ДДТТ

ДДТТ (82)

Monday, 02 September 2019 06:45

Quality Management System

Written by

Project title: Quality Management System of the University (QMS)
Project duration: 3 years
The granted budget: 2 491 507, 5 somoni
Funded by the: World Bank
Project start date: September 2017
Official language: Tajik & Russian
External partners: University of Pisa, Italy;
University of Granada, Spain;
Alma Management University, Kazakhstan

PROJECT OBJECTIVES: to revise educational programs in the specialties of the university from the point of view of their convergence with similar European programs and to develop a quality management system that ensures their targeted implementation.

PROJECT TASKS: - analysis of the existing educational programs of the university in the specialties (economic, legal and commercial areas), in order to identify their compliance with European programs;
- updating existing educational programs (specialties) of the university with the involvement of international consultants;
- assessment of the current quality assurance mechanism at the university;
- development of aMS and guidance on its use;
- training of managers and employees of structural units involved in quality assurance, as well as teaching staff, principles and procedures and the functioning of the QMS;
- pilot implementation of QMS at the university;
- conducting an internal audit;
- introduction of QMS in all specialties of the university;
- dissemination of project results;

PARTNERSHIP AND COOPERATION: - University of Pisa, Italy;
- University of Granada, Spain;
- Almaty Management University, Kazakhstan.

The Tajik State University of Commerce (TSUC) implemented several European projects with an above-noted universities within TEMPUS, ERASMUS MUNDUS and ERASMUS + projects.

Outcomes: - Approved updated educational programs in the specialties of the university based on the competency-based approach;
- Recommendations on improving the quality assurance mechanism of TSUC;
- Developed documentation of the quality management system.
- Trained university staff on the use of QMS documentation,
- Including at least 40% female;
- Quality management system implemented in the educational process of the university;
- Improving the quality of education at the university, expressed in increasing the level of employment of graduates by at least 35%.

Шаби 30-юми апрел 84 кӯдаку навраси тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.

 

Ҳеч гоҳ ислом дар ягон давр ба ҳизбу ҳаракате ё гурӯҳе ниёз надошту надорад. Собиќ њизби террористии нањзат низ ба ислом њељ робитае надорад ва бадномкунандаи ин њизби пок аст. Ба аъзоёни ТЭТ ҲНИ расонидаем, ки то ба кай зери ниқоби нав корбари мекунед. Шумо бояд ҳамарўза ва ҳама вақт дар хотир доред, ки мардуми тоҷик ва ҳатто қисми зиёди мардуми Аврупо мақсаду мароми шумо касифонро медонанд. Эй палидон, якбор ба худ оед ва ҳис кунед, ки мардуми тоҷик ҳеҷ вақт шуморо дастгири намекунад. Шумо аз хориҷӣ кишвар истода боз мехоҳед, ки дар Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоед!? Ҳаргиз ба маќсадатон намерасед!

Ба шумо аблањон ва роњбари љинояткоратон - Муњиддин Кабирї чанд савол дорем. - Магар мешавад бо пуштибонии бегонагон дар дили мардум ҷой гирифт?! - Оё бовар доред, ки касе ба шумо баринҳо эҳтиёҷу эътимод дорад?!  Куштани мардумони бегуноњ ба шумо чї фоида дошта метавонад? Оре, мардуми тољик дар симову баромадњои беасоси Муҳиддин Кабирӣ ва чанд дайдуи беҳуввияти дигар як лаққӣ ва хизматгори бегонагонро мешиносад ва њодисаи ќатли вањшиёнаи сайёњонро њељ гоњ фаромўш намекунад.

Тӯли Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон заҳматҳои бесобиќаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмонро миллати тољик бо чашми дил ва сар дид. Оре, њамин миллат хиёнатҳои на як бору ду бори "озодихоҳони озодандеш”- и ТЭТ ҲНИ-ро њам бо чашми сар диду њазорон бор нафраташон кард.

