ХУШХАБАР! ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАС ДАР РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Бинанда: 202 | Санаи нашр: 25 Апрел 2024

Санаи 24 апрели соли 2024 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи «Суруш» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Магистранти сол» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (РhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Боиси ифтихору сарфарозии аҳли устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ки дар озмуни мазкур 12 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзида, 4 нафар ба гирифтани ҷоизаҳои кумитаи тадорукот мушарраф гардиданд:

Бобохониён Довуд Маҳмадраҷаб - магистранти курси 1- уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, дар номинатсияи магистранти сол;

Ғайратов Тимуршо - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук (роҳбари илмии магистрант);

Сафаров Усмон Шахобиддинович - унвонҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар бахши фанҳои иқтисодӣ, номинатсияи “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон;

Саидова Манижа Ҷамшедовна - донишҷӯйи курси 4 - уми ихтисоси 23.0101 – ташкили робитаҳои байналмилалӣ, дар бахши фанҳои ҳуқуқшиносӣ, номинатсияи “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон.

Раёсат ва ҳайати устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявии «Магистранти сол» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»-ро бо дастоварди бузургашон самимона шодбош гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ муваффақиятҳои пайдарпайро таманно менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top