НАТИҶАГИРӢ АЗ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 425 | Санаи нашр: 02 Май 2024

Салом алейкум!

Меҳмонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону шогирдони гиромӣ!

Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик рӯзҳои 15-20 апрелро ҳамчун “Ҳафтаи илм” эълон намуд.

Дар доираи ҳафтаи илм баргузории конференсияи илмию назариявии ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ, озмуну маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки амалӣ гардиданд.

Боиси хурсандӣ аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони донишгоҳ 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд ва 4 нафари дигар бо Қарори КОА назди Президенти ҶТ дараҷаи номзади илмҳои иқтисодиро соҳиб гардиданд инчунин 1 нафар бо қарори КОА назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия сазовор дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гадид. Боз 3 нафари дигар дар нимсолаи соли ҷорӣ рӯзҳои ҳимояи рисолаҳои номзадииашон амиқ гаштааст. Ҳоло дар донишгоҳ 26 маҳфили илмӣ ва 3 ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият менамояд, ки зиёда аз 500 нафар донишҷӯро фаро гирифтааст.

Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки аз 13 бахш иборат аст, 170 мақолаи омӯзгорону профессорон ва олимон ва 268 маърӯзаи донишҷӯён ба нақша гирифта шуда буд, ки дар умум 438 маърӯзаро дарбар мегирад.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳафтаи илм аз 15 то 20 апрели соли 2024 давом карда, дар ин муҳлат баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ, аз қабили семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, форуми илмӣ – амалии байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ, конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ, конфронси омӯзгорону донишҷӯён, дарси кушоди байналмилалӣ, силсиладарсҳои онлайнӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, пешдифои рисолаи докторӣ ва номзадӣ ба нақша гирфита шуда буд.

Дар моҳи апрели соли 2024 бахшида ба Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ чунин чорабиниҳои илмӣ баргузор шуданд:

4 семинар ва мизи мудаввари илмӣ;

2 силсила семинарҳои ройгони онлайнии байналмилалӣ дар доираи лоиҳаҳои Донишгоҳ CirculEc - иқтисодиёти даврӣ;

1 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши омӯзиши забонҳо (русӣ ва англисӣ) дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ”;

1 форуми илмӣ – амалии байналмилалӣ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Руссия

4 Силсиладарсҳои онлайнии байналмилалӣ бо Донишгоҳи инноватсионӣ- технологии Қазоқистони ғарбӣ (ДИТҚҒ);

13 бахши конфронси илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);

13 бахши конфронси илмии омӯзгорон (вобаста ба кафедраҳо);

Омода ва ба нашр пешниҳод намудани 1 маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ;

26 маҳфили илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);

Магистранти сол гардидани Бобохониён Довуд Маҳмадраҷаб - магистранти курси 1 - уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, дар номинатсияи магистранти сол дар Озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол ", ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд;

Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон гардидани Сафаров Усмон Шахобиддинович - унвонҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши фанҳои иқтисодӣ, номинатсияи “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон дар Озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон", ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд;

Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон гардидани Саидова Манижа Ҷамшедовна - донишҷӯйи курси 4 - уми ихтисоси 230101 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ, дар бахши фанҳои ҳуқуқшиносӣ, номинатсияи “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон дар Озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон", ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд;

Дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни макроиқтисод сазовори ҷойи III (сеюм) гардидани Бебекин Алексей Андреевич - донишҷӯйи курси 3 - юми ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, ки дар Донишкадаи давлатии иқтисоди Туркманистон тариқи онлайн баргузор гардид.

Ташкил намудани вохӯрӣ бахшида ба “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week);

Ташкил ва баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявӣ;

Бо қарори КОА назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия сазовор гардидани Холаҳмади Сайалӣ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ;

1 семинари илмии байналмилалӣ бо иштироки профессор Эдуард Омаров - директори “Мактаби байналмилалии соҳибкории Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия;

185 мақолаи илмӣ барои нашр дар маҷмӯаи илмии омӯзгорони Донишгоҳ тавсия дода шуд;

Пешдифои рисолаи докторӣ ва номзадӣ 2 нафар бонувони Донишгоҳ (Раҷабова Н.Р., Муродова М.И.);

Нашри Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон № 1(51) 2024;

Муҳокимаи 268 маърӯзи донишҷӯён дар конфронси илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);

Ширкати намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар оғози лоиҳаи нав “Лоиҳаи «CirculEC»” дар донишгоҳҳои Билефилди Германия, Сантяго де Компостелои Испания ва Неаполи Италия;

Бозтоби Ҳафтаи илм дар телевизион, сомонаи донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоии саҳифаи расмии ДДТТ дар фейсбук, ютуб ва телеграм.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top