Ба касе пӯшида нест, ки меъмори сулҳу ваҳдат, муаллифу муаллими сохти нави давлатдории тоҷикон - Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Имрӯз бори дигар собит шуд, ки мо оппозитсияи солиме дар рӯбарӯи давлатдорони кишвар надорем, вале ҳасудон, хиёнаткорон, чоплусон, лаганбардорон, мансабхоҳон, давлатхоҳони зиёде доштаему дорем, ки гоҳе аз пеши худ ва гоҳе бо тақозои кадом як хоҷа ва охунде пайи кор шуданд ва аз худ дар шакли ҳизбе, ҳаракате дарак додаанд.

Эй аблањон, маккорон, агар воқеан мусалмонед, мисли аксари мусалмонон бошед. Эй курони зархаридони хориљиён, ҳамаро ба нигоҳи ҳақир нанигаред. Боз ба такрор мегўям, ки шумо оппозитсия нестед, шумо бадхоҳи миллат ҳастед. Ба андешаи бад кардани ному шарафи давлату давлатдории тоҷикон, бар ивази ҳама гуна беномусиву даҳшатафканӣ шумо бадкирдориву бадрафтории худро нишон додед. Оё баъди ҳамаи ин боз боварӣ доред, ки боварии мардумро ба даст меоваред? На, њаргиз миллати тамаддунофари тољик шумо касифонро нахоњад бахшид. Марг ба зоти касифатон, ки љуз фитнаву иѓво кори дигареро наметавонед.

Хушбахтона ҷавонон ва мардуми Тоҷикистон аз шароити зист, созандагиву ободкорие, ки дар сарзамини мањбубамон шудааст, хело миннатпазиранд ва њар як сатри Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалї Рањмонро шиори фардои дурахшони хеш интихоб намудаанд...

 

Таърих аҷиб гардише дорад,бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор мекунанд ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд, калимаҳои "босмачӣ" қариб фаромӯш шуда буд, аммо дар ин айём раиси ТЭТ - Ҳизби хиёнаткори наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва косалеси он босмачиҳое, ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ, таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда, дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ шинохта шуда буданд, ҳимоя мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии мустақими худ ва Дориюши Раҷабиён ва Абдуманнон Шералиев дар баёни фикри худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег, Фузайл махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда, ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ карданд.

Муҳиддин Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод, муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад, зеро ин калимаҳо, саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронад, мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.

Аз ин суханҳои бе мантиқ маълум мешавад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ, ки хиёнаткор ҳастанд, хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд, ҳақиқати таърихиро дидаву дониста инкор мекунанд, халқи оддӣ аз дасти онҳо чӣ азобу уқубату машаққате дидаст онро намегӯянд ва даъво мекунанд, ки Иброҳимбег, Фузайл махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.

Чунончї Ќаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд: "Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору яғмогару хунхоранд". Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки Кабирӣ ва косалесонаш аз он қурбошӣ ва босмачиҳо фарқе надоранд, миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро. Шеъре дар шабакаи иљтимої хондем, ки њаќиќати рўз аст. Муаллиф

 

 

Мувофиқи тавзеҳи Фарҳанги забони тоҷикӣ, босмачӣ-ҳаракати  аксулинқилобӣ ва озодихоҳона, ки дар солҳои аввали баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна бо ташаббуси амалдорони сохти амирӣ ва рӯҳониён барои муборизаи мусаллаҳона бурдан бар зидди Ҳокимияти Шӯравӣ ба вуҷуд омада буд. Агар ба таври дигар гӯем, босмачӣ ғоратгар, тороҷгар, зеркунанда, пахшкунанда номгузорӣ шудааст.

Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ қувваҳое, ки мавқеи иқтисодӣ ва сиёсиро аз даст дода буданд, ин дастаҳоро дар мубориза ба муқобили сохти нав ва барқарор намудани ҳукмронии пешинаашон истифода бурдаанд. Кишварҳои хориҷӣ бошанд, барои дар оянда Осиёи Миёнаро ба зери таъсир ва нуфузи худ гирифтан, дастаҳои босмачиёнро ҳаматарафа дастгирӣ мекарданд.

