Чаро ДДТТ

Миссияи донишгоҳ

Миссияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – рушди технологияҳои инноватсионии таълим дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ташаккули тафаккури эҷодӣ ва салоҳияти касбӣ, ҳифз ва афзун намудани арзишҳои иҷтимоию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ дар асоси ҳамгироии таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ.

 

ДДТТ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нахустин шуда, соли 2005 ба низоми кредитии таҳсилот гузашт.

ДДТТ бакалаврҳо, магистрҳо ва докторҳои PhD-ро аз рӯи низоми бисёрзинагии таҳсилот, ки дар аксари давлатҳои ҷаҳон пазируфта шудааст, омода мекунад.            

ДДТТ яке аз муассисаҳои олии пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи 34 ихтисос дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат мутахассис омода мекунад.

Дар ДДТТ имконияту шароити  мусоид  дар истифодаи босамари технологияҳои муосир, дар раванди таълим, гузаронидани тадқиқотхои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ вуҷуд дорад ва раёсати донишгоҳ нахустин бор дар кишвар низоми таҳсилоти фосилавиро мавриди амал қарор дод.

ДДТТ дар байни муассисаҳои олии касбии кишвар нахустин шуда, соли 2012 аккредитатсияи байналмилаии барномаи таълимии 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ (бакалавр) ва соли 2019 барномаҳои таълимии 250104 – молия ва қарз (бакалавр, магистр), 250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ (бакалавр, магистр), 250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо (бакалавр) ва 240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ (бакалавр) соҳиби шаҳодатнома гардид.   

Таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шаклҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ гузаронида мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top