Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳар сол аз 21 – уми март оғоз меёбад, самимона табрику таҳният мегӯяд ва ба онҳо дар aйёми хуррамию рӯшноӣ ва фараҳмандию боландагӣ аз самими қалб тандурустию хонаободӣ, дӯстию бародарӣ, некбахтию шукуфоӣ ва барору комёбӣ орзу менамояд.

Асосӣ Хабарҳо Таҳлили соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020

Таҳлили соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020

Дар ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои олимон, ки 10 – уми январи соли равон дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандони донишгоҳ доир гардид, ҳисоботи ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 шунида шуд.

Тавре ки аз ҳисобот маълум гардид, коллективи донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, солро бо натиҷаҳои хурсандибахш ҷамъбаст намуд. Раёсат ва шӯрои олимони донишгоҳ дар соли гузашта рисолати худро дар самти рушди технологияи инноватсионии таълим дар соҳаи иқтисод ва идоракунӣ, ташаккули тафаккури эҷодӣ ва салоҳияти касбӣ, ҳифз ва афзун намудани арзишҳои иҷтимоию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ дар асоси ҳамгироии таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд.

 

Ба мақсади воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ, яъне 4 барномаи бакалавриат ва 2 барномаи магистрӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои муҳимтарини соли 2019 ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ дар соли 2019 мавқеашро дар байни беш аз 30 мактаби олии кишвар дар зинаи 5 – ум нигоҳ дошт. Дар ин сол 13 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд, ки ин нисбат ба соли 2018 зиёд аст.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ дар соли 2019 хеле хуб ба роҳ монда шуда, робитаҳо бо макотиби олии дохилию хориҷи кишвар ба таври судманд тавсеа ёфта истодаанд. Дар ин сол шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 150 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 бештар аст.

Заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ низ бисёр хуб аст. Имрӯз тамоми шароит барои таълиму тарбияи донишҷӯён муҳайё гардидааст.

Ҳамидуллохон Фақеров аз хусуси баъзе камбудиҳои ҷузъие, ки аз ҷониби гурӯҳи кории аккредитатсияи байналмилалӣ баён гардиданд, инчунин, ҳалли баъзе проблемаҳои ҷойдоштаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, иштироки донишҷӯён дар олимпиада, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ҳарф зада, баҳри ислоҳи онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, вазифаҳоро барои соли 2020 муайян намуд ва бо боварӣ иброз дошт, ки коллективи омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар соли 2020 низ баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, алалхусус, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, тамоми кӯшишу ғайраташонро ба харҷ дода, комёбиҳояшонро боз ҳам афзунтар мегардонанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа  

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Таҳлили соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020