
ДДТТ (82)
НБО «Роғун» аз ибтидо то ба имрўз ба мисли миллати тоҷик ҷафои бисёре дидааст, аммо дар назди душманиҳои дохиливу беруна қомат хам накард. Лоиҳаи НБО «Роғун» чандин санҷиши байналмилалиро паси сар намуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт. Агар бархе аз ҷоҳиливу нодонии худ нисбати ин тарҳ мухолифат доштанд, аммо бархе дигар ба ҳадафҳои сиёсӣ душмани ин сохтмони тақдирсози тоҷик ҳастанд. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ аз ҷумлаи яке аз душманони асосии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки ҳар як пешравии Тоҷикистон чашми дидан надорад. Агар чунин намебуд онҳо ба шодии мардуми тоҷик аз оғози фаъолияти чархаи аввалини НБО «Роғун» «сюрприз» намекарданд ва ин «туҳфаи идона»-и онҳо ташкили «ошўби маҳбусон» дар маҳбаси низомаш пурзўри рақами 3 буд.
Аслан он амали террористӣ аст, ки қаблан тарҳрезӣ шуда, барои паст кардани имиҷи Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар арсаи ҷаҳонӣ, бахусус дар арафаи баистифодадиҳии агрегати нахустини НБО «Роғун» равона гардида буд. Вале ҳангомасозон ва «ҳомиёни ҳуқуқ» ин ҳодисаро ошўби зиндониён ба муқобили шиканҷа ва бадрафторӣ баҳо медиҳанд. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзат ки ташкилкунандаи ин ҳодиса аст, худро бегуноҳ вонамуд намуда, даъвои адолат ва ҳақиқат менамояд.
Агар исёни маҳбусони маҳбаси рақами 3 талош барои ҳуқуқи инсон, мубориза аз барои ноадолатӣ ва шиканҷа нисбати маҳбусон мебуд, он дар арафаи ҷашни сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ё рўзи 6 ноябр амалӣ мешуд ва онро ҳамчун даъват ба эҳтироми ҳуқуқи маҳбусон фаҳмида мешуд. Вале чун ошўби маҳбусон баъд аз ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ин баёнгари он аст, ки ҳадафи асосии ташкилкунандагони он халалдор кардани имиҷи мусбати Тоҷикистон аст. Барои ТТЭ наҳзат пешравии Тоҷикистон як зарбаи мудҳиш аст ва аз ин рў, дар замоне ки ба Тоҷикистон журналистони хориҷӣ бештар меоянд, онҳо ин нақшаи худро амалӣ намудан хостанд.
Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои хориҷӣ дар асоси гузоришҳои нодурст ва маводи ғаразноки душманони миллати тоҷик ба ҳодисаи маҳбаси рақами 3 назар доранд ва ҷиноятро дуруст дарк накардаанд. Дар маҳбаси низомаш пурзўри рақами 3 асосан афроди мутаҳам ба терроризм ва экстремизм нигаҳдорӣ мешавад ва ҳоло маълум гардид, ки дар ташкили ин «ошўб» Кабирӣ ва сарпарастони он даст доранд.
Дар замоне ки таваҷҷуҳи давлатҳо ва ширкатҳои тиҷоратию саноатӣ ба сохтмони НБО «Роғун» бештар гардид, ин «ошўб»-и фармоишии наҳзатро ҳамчун як душмании навбатии он ба миллати тоҷик арзёбӣ кардан мумкин аст.
Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи нерўгоҳҳои рўди Вахш аз боло нӯҳум буда, давраи тайёрии сохтмони нерўгоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии садди он 335 м хоҳад шуд, ки он дар замони ҳозира дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин садди маснӯӣ маҳсуб мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбори нерўгоҳ 13,3 млрд. мукааб буда, иқтидори он 3600 МвТ, иборат аз 6 адад чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МвТ мебошад. Ин нерўгоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 6 млд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.
Ҳоло истеҳсолкунандаи асосии барқ дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обии Норак мебошад, ки он 40 сол боз фаъолият намуда, 70 фоизи барқи кишварро тавлид мекунад. Ба иртиботи истифодаи тӯлонӣ вақтҳои охир муаммои гилпур шудани обанбори Норак беш аз пеш шиддатнок гардидааст. Наҷоти ин мушкилот-сохтани нерўгоҳи барқи обии “Роғун” аст. Сохтмон ба анҷом расаду нерўгоҳ ба кор шурӯъ намояд, ба обанбори Норак оби кони рўдҳои Сурхобу Хингоб дохил мешаванд. Агар мо Роғунро насозем, пас аз 15-20 сол нерўгоҳи Норакро аз даст медиҳем. Масалан, зимистон нерўгоҳ бо оби шохоби дарё фаъолият намуда, ҳамагӣ 4 миллион киловатт соат барқ истеҳсол мекунаду халос.
Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Дар сохтмони НБО-и Роғун ташкилотҳову корхонаҳои хориҷӣ низ саҳми худро гузоштаанд, аз ҷумла, ширкати сохтмонии Ориёно, Умрон-Морун, Восточный горный компания, Чирке- гесстрой, Тарговый дом. НБО «Роғун» зеризаминӣ аст. Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, бо нақбҳо ҷорӣ шуда барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Нақбҳо асосан аз руйи таъиноташон ба обпарто ва ёрирасон ҷудо карда шудаанд. Аз солҳои 2000-ум cap карда дар ин иншооти бузурги аср корҳои геодезӣ бо истифодаи технологияи нави замонавӣ иҷро карда мешаванд.
Барои раванди кор дар минтақаҳои сохтмонӣ аз оғози корҳои лоиҳакашӣ то ба итмом расонидани фаъолияти иншоотҳои муҳандисӣ корҳои геодезӣ гузаронида мешаванд. Бояд тазаккур дод,ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон ва боистеъдод ниёз дорад. Мутахассисони соҳаи геодезия ва геоинформатика ниҳоят кам ҳастанд. ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур яке аз муассисаҳои таълимиест,ки мутахассисони соҳаи иншооти гидротехникӣ ва геодезияро омода менамояд, ки онҳо дар сохтмони ин иншооти аср саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар сохтмони нақбҳои мошингард ва обгузар ва конҳои сангу хок аз асбобҳои муосир замонавӣ ба монанди LEICA TS-06-02-09 ва SOKKIA истифода мебаранд. Ҳангоми корҳои нақбканӣ ва сохтмони дигар иншоотҳои зарурӣ, пеш аз ҳама корҳои назоратӣ ва тадқиқотии нуқтаҳои полигонометриро ба роҳ мондан лозим аст. Сатҳи рушди пешрафти илмӣ-техникӣ тағйиротҳои куллиро дар раванди технологӣ, иҷрои корҳои муҳандисӣ-геодезӣ ҳамчунин ба таври сифатнок иҷро намудани онҳоро бо пурра истифодашавии асбобҳои андозагирии ҳозиразамон (ба воситаи тахеометр ва тарозаҳои электронии ҳисобашон нисбатан дақиқ, далномер, сканерҳои лазерӣ, воситаҳои техникаи электронии ҳисоббарор ва ғайраҳо) талаб менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар НБО “Роғун” шабакаҳои зиёди геодезии триангулятсионӣ ва полигонометрӣ сохта шудааст. Маҷмӯи шабакаҳои дар иншооти НБО-и “Роғун” буёдшаванда аз нуқтаҳои триангулятсия ва полигонометрия иборат мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи истифодаи ин шабакаҳо дар муддати муайян мониторинг гузаронидан лозим. Ҳадаф аз чунин мониторинг ин муайян намудани координатаҳои дақиқи онҳо дар як системаи муайян мебошад. Шабакаҳои геодезии тадқиқшуда дар раванди
корҳои омузишӣ ва барқароркунӣ дар минтақаи сохтмонӣ илман асоснок шудааст. Пунктҳои геодезие, ки дар ҳудуди ин гуна иншоотҳои муҳандисӣ ҷойгир шудаанд дар давоми рӯз, ҳафта, моҳ ва солҳо пунктҳои геодезӣ зери таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода мешаванд.
Айни замон дар НБО “Роғун» корҳо бо як маром идома дорад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Бояд қайд кард, ки вобаста ба кори НБО “Роғун” оянда дар минтақа давлати мо ягона давлати тавлидгари нерӯи барқи дастрас боқӣ хоҳад монд.
Бахтовар Ғоибов-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар”
Абдусаттор Бобоев, Алим Шерзамонов, Илҳомҷон Ёқубов ва Шуҳрати Раҳматулло дар остонаи ба кор андохтани агрегати аввали НОБ-и Роғун бо ташкили як саҳнаи шармовар ва бадбӯй нишасти бебунёдашонро "мизи мудаввар" ном ниҳода, масъалаи исёни зиндони №3-и Хуҷандро, ки шаби 7 ноябр рух дод, "ҳаллу фасл" карданӣ шудаанд. Албатта, ҳадафи ин тиҳимағзон, ки яке аз дигарӣ бесаводтару ҷоҳилтар аст, ноором сохтани ҷомеа ва коҳиш додани обрӯву нуфузи ҳукумати кишвар асту бас. Аз ҷиҳати дигар, исёни сарзада дар зиндони низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо аслан маҳбусони ҷинояти вазнин содиркарда бо ҷурми қатли инсон, терроризм ва истифодаву фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд, кори дасти ТТЭ ҲНИ мебошад. Ин ташкилоти террористӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ борҳост, ки аз рӯи нақшаҳои ғаразноку пешакӣ тарҳрезишуда барои халалдор намудани оромиву суботи ҷомеаи Тоҷикистон ба амалҳои террористиву тахрибкорона даст мезананд, вале, хушбахтона, нақшаву барномаҳои ин ифротиёни наҳзатӣ аз тарафи мақомоти қудратии кишвар саривақт ошкору пешгирӣ карда мешавад.
