Табрикоти Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бинанда: 282 | Санаи нашр: 08 Май 2024

Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар арафаи 79-умин солгарди он мо қарор дорем, самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбӣ таманно менамоям.

             Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст.

Таърих гувоҳ аст, ки субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Онҳо ҷанги барқосоро пеша намуда, мехостанд, ки дар муддати ду моҳ қӯшунҳои Шӯравиро шикаст дода, сарзамин ва мардуми онро  зери итоати худ қарор диҳанд, вале муттаҳидӣ ва дӯстиву бародарии халқияту миллатҳои давлати Шӯравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод. Маҳз дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамзистӣ, сидқан дӯст доштани Ватану ватандорӣ ва қадру арзиши зиёд доштани сулҳу субот буд, ки урдуи тавонои гитлерӣ шикаст хӯрда, ғалабаи комил ва саросарӣ ба мо муяссар гардид.

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар он мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 27 миллион нафар фарзандони ватандӯсти хешро аз даст дод, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум фаромӯш намегардад.

Дар ин ҷанг аз Тоҷикистони азизи мо, ки  теъдоди аҳолиаш соли 1941 ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар мерасид, 300 ҳазор нафар иштирок доштанд, ки мутаасифона 92 ҳазори он аз майдони ҷанг бар нагашт.

Ҳазорҳо нафар ҷавонписарону духтарон ва калонсолон аризаи ихтиёран ба ҷанг рафтанро навишта буданд. Танҳо соли 1941-ум 10 ҳазор кас ихтиёран ба фронт рафта, шуҷоату корнамоиҳои бемисл нишон доданд.

Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони Тоҷикистон дар бисёр муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд ва корнамоиҳои бемисл нишон доданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, аз ҷумла 68 нафар ба гирифтани унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 21 нафар ба се ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.

             Ҳозирини арҷманд

Бояд гуфт, ки омӯзиши садоқату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо барои наврасону ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан намунаи ибрат ва дастури зиндагист. Ҷанги Бузурги Ватанӣ  бори дигар дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқҳоро нишон дода, ба насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, талошу ҷоннисориҳо баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳимоят аз марзу буми кишварро омӯзонд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд:

“Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад”.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нисбаташон пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ, бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.

Саодатманду сарбаланд бошед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top