Дастаҳои босмачиён ба дину мазҳаб, истиқлолияти миллӣ нигоҳ накарда, барои амалӣ кардани нақшаҳои ғаразноки хеш ва аз даст нарафтани молу бойигарӣ, инчунин мақомашон  мардуми осебпазиру  авомро атрофи худ ҷамъ оварда, ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ мубориза мебурданд.

Меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуздию ғоратгарӣ, таҷовуз ба номуси занону духтарон ва қатлу хунрезии ваҳшиёнаи босмачиён ба дод омада, ба муқобили онҳо муборизаи сахти дуру дароз бурданд. Таърих исбот кардааст, босмачиён бо дасти худ садҳо нафарро кушта, хуни ноҳ резондаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ қаҳрамон набуданд ва нахоҳанд буд.

Имрӯз мо шоҳиди он гардидем, ки роҳбарияти ҲТЭ - и наҳзати исломӣ босмачиёнро қаҳрамон хонда, кирдорҳои ғаразноку ҷоҳилонаи онҳоро қаҳрамонӣ меноманд. Сари он андеша намекунанд, ки ин қаҳрамонҳо бо дасти худ мардумро ғорат намуда, сарсону саргардон ва ғариб кардаанд.  

Агар мо ба солҳои 90 - уми асри гузашта назар андозем, мебинем, ки он ҷабру ситамеро, ки  наҳзату наҳзатиён ба сари миллати тоҷик оварданд, ҳанӯз сад сол қабл ин амалҳоро босмачиён содир намуда буданд.

     Ҳаракати босмачигариро, тавре ки фаъолияти ҳизби мамнуъи наҳзати исломиро халқ этироф накарду аз он рӯ гардонд, дар вақташ мардум дастгирӣ накарда буд. Зеро, халқ дар тамоми қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ аз бозиҳои пасипардагии онҳо огоҳ шуданд.

Мо шукрона аз он мекунем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдати комили миллӣ расидем.

Биёед як бор андеша кунем,  ки зани тоҷик то инқилоб чӣ гуна ҳуқуқу манзалат дошту имрӯз чи обрӯву мартаба дар ҷомеа дорад. То инқилоб ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ  дар Тоҷикистон чӣ  гуна буду имрӯз дар кадом шароит кору зиндагӣ дорем. Муҳиддин Кабирии ҷинояткор бошад, ин ҳамаро нодида гирифта, бо ҳамон ақидаҳои  ифротиаш  хостори ба ҷаҳолат кашидани мардуми Тоҷикистон аст. Фаромӯш кардааст магар, ки халқи тоҷик дигар фирефтаи суханони бепояву бемантиқ ва ваъдаҳои дурӯғини ӯву хоҷагони хориҷиаш нахоҳад шуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин иғвогарон ҳаёти осоиштаву оромашро халалдор созанд. 

          Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, ҷавононро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбият намоем.

Саидҷон  ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,

омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

        Аз солҳои бозсозӣ оғоз карда,  атрофи босмачӣ сару садоҳои зиёде баланд шуд . Яке  ӯро «марди ватанхоҳ»  мегуфт, дигаре  «дузду  роҳзан» ва то имрӯз ин мубоҳисаҳо идома доранд.  Вале  касе то ҳол таърифе дар бораи босмачӣ баён накардааст, ки донем босмачӣ кӣ буд ва чӣ мехост. Ҳар нафаре, ки атрофи босмачӣ сухан мекунад ақидаву ормонҳои худро аз номи босмачӣ баён медорад, ин хостаҳои босмачӣ нест. Масалан, дар гуфтаҳои Дориюш Раҳабиён чунин омадааст: «Ман ҳаводори ҳар он касе ҳастам ,   ки сарзаминашро аз зӯру таҳовузу  иҳбор  ба дур мехоҳад» . Бале мо ҳам ҳаминро мехоҳем,  вале босмачӣ ҳаминро мехост ё мо хостаи худро ба ӯ бор мекунем.