Барои ташкили исён дар зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд бовар аст, ки Кабирии оқибатсӯхта аз буҷети охундҳояш маблағҳои бузургеро бо баҳонаи хароҷот ба ҷайби худ зада, баъд аз барбод рафтани нақшаи палидонааш, ки ҷони чандин зиндониро бо шумули ду зиндонбон қурбон кард, барои рӯйпӯш кардани ин амалиёти номуваффақаш нишасти байналхуконаеро бо истифода аз чор лӯхтаки болозикр ташкил кардааст, то ин ки таваҷҷуҳи хоҷагонашро ба ин саҳнаи беҳунаронаи театрикунонидашуда ҷалб намояд.
Он ки ин лӯхтакони нақшофар аз ҳалокати зиндониён зимни пахш намудани исён аз тарафи гурӯҳҳои зудамали мақомоти қудратӣ бо сад "дарду алам" (аслан фитнаву найранг) сухан меронанд, кас гумон мекунад, ки ҳамаашон назди кадом як муллои беҳунари фитнагар дарси каззобиву ҳиллагарӣ омӯхтаанд, аммо на бо маҳорати том. Чунки аслан ин бевиҷдонҳо, сар карда аз устодашон Мулло Муҳиддин Ал-Файзободӣ, ба мурдани падарҳошон кор надоранд, куҷо монад марги чанд зиндонии барои ҷомеа хатарзо! Агар (мабодо он рӯз!) марги анбуҳи одамони бегуноҳ ба манфиати ин нокасон анҷом ёбад, вобаста ба қазия лаб намекушоянд.
Аз рӯзе, ки чеҳраи аслии палидони наҳзатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ошкор гардида, "Ҳизби наҳзати ислом" аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон расман ташкилоти террористиву экстремистӣ ҳисобида шуд ва аъзоёни фаъоли ин гурӯҳи ифротӣ дастгиру зиндонӣ шуданд, роҳбари террористони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор кардааст ва чанд гумроҳу кӯтоҳбини дигарро мутеи худ сохта, пайваста бо бадномкунии миллату давлати тоҷикон машғул аст. Ин кӯрдили хиёнаткор ягон пешрафти халқу кишварро дидан наметавонад ва ҳар хабару муждаи ободиву бунёдкориҳои диёри тоҷикон ба гӯшаш мисли даъвати Ҳазрати Азроил ворид мешавад.
Матонату садоқату шуҷоати миллат барои созандагиву шукуфоии Тоҷикистон то абад қодир аст ва ҳамарӯза ба гӯши хоинони наҳзатӣ як мужда аз пешрафти ҷомеаи тоҷикон расонидан онҳоро бо пойи худашон ба маргу завол рӯбарӯ месозад.
Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод истиқлоли меҳан, хуҷаста бод Рӯзи рӯшноӣ, ҷовидон бод миллати тоҷик бо Сарвари бунёдкору ватансозаш!
Аслиддин Шарифов
таҳлилгар
Миллати тоҷик таърихи тӯлонӣ ва густурда дошта, куҳанбунёд аст. Вай дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст. Гузаштаи он аз қаъри ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад.
Тӯли таърих ба шебу фароз, муборизаҳои беамон, созандагиву бунёдкорӣ ва ба анвои давлатдорӣ дар марҳилаҳои мухталифи таърих рӯ ба рӯ гашта, аз он ҳама печу хами таърихӣ маҳз бо илму хирад ва фарҳанги созандаи хеш поку мубарро ва сарбаландона берун омадааст, ки омӯзиш ва нигариши он барои наслҳои ояндаи миллати тоҷик роҳнамои комил ва мояи таҷрибаву ибрат буда метавонад. Яъне, он танҳо барои маълумот ҳосил намудан нест. Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Бо вуҷуди ин, агар гӯем, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ чун дастоварди бузурги истиқлолият воқеаи азими дигареро шоҳид нагаштааст, шояд хато нашавад. Дарвоқеъ, истиқлолият неъмати бебаҳо, пурарзиш ва мояи ифтихору сарбаландии ҳар миллат мебошад, чунонки он ифтихори доимии мо - тоҷикон гардидааст. Акнун бештар аз 26 сол мешавад, ки тоҷикон истиқлолият доранд, яъне онҳо мустақиланд, ба давлатеву миллате дигар пойбанд нестанд, ҳуқуқи қабули қонунҳо доранд ва озоданд. Шукрона мегӯем, ки сари мо баланд аст, давлат дорем, дар ҷомеаҳои мухталиф сухан мегӯему андеша меронем ва дар кишвари худ осоишта ҳаёт ба сар мебарем.
