Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

День открытых дверей KIMEP 3 марта в ТГУК с 16:00 до 18:00.

Асосӣ News and Events Рӯзи кормандони соҳаи гумрук

Рӯзи кормандони соҳаи гумрук

Санаи 22-юми январи соли равон дар толори Шӯрои диссертатсионӣ конференсияи илмӣ-амалӣ ба хотири Рӯзи кормандони соҳаи гумрук бо иштироки и.в. ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. ва меҳмонони гиромӣ доир гардид.

Дар муқаддимаи ҳамоиши мазкур и.в. ректори донишгоҳ Толибов Қ.Қ. кормандони соҳаи гумрук, мутахассисону омӯзгорони ин соҳа ва меҳмононро ба хотири Рӯзи кормандони соҳаи гумрук шодбошу таҳният гуфт ва пас аз он, бо камоли мамнуният риштаи суханро ба доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. вогузор намуд.

Профессор Нидоев Н.Ф. дар мавзӯи «Нақши мақомоти гумрук дар рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таъмини бехатарии иқтисодӣ» суханронии бомазмуну пурмуҳтавое кард ва нақши мақомоти гумрукро дар рушди иқтисоди миллӣ муассиру боарзиш хонд.

Меҳмонони гиромии ин конференсияи илмӣ-амалӣ, проректори Донишкадаи молия ва иқтисод Қодиров Фирӯз ва декани факултети ҳисободорӣ ва омори ҳамин мактаби олӣ Насриддинов Ф.Б. перомуни кору фаъолияти мутахассисони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ба вежа, оид ба дастпарварони тахассуси гумруки ДДТТ, ки бо дониши комил ва фарҳангу хулқи неку писандида дар зинаҳои гуногуни хадамоти мазкур ба таври сазовору шоиста ифои вазифа мекунанд, изҳори андеша карданд.

Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Бӯриев Л. ва номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Алиев М. дар мавзӯъҳои «Хусусиятҳои содагардонӣ ва сарфа намудани вақт ҳангоми гузаронидани расмиёти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Раванди тарҳсозии хизматрасонӣ дар терминалҳои гумрукии логистикӣ» изҳори андешаҳои судманду созанда карданд.

Бахши дуюми конференсияи илмӣ-амалӣ, ки дар он омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва экспертизаи молҳо дотсент Ҳикматов С.И., дотсент Самиев Ф.Б., муаллими калон Холов М.Х., номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Раҷабова Н.Р. ва муаллими калон Ашӯров С.Н. бо маърӯзаҳои худ баромад карданд, бисёр ҳам хотирмону ҷолиб баргузор гардид.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events Рӯзи кормандони соҳаи гумрук