Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

 20 – уми феврали соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо кӯшиши мудири кафедраи забонҳо, номзади илми филологӣ Ҷамшед Гурезов ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ семинари илмӣ – амалӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, номзади илми филологӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ва омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

 Семинарро бо сухани муқаддимавӣ Акрамов Ф.М. оғоз намуда, суханро ба дотсенти кафедраи забонҳо Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур вогузор кард. Мавсуф бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва осори ӯ дар ҳифзи асолат ва рушди забони тоҷикӣ” суханронӣ намуда, нақш ва саҳми бузургу арзишманди эшонро дар рушду такомули забони адабии тоҷик таъкид кард.

Дар идомаи семинар Ҷамшед Гурезов дар мавзӯи “Мавқеи илму маърифат дар тамаддуни Шарқ” ибрози андеша намуда, зикр кард, ки мақсад аз илму маърифат тарбияи насли ояндасози кишвар, ба мардум суд расонидан, зиндагии шоиста ва ба Меҳан хидмат намудан аст.

Ҳамчунин, донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва фаъолияти бонкӣ Мадгиёҳ Одинаев, Файзимоҳ Қурбонова, Сабрина Ҷабборова ва Матлуба Асоева дар ситоиши забони шевою шоиронаи модарӣ ва меҳри модар порчаҳои шеърӣ қироат намуда, хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Дар фарҷоми семинар Файзалӣ Акрамов ба омӯзгорону донишҷӯён, ки дар гузаронидани ин ҳамоиши бошукӯҳ хидмат кардаанд, изҳори сипос намуд. 

    

Шуъбаи робита бо ҷомеа

       

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