Бояд гуфт, ки истиқлолият танҳо моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар раддаи давлатҳои мустақил озоду сарбаланд накард, балки дар ҳама соҳаҳову самтҳои давлат тараққиёту пешравиҳои назаррас ба вуҷуд овард. 26 сол, гарчанде бо қиёс ба умри одам муҳлати тӯлонӣ аст, аммо дар назди таърих лаҳзаеро мемонад. Дар ин муддат Тоҷикистон нав шуд, дигар шуд, қабои ҷадид ба сар кашид. Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлолият кам нестанд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад. Рушду устувории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҷамъият пурра таҳаввул намуда, дар ин самтҳо дигаргуниҳои ҳамаҷониба ба назар мерасанд. Олимону муҳаққиқони тоҷик, тақрибан, дар ҳама самтҳои илм дахл намудаанд ва мекунанд ва таҳқиқу пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд. Ҳамасола чандин рисолаҳои номзадиву докторӣ, мақолаҳову китобҳои алоҳида рӯи кор меоянд, ки ба ин ё он соҳаи илму маориф ва ё пажӯҳиши ҷанбаъҳои ҳаёти шахсиятҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Гарчанде вобаста ба арзишҳои даврони истиқлолият корҳо ба анҷом расидаанд, аммо, ба андешаи мо, ҳоло каманд. Мебоист, ки доир ба тараққиёти моддиву маънавӣ, дастовардҳову бунёдкориҳо ва корнамоиҳои даврони истиқлолият корҳои бузургтар анҷом ёбанд, мақолаҳову китобҳо таълиф гарданд ва пажӯҳишҳои ҳамаҷониба сурат бигиранд. Ин амал танҳо барои имрӯз нест, чун насли имрӯза шоҳиди воқеоти замон аст, худ медонад, гувоҳ аст. Аммо, он таҳқиқу баррасиҳо вобаста ба арзишҳои замони истиқлолият, бешубҳа, барои наслҳои минбаъда ва махсусан, таърихи миллати тоҷик басо муҳим ва зарурӣ мебошанд. Он таълифот ва пажӯҳишҳо дар муҳлати кӯтоҳ ба маводи таърихӣ табдил меёбанд ва барои наслҳои оянда ва дигар миллату ақвоми дунё гузаштаи миллати тоҷик ва кору пайкори абармардони онро чун оина дар пеши башар инъикос месозанд ва бозгӯ мекунанд.
Яке аз самтҳое, ки дар даврони истиқлолият тараққӣ ва такомул намуд ва то имрӯз дар радифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятнок боқӣ монда, идома дорад, фарҳанги куҳан ва ғановатманди миллати тоҷик мебошад. Бешубҳа, гуфта метавонем, ки ин тараққиёт ва таҳаввулоти назаррас дар соҳаи фарҳанг пурра ба даврони истиқлолияти кишвар ва сарварии Пешвои миллат марбут мебошанд, ки зикру баррасӣ, қадр намудан ва ба ин васила ташвиқу тарғиби он аз рисолату масъулияти олимону муҳаққиқон ва фарҳангпарварони Ватан ба шумор мераванд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Қадриддин ИСОЕВ,
муҳаққиқон
Мақолаи аъзои Шўрои миллии ҳуқуқии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тураев “Куштори қатли зиндонҳо аъзои ҲНИ мебошанд” хеле бо диққат мутолиа намудем ва чун огоҳ шудем, ки ҳатто дар зиндонҳо ҷонибдорони ҲНИ дар фикри хунрезӣ мебошанд, дар ҳайрат мондем, ки онҳое, ки дар ҳизбашон вожаи муқаддаси “ислом” ҷой дорад, бо ин амал онон магар ин дини мубинро бадном намекунанд. Мо тоҷикон бо фарҳанги бузурги аҷдодиамон ифтихор дорем, ки пешиниён ба мо чунин фарҳанги волоро ба мерос мондаанд, ки дар ҷавҳари он тамаддуни ориёӣ ва исломӣ маҳфуз аст. Вале ин гурӯҳҳои ҷинояткори ба ном исломӣ бо ин амалҳои зиддиисломию зиддиинсонию зиддитоҷикии худ насли имрӯзро бадном карда, ба ояндагон мефаҳмонанд, ки мо дар радифи одамони ваҳшӣасл мансуб ҳастем.
