Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва аз ин баъд ба мустақилона амалӣ намудани сиёсати иқтисодии хориҷии хеш оғоз намуд. Албатта, дар ин давра дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони баландихтисоси самти муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва иқтисоди ҷаҳон эҳсос мегардид. Бино бар ин, талаботи бозори меҳнатро ба назар гирифта, соли 1994 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (он вақт Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон) факултети нав бо унвони «Муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байналхалқӣ» (ҳоло факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ) таъсис дода шуд, ки аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳон ва молия ва қарз довталабонро қабул мекард.

Соли таҳсили 1996-1997 дар факултет ихтисоси ҳуқуқи тиҷорат, соли таҳсили 2011-2012 ихтисоси ҳуқуқи байналмилаии тиҷоратӣ ва соли таҳсили 2015-2018 ихтисосҳои ташкили робитаҳои байналмилалӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ ташкил карда шуданд ва кунун факултет дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таҳкими истиқлолияти он бо роҳи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси самти иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқи тиҷорат саҳми арзандаи худро мегузорад.

Садорат, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет барои амалӣ намудани ҳадафҳои асосии низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ – ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, беш аз пеш баланд бардоштани сифати таълим, пайванди илму истеҳсолот ва ғ. пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Дар давраи фаъолияти факултет бунёди моддӣ-техникӣ ва потенсиали илмӣ-омӯзгории он хеле пурқувват гардид, ки ин барои ноил шудан ба мақсадҳои пешгузошта комилан мусоидат мекунанд. Аксари синфхонаҳои факултет бо техникаи муосири иттилооттӣ-коммуникатсионии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар раванди таълим омӯзгорон ва донишҷӯён аз синфхонаҳои замонавии компютерӣ ва лингафонӣ фаровон истифода мебаранд, ки барои аз худ намудани донишҳои техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона шудаанд.

Бо мақсади пайванди раванди таълим бо истеҳсолот дар назди кафедраҳои тахассусӣ синфхонаҳои таълимӣ-методӣ ташкил карда шудаанд, ки ба сифати гузаронидани дарсҳои амалӣ ва семинарӣ таъсири мусбат мерасонанд.

Дар факултет ба донишҷӯён олимони варзида ва мутахассисони шинохтаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дарс мегӯянд. Садорати факултет тасмим гирифтааст, ки ҷалби профессорони хориҷӣ ва мутахассисони хуби сохторҳои давлатию тиҷоратиро ба раванди таълим ба роҳ монад.

Боиси ифтихор аст, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ яке аз аввалин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки аз соли 2005 барои татбиқи низоми кредитии таҳсил оғоз намуд. Ин саҳми босазои донишгоҳ барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Аллакай хатмкардагони ин низоми таҳсил дар мақомоти давлатӣ ва корҳонаву ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дар вазифаҳои гуногун адои вазифа доранд. Қисми дигари онҳо таҳсили худро дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва мамолики хориҷа идома дода истодаанд.

Соли 2012 бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ аз аккредитатсия байналмилалӣ гузашта, нахустин шуда дар ҷумҳурӣ соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гардид.

Ифтихори дигари факултет дар он аст, ки аз соли 2009 дар факултет гурӯҳҳои махсус таъсис гардиданд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Бо гузаштани муддати начандон тӯлонӣ ин гурӯҳҳо самаранокии худро собит намуданд. Мисоли равшани он ғолибияти донишҷӯёни ин гурӯҳҳо дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олӣ аз фанни забони англисӣ дар чор соли охир шуда метавонад. Ҳамчунин, рейтинги донишҷӯёни донишгоҳ исботи он аст, ки донишҷӯёни гурӯҳҳои махсус дар он мавқеи хеле хубро соҳибанд. Аллакай беш аз 20 нафар донишҷӯёни ин гурӯҳҳо дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, таҳсили худро дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон идома медиҳанд.

Ба факултет кафедраҳои зерин вобаста карда шудаанд:
Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилаӣ;
Кафедраи назарияи иқтисод;
Кафедраи забонҳо;
Кафедраи ҳуқуқи тиҷорат

Донишҷӯёни факултет имкон доранд, ки дар озмун ва барномаҳои гуногун иштирок намуда, таҳсили худро дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ идома диҳанд. Ҳамчунин, имкониятҳои воқеии мубодилаи кӯтоҳмуддат дар давоми як семестр басо зиёданд. Танҳо дар тӯли 5 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯёни факултет дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои гуногун ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Инчунин, Мирбобоева Нафиса, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 230101-ташкили робитаҳои байналмилалӣ ва Саидзода Навбаҳор донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон дар барномаи Эрасмус+ дар байни донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзида, тибқи барнома ду рохат ба даст оварданд ва дар нимсолаи дуюми соли 2018-2019 тариқи мубодила дар Донишгоҳи Пизаи Италия таҳсил менамоянд.

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, ҳамчунин, донишҷӯён аз хориҷи кишвар, ба монанди Ҷумҳурии исломии Афғонистон бомуваффақият таҳсил доранд.

Донишҷӯёни факултет дар ҷараёни таҳсил ба чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ ҷалб карда мешаванд. Қайд кардан бамаврид аст, ки бисёре аз онҳо дар конфронсҳои илмӣ-назариявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби мукофот ва ифтихорномаҳо гаштанд. Дар ғолибияти дастаи «Тоҷири Аҷам» дар озмуни «Маҳфили зарифон» низ саҳми донишҷӯёни фаъоли факултет басо арзанда аст.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни факултет Алиқулова Наврӯза ва Дилоева Мадина дар озмуни «Донишҷӯи сол-2012» ва «Донишҷӯи сол-2016» ширкат варзиданд ва дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Тӯли солҳои зиёд роҳбарии факултетро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович (солҳои 1994-1995), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Акобиров Зиёратшо Наимович (солҳои 1995-2005), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Акрамов Файзалӣ Маҳрамович (солҳои 2005-2011), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Фарҳод Разоқович (солҳои 2011-2017) ба уҳда доштанд. Аз соли 2017 вазифаи декани факултет ба ухдаи номзади илмҳои физика-математика Салимов Назарали Сафарович гузошта шудааст.

Теъдоди донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ дар соли таҳсили 2018-2019 (то 1 июни соли 2019)

Миқдори донишҷӯён

Духтарон

Писарон

шуъбаи рӯзона

703

182

521

Омӯзиши ғоибона

350

73

277

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top