        Босмачӣ ба маълумотҳое, ки дорем Иброҳимбек аст «Дастаҳои Иброҳим ба деҳаҳо даромада , барои лашкари ислом гуфта, пулу гандуму колои мардуро ба зурӣ мегирифт.Ин бедодиҳоро бештар дар Кӯлобу Балҳувон, дар деҳаҳои тоҳикнишин мекарданд»(377). Зеро пешвои ӯ Амир Олимхон, ки ӯро парвоначӣ (генерал - летинант) дода буд, хазинаи худро , ки зиёда аз 700 тонна тилло ва 133 млн пули николайӣ дошт, моли мумсик хӯроки бебок,   ба  дасти бокшевикон дода, ба Афғонистон гурехта буд(с.229).  

       Хостаи босмачиҳо ба сари тахт овардани амиру он салтанати бераҳми пешин буд. Суҳбати Иброҳимбекро бо Анварлошо меорем:

- Шумо ҳам ҳадидед, риши тарошидаю палтун (палто) доред, - Иброҳимбек ришханд кард.

- Чӣ пӯшам? Чакман пӯшам? –Бо оҳанги дӯстона пурсид Анварпошо(374).

          Дориюши азиз, босмачиҳо шуморо бо ин ақидаатон, ки доред, ба сафи худ намегиранд. Онҳо шуморо ҳадид гуфта(зеро ҳадидҳо ғами ватану миллату насли оянда доштанд, аммо  онҳо низ бехато набуданд), ба дор меовехтанд!

   Як сухани ҳадидро меорам:  «Замони мактаб аст , илм аст, ақалан фарзандҳоятонро хононед, ки худатон барин муғамбиру махдумнусха нашаванд!»(366).

   Ба хонандаи азиз тавсия мекардам, ки китоби тозанашри Мирзонасриддин « Оташ дар хонаи қадим» -ро мутолиа кунад , ки мо ҳам  чанд мисол аз ҳо овардем,  ва ба ҳама саволҳои худ ҳавоб хоҳад ёфт.   

 

Ғоибзода А

 

Рушд кардани техникаю технология дар замони муосир ва дар баробари он  фаъолият кардани шабакаҳои интернетию сомонавӣ  имкони онро фароҳам месозад, ки аҳли ҷомеа аз тозатарин рӯйдодҳои  ҷаҳон ба зудӣ огаҳӣ пайдо намояд. Рӯз то рӯз сафи алоқамандони сомонаҳои интернетӣ меафзояд. Аслан қисми зиёди иттилооте, ки дар саҳифаҳои шабаки интернетӣ нашр мегарданд, асоси воқеӣ надоранд ва баъзан ҳолатҳо ақидаҳое низ ба нашр мерасанд, ки ҳадафашон бар хилофи идеологияи давлатдорӣ нигаронида шудааст.