Бозор Собир- шоире, ки аз пайи афсонаҳои пешвоёни ҲНИ рафта, гумроҳ шуд, ба Шумо курдилон моҳияти Ватанро хеле равшан ва фаҳмо мафаҳмонад:
Агар мо дарду ғам дорем,
Ватан ҳам дарду ғам дорад…
Ватан хунест, к-он дар шаҳраги хунгарди мо ҷорист…
Ватан бо мост.
Шукри обу хоку оташаш, мо низ бо ӯем.
Дар олам хоми моро оташӣ ӯ метавонад пухт,
Дар олам хушки моро метавонад оби ӯ тар кард.
Ин шеъри шоирест, ки солҳои зиёд дар зери оҳангҳои ҷаллодонаи Шумо рақсида, оқибат дарк намуд, ки шумо номи исломро баҳри ҳдафҳои нопокатон истифода менамоед ва худро канор гирифта, ба Ватан баргашт.
Вале дар шоҳрагҳои Шумо заррае ҳам хуни инсонӣ вуҷуд надорад. Бо Шумо ҳарф задан айб не, балки гуноҳест азим. Бунёди НБО-и Роғун-ро ҷаҳон эътироф намуда, онро баландтарин нерӯгоҳи обию барқӣ шинохт ва минтақаи Осиёи Миёнаро метавонад дар иқтидори худ муттаҳид созад. Вале Шумо фарзандони ин диёр миллати моро хунрезу ҷиноятпеша муаррифӣ намудед. Шуморо Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар назар дошта, гуфтааст:
Мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст,
Зи кораш ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё тарҳи нави миллат бирезем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Дигар бо номи тоҷик худро муаррифӣ нанамоед, аз Шумо ва аъмоли Шумо инсоният дар андеша мондааст. Ҳайфи вожаи муқаддаси инсонӣ, ки Шумо онро ба худ нисбат медиҳед.
Ба ҳамагон маълум аст, ки барои аниқу дақик муайян намудани ҳар як қазия моҳҳо ва ҳатто солҳо лозим меояд. Бинобар ин дар ҳаллу фасли қазияҳо, махсусан қазияҳое, ки характери террористиву экстремистӣ ва зиддидавлатӣ доранд, саросема шудан ҳеҷ мумкин нест.
Дар шабакаҳои интернетӣ навиштаанд, ки санаи 4 ноябри соли равон аз тарафи кормандони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Ваҳдатро бо номи Суҳроб бо ҳаммаслаконаш дастгир намуданд, ки нияти тарконидани пойгоҳи низомии – 201-и Руссияро доштанд.
Дар мақола омадааст, ки авввал хабарнигорони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қазияро ьеасос ҳисобиду баъди як рўз иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат қасди тарконидани пойгоҳи низомии 201-и Руссия воқеият будааст ва дастгиршудагон, ки шумораашон ба 12 нафар мерасанд, инро пурра тасдиқ намуданд.
Бояд зикр кард, ки то факту далелҳои собиткунанда набошад, касеро гунаҳгор кардану нисбаташ ҷазо муайян намудан лозин ест ва ин нишонаи камтаҷрибагию саҳлангорист.
Баъди як рўзи пурсупос маълум гардид, ки дар ҳақиқат Суҳроб ва ҳаммаслаконаш бо маслиҳати пешакӣ қасди тарконидани ин пойгоҳи низомии Руссияро намудаанду вале ба мақсадҳои нопокашон нарасидаанд. Бояд иттилоъ дод, ки Суҳроб дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доштаасту далати Руссияро «зидди дин» эътироф карда, мехостааст аз онҳо интиқом гирад. Зеро дар Сурия Давлати Руссия бар зидди мусалмонҳо гўё мубориза мебурдааст.
Паст будани сатҳи дониши сиёсиву танг будани ҷаҳонибинии Суҳробу ҳаммаслаконаш онҳоро ба чунин ҷиноятҳои вазнин тела додааст. Агар ў ва ҳаммаслаконаш дониши хубу мукаммал ва маърифату ҷаҳонбинии баланд медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин корҳо даст намезаданд. Дар куҷо дини поку беолоиши Ислом инсонҳоро ба куштору қатл ҳидоят намудааст? Дини поки Ислом танҳо одобу ахлоқи ҳамида, дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигариро тарѓиб менамояду халос, зеро ба қавли Малоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Мо дар ин дунёи дурўза ҳама меҳмонем,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Наҳзатиҳо кишварҳои Аврупоро “хонаи очаашон” пиндоштаанд
Written by Cомона
Табиати инсонҳои аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.
Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард. Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири тоҷик арзёбӣ шудааст, он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.
Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.
Бино ба иттилои ин фоҳишасомона, қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...
Ҳарчанд масъулини фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.
Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки қисмати аъзами ба ном паноҳҷўён аслан ҷинояткору террористанд ва “ҳиҷрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсӣ надошту надорад. Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онҳо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.
Чанде қабл низ расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин ҳодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарҳ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Ҷолиб он аст, ки ин ҷавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...
Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноҳандаи сиёсӣ» аксар маврид нафарони ҷинояткор, амсоли аъзои ТТЭ ҲНИ пинҳон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки сиёсати духураро меҳвар қарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноҳҷўён, ба мисли роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҷинояткору террористанд.
Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди ҳаводиси чанд сол қабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чеҳраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ онҳо «думро хода карда», зери ин ниқоб мехоҳанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома диҳанд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки наҳзатиҳои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам қарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!
Алиҷон Сафаров
таҳлилгари масоили сиёсӣ
Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашида шудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кӯшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зиддиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд. Ҳамин аст, ки дар Аврупо ҳар рӯз як кумитае ё созмоне таъсис медиҳанд, ки бунёд ва решаву моҳияти ҳамаи онҳо наҳзатӣ ва наҳзатмаоб аст.
Бо ин роҳ мехоҳанд назди созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон нишон диҳанд, ки то чӣ андоза мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва норозиёни сиёсӣ зиёданд. Аммо ин амали тақаллубии онҳо дар ҳама ҷо аз офтоб равшантар аст.
Аз ин ҷост, ки талаботи масъулини ин гурӯҳ дар доираи хостҳои наҳзатӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати ҳамовозӣ пайдо кардан ба сатҳҳои дигари муҳоҷирӣ бароварда мешаванд.
Расонаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ чанд наҳзатии ҷинояткор ва хоинро ҳамчун мусичаи бегуноҳ унвон карда, онҳоро ба сифати зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд.
Гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳайронию воҳима надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад.
Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардааст ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Танҳо бахшидани ин нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, дар доираи қонуни авф имконпазир аст. Дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ва ҳукми додгоҳ адои ҷазоро анҷом диҳад.
Баъд аз огаҳӣ ёфтанамон аз вазъияти шаҳри Хоруғ, ки шаби 4-ум ба 5-уми ноябри соли ҷорӣ ба миён омадааст, беихтиёр байти Соиб вирди забон шуд, ки мегӯяд:
Ҳар кӣ по каҷ мениҳад, хуни дил мо мехӯрем,
Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.
Дар баробари оромиву осудагие, ки дар кишвар барқарор гардиду миллати тоҷик дар арафаи чорабинии муҳими сиёсиву иқтисодӣ – ба истифода додани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқии обии Роғун қарор доранд, амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи вилояти Бадахшонро бо саврарии Хурсанд Мазоров – яке аз лидерони ғайрирасимии ин вилоят чӣ гуна метавон хулосагирӣ кардҳ!
Воқеан ҳам, ба ҷуз хиёнат ва носипосӣ ба халқу миллат ва ношукрӣ чӣ ҳам метавон гуфт! Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд. Бо ин мақсад раҳбарони аввали вилоят иваз ва назорти қонунҳои амалкунанда аз ҷониби ситоди байниидоравии амният бештар гардид.
Ин амали хайру савоб ба гурӯҳе, ки корашон қоҷоқи ҳар гуна мавод, аз ҷумла мухаддир ва яроқу аслиҳа аст, писанд наафтод. Вагарна дар иттилои шабакаи маҷозӣ – интернетӣ сабт ёфта, ки «дар марзи Афғонистон ҳоло миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ ҷамъ шудааст ва посгоҳи мавҷуда як монеаи асосӣ дар роҳи кочоқи он ба шаҳри Хоруғ гардидаанд». Ба таъбири дигар, он носипосон намехоҳанд, ки ғуломи қонун бошанд. аз ин рӯ бо ҳар баҳона мехоҳанд аз рӯи мақоли «худам - шоҳу табъам - вазир» амал намоянд. Вале ба ин бехабарону ноогоҳон бояд бо мақол гуфт, ки Шумо, ҷанобон, тушбераро хом шуморидед! Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед!
Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омӯхтан, балки сарсониву оворагардӣ мекунанд. Ҷавонон, бояд донову огоҳ бошед, ки таърих собит сохтааст ва бузргони мо ин шаҳодати таърихро ба назм кашидаанд, ки омӯзанда аст:
Девори намкаш Наҳзатиҳои террорист кишварҳоиаврупорониз “хонаи очаашон” пиндоштаанд
Written by Cомона
Табиати инсонҳои аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.
Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард. Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири тоҷик арзёбӣ шудааст, он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.
Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.
Бино ба иттилои ин фоҳишасомона, қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...
Ҳарчанд масъулини фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.
Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки қисмати аъзами ба ном паноҳҷўён аслан ҷинояткору террористанд ва “ҳиҷрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсӣ надошту надорад. Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онҳо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.
Чанде қабл низ расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин ҳодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарҳ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Ҷолиб он аст, ки ин ҷавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...
Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноҳандаи сиёсӣ» аксар маврид нафарони ҷинояткор, амсоли аъзои ТТЭ ҲНИ пинҳон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки сиёсати духураро меҳвар қарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноҳҷўён, ба мисли роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҷинояткору террористанд.
Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди ҳаводиси чанд сол қабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чеҳраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ онҳо «думро хода карда», зери ин ниқоб мехоҳанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома диҳанд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки наҳзатиҳои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам қарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!
More...
ҶАВОНОН – НЕРӮИ ШИКАСТНОПАЗИР ДАР МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Written by CомонаЯке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ин терроризм мебошад. Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ расидан ба эътиқоди динии шахсони зудбовар таъсир расонида, онҳоро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдории ҷаҳони имрӯза бар зидди ақидаҳои динӣ амал мекунанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд аз аҳкоми дини мубини ислом истифода бурда, ба ҳадафҳои нопоки худ ноил гарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қурбони аксари ҷиноятҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсад ва сабаби пайдоиш ва афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои бартараф намудани он кӯшиш намоянд, то ба сулҳ, ваҳдат, амният ва зиндагии шоистаи кишвар халал ворид нанамоянд .
Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаро ташкил медиҳанд ва ҷавонон ба он дастёбӣ доранд, онҳоро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми нерӯи ақлонии худро дар оянда низ барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои ахир ва ба хотири ҳимоят аз ҳадафу ва манфиатҳои миллӣ дар тамоми кишварҳо бар муқобили ин падидаи номатлуб даст ба муборизаҳои беамон бурда ҷавононро зарур аст, ки дастаҷамона аз як гиребон сар бароварда, сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, барои решакан намудани тухми палиди ифротгароӣ камари ҳиммат банданд.
Ҳасанова Моҳира-мутахассис
Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлатдории муосири тоҷикон
Written by CомонаБоиси ифтихор аст, ки ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми шарафманди кишвар аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба хотири қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа, ниёз ба роҳбари хирадманду оқил, доною тавоно дорад. Ҳамчунин дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия меёбанд, кишваре, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор ва пойдор мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ фаро гирифта, озмоишҳои азим вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ, муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ, набудани волоияти қонун ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёти кишвар зарари калон расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки нақши шахсият муҳимтарин нукта дар мавҷуд будани худи шахсият аст, ки дорои чунин сифатҳои дар боло зикршуда мебошад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки кишварҳое дар даврони мушкилоташон ё ҷангу кашмакашиҳо бо надоштани роҳбари доною шуҷоъ раҳгумзадаанд, то кунун дар гирдоби ҷанганд ё тамоман ба нобудӣ расидаанд. Аз ин нуқтаи назар, дар печидатарину ҳассостарин лаҳзае аз таърихи давлатдории тоҷик ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти хоссест. Зеро бо шарофати хиради азалӣ, бебокии сиёсӣ, иродаи матин, вижагиҳои ахлоқӣ ва истеъдоди фардии ӯ Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ
расидан раҳо гашт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид.
Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки бо пешниҳодҳои ҷолиб ва таҷрибаи кории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳмгузор аст. Аз ҷумла иқдоми дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби об ва қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин омӯзиши сулҳу ваҳдати тоҷикон ва истифодаи ин таҷриба дар кишварҳои ҷангзада ва пешниҳоду ҳушдории ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҳамчун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Имсол низ таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодашавии чархи аввали НБО Роғун рост омада, яке аз ҳадафҳои стратегияи давлатӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ амалӣ гардид. Ҳиммати волои Пешвои миллат ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик буд, ки ин лоиҳа ба ҳақиқат табдил ёфта, Тоҷикистон ба маъвои нур мубаддал гардидааст. Бо бунёди ин неругоҳи пуриқтидор мо ба ҷаҳониён пайғоме аз нуру равшанӣ дода, ҳамватанони худро ба раҳоӣ аз асорати торикию бебарқӣ башорат медиҳем ва ҳамсоягони худро мутмаин месозем, ки дар ояндаи наздик мо минтақаро бо неруи барқи сабзи арзон таъмин хоњем намуд.
