Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим

Бо мақсади сари вақт ва бомуваффақият амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2007 “Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф” ва фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2007 дар заминаи шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2020 шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим таъсис дода шуд.

Шуъбаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ташкил карда шуда, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи идоракунии сифати таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.12.2020, №1/2), фармоишҳои ректори донишгоҳ, Оинномаи донишгоҳ, дастуру супоришҳои раёсати таълим, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ, нақша - чорабиниҳои солонаи шуъба ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифро, ки ба танзим медарорад, ба роҳ мондааст.

Роҳбарии бевоситаи шуъбаро мудири шуъба амалӣ намуда, мустақиман ба раёсати таълим, инчунин ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ҳисоботдиҳанда мебошад.

Аз моҳи июни соли 2022 роҳбарии шуъбаро номзади илмҳои иқтисодӣ, Урунова Сарвиноз Азизовна ба зимма дорад

Дар шуъба мутахассисони зерин кору фаъолият менамояд:

  1. Мирзон Некрўз Мирзон- номзади илмҳои иқтисодӣ, мутахассиси шуъба;
  2. Ҳоҷибибӣ Гуломова, мутахассиси шуъба;

Ҳадафи асосии фаъолияти шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим таъмин намудани татбиқи стратегияи рушди ДДТТ ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсад, шуъба вазифаҳои зеринро роҳандозӣ намудааст:

  • муҳайё намудани заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методӣ барои таъмини мониторинги назорати сифат оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар донишгоҳ;
  • таҳия ва истифодаи усулҳои муосири назорат ва таҳлили сифати таълим;
  • назорати гузаронидани холҳо ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгор дар журнали электронӣ тавассути барномаи компютерии ALFA-Ехpress;
  • назорати фаъолияти кафедраҳо оид ба таҳия ва мувофиқат намудани барномаҳои кории фан (силлабус)-ҳо дар асоси нақшаи таълим  ва талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ;
  • алоқамандии мазмуни назариявии лексия бо амалияи ҳаёти иқтисодии мамлакат, алоқамандии лексия бо соҳаи касбии мутахассиси оянда, дараҷаи навоварии лексия, истифодаи адабиёти навтарин ва маводҳои матбуоти даврӣ дар лексия, аз ҷиҳати назариявӣ асоснок будани лексия, инъикоси проблемаҳои муҳимтарин, мантиқан дуруст гузошта шудани саволҳо дар лексия, хусусияти тарбиявии лексия, маданияти нутқи омўзгор, тарзи баён, саҳеҳ ва бурро будани нутқи омўзгор ва ѓайра;
  • баҳодиҳии ҳолати низоми таҳсилот дар донишгоҳ ва дигаргуниҳои дар он бавуҷудоянда;
  • ташхиси раванди самаранокии таълим дар донишгоҳ ва омўзиши омилҳои ба сифати таҳсилот таъсиррасонанда;
  • таҳлили саволномаҳои тестӣ ва билетҳои имтиҳоноти давлатӣ, мувофиқат кардани онҳо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • тартиб додани саволнома барои таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машѓулиятҳои лексионӣ ва амалии омўзгорон;
  • таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машѓулиятҳои лексиониву амалии омўзгорон;
  • тавсия ва пешниҳоди методӣ ба омўзгорон барои баланд бардоштани сифати таълим;
  • таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати дарсҳои лексионӣ ва машѓулиятҳои амалии омўзгороне, ки ба вазифаҳои (омўзгор, омўзгори калон, дотсент, профессор) тавсия мешаванд;
  • пайваста омўхтани фикру ақидаи донишҷўён оид ба фанни таълимӣ ва ба инобат гирифтани фикру ақидаи онҳо дар фаъолияти минбаъдаи омўзгор, инчунин ташкили низоми таълим;
  • таҳлили дараҷаи азхудкунии фанҳо аз тарафи донишҷўён;
  • ташкилу омўзиши курсҳои педагогика, маҳорати омўзгорӣ ва равоншиносӣ барои омўзгорони ҷавон. Омўзонидани педагогҳо бо усулҳои навтарини таҳсилот. Объективӣ гардонидани баҳои дараҷаи азхудкунии маводҳои таълимӣ;
  • ба вуҷуд овардани базаи маълумот, аз ҷумла бо истифодаи шабакаи интернет, китобхонаи электронӣ, барои таъмини мониторинги сифати таълим;
  • санҷиши ҳуҷҷат ва маводҳои сифати таҳсилот дар кафедраҳои донишгоҳ;
  • омўхтани фикру ақидаҳои омўзгорон оид ба истифодаи усулҳои муосири гузаронидани машѓулиятҳо барои баланд бардоштани сифати таълим;
  • иштирок дар аттестатсияи касбии омўзгорони донишгоҳ;
  • таҳлили саволномаҳои тестӣ барои донишҷўёни рўзона ва таҳсилоти фосилавӣ дар заминаи барномаҳои ALFA Ехрress (http://alfa.tguk.tj) ва таҳсилоти фосилавӣ (www.sdo.tguk.tj), мувофиқат намудани онҳо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top