Дар интишори мавод ва ақидаҳои ботили ашхосе, ки навиштаҳои худро дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ ба умум   пешниҳод менамоянд, аҳамият надорад, ки матни онҳо то чӣ андоза лозим,  дуруст  ва ё нолозиму  таҳрирталаб  аст.  Шабакаи интернетиро ба ҷиҳати мусбаташ истифода кардан  ва аз он маънавиёти худро бой гардонидан, барқарор намудани иртиботи онлайнӣ  ин бархӯрдор гардидан аз  дастовардҳои илиме мебошад, ки мардуми тоҷик дар даврони истиқлолият ба даст овардааст. Мутаассифона, зумраеро вохӯрдан мумкин аст, ки пайравӣ ба ақидаҳои ашхоси  алоҳида, гурӯҳои ифротӣ мекунанд ва ба таҳрифи арзишхои миллӣ, тарғиби ғоя, ақоид ва фарҳанги бегона мепардозанд. Зуҳур ёфтани чунин ақидаҳо дар замони мо  нав  нест ва дар чунин даврае, ки низоҳои  иттилоотӣ  ҳар рӯз метавонад ба мафкураи наврасону ҷавони мо таъсири барғалати худро гузорад ва онҳоро  аз сӯи рӯшноӣ ба  самти зулмот раҳнамоӣ  кунад, ҷилавгирӣ бояд кард.  Шахсони солимфикри  ҷомеаро лозим меояд, то   донанд, ки ин қабил одамон  дар ҷомеа душмани бадкешу бадандешанд ва  тайёранд хар лаҳза теша ба решаи фарҳангу маърифати  миллат бизананд, роҳеро дарёбанд, ки арзишҳои волову муқаддаси миллиро  қурбони ақидаҳои зулмотгароёнаи худ гардонанд. Ба ин восита худро ҷое пуштибон аз дин нишон  дода, ҷое  бо роҳи норизоӣ ва носипосӣ  аз зиндагии имрӯз басардоштаи халқи тоҷик  миёни омма фитнагароӣ мекунанд. Дар ин маврид аз ибораи «зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», ки    Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, истифода  бояд кард.

Таассуф аз он мехӯрем, ки баъзе ақидаҳои носолим дар ин шабакаҳо ҳамназарӣ пайдо карда, дастгирӣ меёбанд.  Дар гуфтугӯи рӯбарӯи ба ном раиси Паймони миллии Тоҷикистон М. Кабирӣ, ки санаи 25.01.2019  ба «ҳаводоронаш» тавассути шабакаи интернетӣ пахш гардида буд, гуфта мешуд:  «Ҳамаи муборизон алайҳи истисморгарон, ки аз онҳо чун босмачӣ ёд мешавад, бояд дар як додгоҳи миллие сафед  ва қаҳрамон эълон карда шаванд».   Ёддошти Дориюш Раҷабиён ва Абдуманон Шералиев, ки аз ин гуфтугӯи рӯбарӯ бархостааст,  ҷонибдорӣ аз Кабирӣ ва норизоӣ аз даврони шӯравӣ кардаанд.  Махсусан дар сомонаи Фейсбук маводе зери сархати  «Ман босмачӣ ҳастам!» бознашр шудааст, ки бештар танқиди назариявии тамоми фанҳо ва тадрисро дар   мактабҳои даврони шӯравӣ бо диди тангназаронаи муаллиф - А. Шералиевро  дар бар гирифтааст. падару бобоён ва қисме аз хамсолони мо низ шаҳди ИҶШС (СССР)- ро чашидаанд. Заминаи донишандӯхтанро дар мактабҳои шӯравӣ таълим гирифта, то кунун аз сармои дониши худ дар бунёдкорию созандагии Ватан истифода мекунанд. Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад, ки  «аз дастархоне, ки нон хурдӣ, носипосӣ  макун»  ва ё  «аз намакдоне, ки намак хӯрдӣ, туф  макун», лекин муаллиф андешаи онро накардааст.  А. Шералиев дар  ёддошти худ  беш аз худтаърифкунӣ, ки дар оилаи рӯҳонӣ ва рӯшанфикр таваллуд ва бузург шудааст,  дигар чизеро дар хотираи «қавӣ»-и  хеш ҷой надодааст, ки лоақал  ӯро аз хурофот берун баркашад. Таълими «рӯшанфикрон ва диндорон», ки бобоёни муаллифанд, ҷое ҳам дар тарбияи ӯ аз ҳадисҳои исломӣ  «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист » гӯшзад накардаанд. Худи муаллифи ёддошт низ аз навиштаҳои шоирон, ки:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,

Маънии ҳубулватан фармудаи Пайғамбар аст.