Шукрулло Хайрзода-Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод”ҲХДТ дар ноҳияи Сино
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСГУЗОРИ САТРИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН!
Written by CомонаМавриди зикри хос аст, ки истиқлолияти давлатӣ, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар солҳои охири асри бистум насиб гардид, пас аз ҳазору сад соли давлати Сомониён як қатор бархўрду душвориҳоро пешорўи кишвари мо гузошт. Дар чунин лаҳзаҳои нобасомон ва авҷи ноумедиҳо Ичлосияи таърихӣ ва тақдирсоз 16 - уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он шахси бузургу матинирода ва раҳнамои миллати тоҷик муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави кишвар интихоб гардид. Аз рўзҳои аввали сарвариаш ба хотири гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо, барпо кардани сулҳу салоҳ ва осоиштагии мардум гунаҳкоронро бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 23 рўзи савганди таърихиаш моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман барои ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азиаткашидаам бовар дорам»
Пешвои миллат на танҳо ба ин қасамаш содиқ буд, балки барои иҷрои он фидокорона кўшиш ба харҷ дод, Ў вазифаи муқаддаси худро хеҷгоҳ фаромўш насохт. Ў ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рўҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сўхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месўхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба Шумо кўҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пораи ноне, ки дорем бо ҳам мехўрем» Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллон гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷои зисти аввала баргардонида шуд, 36 000 хонаи пурра ва ё қисман харобгашта, дар як муддати кўтоҳ пурра барқарор гардид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 90-уми қарни XX саросари кишварро бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, ҳокимияти давлатӣ ва шохаҳои он фалаҷ гашта буд. Ҷумҳуриро хавфи парокандагӣ ва аз байн рафтани миллат таҳдид мекард. Он солҳо рўзҳои мудҳиштарин тоҷику Тоҷикистониёнро ба ваҳму таҳлука андохта буд. Сабабҳои асосии ин ҷангҳои хонумонсўзу бародаркуш, маҳалгароӣ, мансабталошӣ, фирефта шудани ҷавонони бетаҷрибаи ҳаётнадида, ки ба суханони хоҷагони зархариди беруна бовар карда, ба даст яроқ гирифта будаанд. Онҳоро душманони миллати тоҷик бо яроқу аслиҳаҳо, маводу маблағҳо таъмин мекарданд, то ин ки Тоҷикистонро ба харобазор табдил диҳанд
Бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар таъмин карда шуд.
Ба ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш бахшида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар заминаҳои мустаҳкам гузошта шуд. Солҳои охир дар мамлакат як қатор нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ бунёд гардид, ки яке аз намунаҳои олии он бунёди иншооти аср — НБО-и «Роғун» мебошад. Ин ормони миллие, ки тайи чандин даҳсолаҳо фақат орзу буд, имрӯз ба воқеияти аслӣ табдил гардид. Воқеан ҳам, бунёди ин Кохи нур шаҳодати ҳамдилии Пешвои миллат бо ҷонибдорӣ аз неруи тавонову созандаи мардуми сарбаландаш мебошад, ки дастоварду муваффақиятҳоро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ таъмин хоҳад намуд.
Тавассути кўшишу талошҳои пайваста ва пешниҳодҳои Сардори давлат вобаста ба проблемаҳои глобалӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби эътибору нуфузи баланд гардид. Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва дар иҷлосияҳои он раисӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро натанҳо ба масъалаҳои Тоҷикистон, балки ба проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро «Соли байналхалқии оби тоза» ва солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ва ниҳоят солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард.
Бо итминони комил метавон афзуд, ки воқеан ҳам, миллате, ки Пешвояш чун Эмомалӣ Раҳмон асоси бунёдгузори Кохи ваҳдату дўстӣ ва сафобахшандаи нуру зиё бошад аз корнамоии роҳи тайкардааш, ҳамчун абармарди сиёсатмадори олам ҳам ифтихору сарфарози мебояд кард.
МУРОДОВ ҶЎРАБЕК ҚУРБОНАЛИЕВИЧ - Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард
Written by CомонаРаҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард 18:22 16.11.2018 https://sputnik-tj.com/
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид