Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Донишҷȳёни мо дар Қазоқистон

     Рушди илму маориф, омȳзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва истифодаи самараноки технологияхои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 
       Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ ба ин самти муҳиму ояндадор таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, бо таълиму тадриси забонҳои хориҷӣ, истифодаи самарабахши технологияҳои инноватсионӣ, ба таври густурда ба роҳ мондани усулҳои таълими инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи муҳассилин ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир саҳми арзандаи худро дар ин соҳаи авлавиятноку стратегӣ мегузорад.

     Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо фаъолияти муфиду муассир дар ин ҷода барои татбиқи барномаи табодул бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупою Осиё ва ИМА донишҷȳёни факултетҳои иқтисодиёт ва менеҷмент, тиҷорат ва гумрук, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ - Ахмедов Идибек, Шарипов Манучеҳр, Сафаралиев Ҷаҳонгир, Чақалов Умед, Мамадҷонов Авазҷон, Ғафоров Азизҷон, Ҳамдамов Шавқат, Тоиров Бахтовар ва Тоиров Раҷабалиро аз нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2016-2017 барои таҳсил ба Донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон фиристод.
      Донишҷȳёни мо зимни таҳсил дар ин донишгоҳ бо хониши хубу аъло, ахлоқу рафтори шоиста ва ширкати фаъолона дар чорабинию ҳамоишҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар байни донишҷȳёни кишварҳои гуногун мавқею мақоми арзандаро доро гардиданд.
       Масалан, дар моҳи марти соли равон, дар Донишгоҳи менеҷменти Алмаато Ҷашни байналмилалии Наврȳз аз ҷониби раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ бо шукȳҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.


      Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон ва сарони кишварҳои ҳавзаи Наврȳз ин ҷашни бостонию миллии тоҷикон мақому манзалати умумиҷаҳонӣ касб намуд, зеро Наврȳз ин ҷашни баробарию бародарӣ, меҳру муҳаббат, эҳёи инсону табиат, рȳшноию растагорӣ ва зебоию шодмонӣ аст.
     Дар ин ҷашнгириҳою сабқатҳои наврȳзӣ донишҷȳёни тоҷик бо намоиш додани либосҳою хȳрокҳои миллӣ, савту сурудҳои наврȳзӣ, ваҳдату дȳстӣ ва гуфтору рафтори нек дар байни донишҷȳёни кишварҳои гуногун, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил менамоянд, мақоми якумро ишғол намуданд ва Тоҷикистони азизро дар кишвари Қазоқистон бо таҳсили хубу аъло ва фарҳангу ҳунари воло гиромӣ доштанд.

шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