақам дар соли 2000-ум ба 82,4 млн. доллар баробар буда, яъне нисбати соли 2000-ум 10,8 баробар зиёд шудааст.

Дарвоқеъ, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум роҳбарияти олии ду кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, масъалаи густариши ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ ва бештари гардиши мол муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар фазои якдигарфаҳмӣ роҳандозӣ гардида, гардиши савдои хориҷии ду кишвар соли 2023-юм ба 42 млн. доллар расонида шуд, ки ин рақам дар соли 2000-ум ба 34 млн. баробар буд. Дар ин давра, 23,5 дарсад афзудааст. Соли 2023-юм содироти  молу маҳсулот 1,1 млн. доллар ва воридоти молу маҳсулоти лозима аз ин кишвар 41 млн. долларро ташкил менамояд.

Ниҳоят, ҷамъи содирот бо кишварҳои болозикр, дар соли 2023-юм 407,9 млн. долларро ташкил намуд, ки ин рақам дар соли 2000-ум ба 108,2 млн. доллар баробар буда, дар ин давра 3,8 баробар зиёд гардидааст. Дар ин росто, ҷамъи воридот аз кишварҳои болозикр дар соли 2023-юм 1 млрд. 287,4 млн долларро ташкил намуд, ки ин рақам дар соли 2000-ум 297,3 млн. долларро ташкил намуд. Яъне, ки дар қиёс 4,3 баробар афзудааст.

Бо дарназардошти авлавиятҳо ва тақвияти ҳамкориҳои судманди кишварҳои минтақа, рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои ояндадор мувофиқи мақсад мешуморем:

  • тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷалби сармояи ширкатҳои минтақавӣ;
  • вобаста ба самтҳои афзалиятнок табодули таҷриба ва таъсиси бештари корхонаҳои муштарак;
  • дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба;
  • татбиқи лоиҳаҳои сабз дар самтҳои гуногун ва ғайра.

Ҳамин тавр, ҳамгироии созанда ба манфиати кишварҳои минтақавӣ буда, дар ҳалли мушкилот бар пояи эҳтироми ду ҷониб ва дарки воқеии манфиатҳо амалӣ карда мешавад. Рақамҳои дарҷгардида бешубҳа, баёнгари он аст, ки фазои мусоиди сармоягузории кишвар ва тавсеаи ҳамкорӣ дар амалишавии лоиҳаҳо ва расидан ба ҳадафҳои стратегии ду ҷониб судманд хоҳад буд. Бинобар ин, Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамеша дар руҳияи созанда ҳамкориҳои беғаразу дӯстонаро идома медиҳад.

 

 Ораз Муртазозода,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top