  Аз ёддошт хулоса баровардан мумкин аст, ки   вафодорӣ, садоқат ба Ватан, ҳамдаму ғамшарик будан ба ғаму шодии  миллат дар ботини А. Шералиев ҳеҷ гоҳ ҷой наёфтааст ва аз он ки ба ҳар шиор  дар даврони шӯравӣ «Ура»  гуфта,  нидо баланд мекард, одат карда, ин навбат ба пуштибонӣ аз М. Кабирӣ  бо нидои   «ман босмачӣ ҳастам» худро ҳамсаф ва ҷонибдор нишон медиҳад ва оянда боз чӣ нақшаеро дар сар ҷой хоҳад дод Х- номаълум. Боварӣ дорем, ки А. Шералиев  ва Д. Раҷабиён аз чӣ будани босмачӣ, ки шарҳаш босмачигарӣ - харакате буд, ки дар натиҷаи ба ҳам гаравидани собиқ сарватмандони гуногунмиллати Осиёи Марказӣ, авбошони касбӣ ва боқимондаҳои горди сафед ба вуҷуд омада, ҳадафи аслиашон мубориза алайҳи давлати шӯроҳо - коргару деҳқон, фақиру сағир, давлати бародарию баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ буд. Дараҷаи маълумотнокӣ, хирад ва ақлу заковати  ин ду тан ҳамназарони М. Кабирӣ ва ё шояд пайравони дигари онҳо баёни «Ман босмачӣ ҳастам» на дар дохили нохунак, балкӣ берун аз он дуруст мефатад, ки дар ҳама ҳолат ба зиндагии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид карданро доранд.  Шояд афсӯс ҳам хӯранд, ки чаро пеш аз  ҳокимияти шӯравӣ ба дунё наомадаанд, ки аз бесаводии омма истифода карда, бо иддаи кучаки бойҳо, муллою эшонҳои чалласаводи он замон ба манфиати худ истифода мебурданд.

Мутмаин ба онам, ки наврасону ҷавонони  миллати бофарҳангу тамаддуни қадимидоштаи  тоҷик гӯш ба афсонаи ин қабил ифратгароёни зери лиқоб, ки худро ҳомӣ аз дин нишон медиҳанд ва шояд вуҷудашон аз он холист, пайравӣ накарда, дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз миллату халқи  Ватани азизамон Точикистон  мекунанд. Донишҳои диниву дунявиро дар муассисаҳои давлатӣ ва аз таҷрибаи устодон аз худ карда,  ҷаҳонбинии динӣ, фалсафӣ ва сиёсии худро васею мукаммал мегардонанд. Истифода аз донишҳои дунявӣ ва хиради азалӣ  сутуни устувореро дар пайдории давлати соҳибистиқлоламон бунёд хоҳанд кард, ки заволашро касе дар асрею замоне нахоҳад дид.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таълими донишкада

 

Пайи як хабаре, ки аз љониби бадхоҳони миллату давлат дар сањифаҳои интернетӣ нашр шудааст, ҳаминро метавон гуфт, ки боз як намуди тафриќаандозии халқ ба ҳисоб рафта, бо ҳамин васила мехоҳанд миллатро боз ба ташвиш андозанд. Мувофиқи ин нашрияи интернетӣ якчанд масъалаҳоеро, ки асоси воқеӣ надоранд, алалхусус баъзе  нафаронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд дар хусусе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои гурӯҳои террористуву-экстремистӣ доштаро дастгирӣ намудаанд. Сабаб дар чист, ки ақидаҳои пасту зишти онҳро тарафдорӣ менамоянд? Шояд бо онҳо ягон муносибат доранд?  Дар чунин ҳол шахс бе ҷавобгарӣ набояд монд.

Friday, 01 February 2019 09:55

Њадафњо аниќ нестанд…

Written by

 

         Суханони дар шабакањои иљтимої пањн намудаи собиќ раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистон- Муњиддин Кабирї (њоло роњбари Паймони миллї), ки аслан њама суханони дањњо бор гуфташудаю такроранд, боз дар хусуси амалњои «ѓайриќонунї»- Сарварони Давлату Њукумати мамлакат равона гардидааст. Дар ќатори њамон суханњои такрориаш Муњиддин Кабирї Раиси Љумњур, Вазирон, раисони вилоятњову шањру ноњияњоро дуздони пулу моли миллат мењисобад, ки ин боз як дасисабозињои ўст бар зидди миллату Давлати тољикон.

         Тамоми корнамоињои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат – муњтарам Эмомалї Рањмонро, ки на танњо миллати тољик, балки љањониён эътироф кардаанд, њељ њисобида, таъкид менамояд, ки хизмати асосиро барои ба даст овардани оштии миллї ў ва чанд тани дигар иљро намудаанд.

          Агар Њизби Нањзати Иломї дар ноњияи Ќумсангир як мактабро сохта бошад, дар як худи соли 2018 дар ќаламрави мамлакат 153 муассисањои таълимї сахта ба истифода дода шуданд, ки дар онњо беш аз 73 њазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

         Љањониён медонанд, ки Тољикистони соњибистиќлол имрўз то чи андоза ба пеш рафта истодаасту ояндаи он дурахшон аст. Вале аз суханњои М. Кабирї хонанда ќариб чизе намефањмад, зеро њадафи ягона надоранд. Сухан бояд бомаънї, пурмазмун ва њадафнок бошад. Шояд моро гунањгор кунад, ки мо дониши паст дорему маќсадњои навиштањояшро дуруст дарк нанамудем. Аммо аз дарк нанамудани суханони ѓаразноку тањдидомез њељ љойи пушаймонї нест.

          Сарвари Давлати тољикон дар Паёми имсолаашон ба Маљлиси Олии мамлакат тамоми самтњои фаъолияти љумњуриро тањлилу баррасї намуда, аз љумла зикр карданд, ки яке аз проблемањои љиддие ки љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст, мубориза алайњи терроризму экстремизм мебошад. Ва, албатта, бо суханони беасосу бењадаф сари мардумро гаранг карда, миллатњоро байни њам ба шўр овардан аз амалњои террористон њам бадтар мебошад.

         Пас, худ биандешед, ки чї гуфта истодаеду ба кї гуфта истодаед. Агар ба миллати тољики имрўза чизе гуфтанї бошед, хуб биандешеду пасон бигўед, то гирифтори доми балои сухани хеш нагардед!

 

Тавре, ки хабар дорем собиќ раиси ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муњиддин Кабирӣ, тасмим гирифтааст,  ки бо таври мустаќим ба суолҳои ба ӯ пешниҳодшудаи мардум ҷавоб гардонад. Ҳоло бошад ӯ худро ҳамчун роҳбари Паймони милли тоҷикон эълон намудааст. Ин шахси бадхоҳу бадсиришти миллат боз бо ҳамон ниятҳои нопоки худ, ки соли 2015 таҳрезӣ намуда буд ва хушбахтона ба мақсадҳои худ нарасид, имрӯз боз бо ин васила мехоҳад сиёсати сулҳҷӯёнаи имрӯзаи давлату ҳукуматро ба доми худ андозад. Дар суханронии худ эшон изҳор намудааст, ки гуё ӯ ҳангоми ба конфронс рафтанаш иҷозат надода бошанд. Ҳангоме, ки ӯ аз Малайзия ба шаҳри Туркия меравад, алайҳи ӯ беасос парвандаи ҷиноӣ оѓоз карда мешавад. Вале дар асл ҳангоми кофтукови утоқи кориаш яқ қаттор нақшаҳо дарёфт гардид, ки ба биноҳои ниҳоят муҳими давлативу ҷамъиятӣ зарар бояд мерасид. Роҳбаре, ки чунин нақшаҳоро дар худ дошт, чӣ тавр метавонад имрӯз роҳбарии чунин як Паймони милли тоҷиконро пеш барад? Бояд дар хотир дошт, ки бадхоҳони давлату миллат аз азал буд, ҳаст ва хоҳад монд.

 

Page 2 of 6

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top