Кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ

Кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ моҳи августи соли 2020 таъсис дода шудааст.

Омӯзгорони кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди кишвар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  ва таълимӣ-методии худро пеш мебаранд.

Олимони кафедра барои омода намудани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазири бозори меҳнат ба воситаи таълиф намудани китобу дастурҳои гуногун саҳми муассир доранд.

Дар кафедра барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳо ва таҷҳизонидани синфхонаҳое, ки ба  кафедра мансубанд, диққат дода мешавад.  Ду адад синфхонаи лингафонии марбут ба кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ чун ҳуҷраи   забони англисӣ бо маводи таълимӣ, овезаҳо, расмҳо, гӯшаҳо, муҷаҳҳаз гардонида  шудааст ва омӯзгорон аз онҳо зимни таълиму тадриси донишҷӯён ба таври самаранок истифода мебаранд.

Дар кафедра маҳфили илмӣ-методии омӯзгорон фаъолият менамояд, ки барои такмили  забони хориҷии касбӣ ва соҳавӣ нақши муҳим дорад. Маҳфили зикршуда моҳе як бор мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда  гузаронида мешавад ва дар кори он  омӯзгорон: Алиева З., Ҷӯраева Х., Тураева Д., Насриддинов Т., Саидов И.С., Сангинова Ш.К., Самадов М.А., Одилова И. фаъолона иштирок менамоянд, ки боиси баланд гардидани донишу маърифат ва тахассуснокии онҳо мешавад.

Аз 25 – уми феврали соли 2022 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Файз Акрамов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

Кафедра тахассусӣ маҳсуб ёфта, мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 23010205-таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии беруна) омода менамояд ва онҳо дар ташкилоту муассисаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси тарҷумон-референт  фаъолият мекунанд.

                                              Ҳайати омӯзгорони кафедра     

  1. Файз Акрамов, мудири кафедра, номзади илми филологӣ, дотсент;
  2. Раҳмонқулов Мардонқул, номзади илми педагогӣ, дотсент;
  3. Пакаева Зубайда, номзади илми филологӣ, дотсент;
  4. Алиева Зебо, муаллими калон;
  5. Абдуназарова Ойсулув, муаллими калон;
  6. Ҷураева Хосият, муаллими калон;
  1. Насриддинов Тоир, муаллими калон;
  2. Одилова Индира , муаллими калон;
  3. Алиев Султон, муаллими калон;
  4. Тураева Дилноза, ассистент;
  5. Саидов Искандар,  ассистент;
  6. Сангинова Шаҳноза, ассистент;
  7. Самадов Манзар, ассистент.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top