Кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ яке аз кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, соли 1997 дар натиҷаи ба ду кафедраи алоҳида: маркетинг ва тиҷорат ва молшиносӣ ва экспертизаи молҳо ҷудо гардидани кафедраи маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ ташкил карда шудааст.

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ мутахассисонро аз рӯи се ихтисос омода мекунад:

– 1-96010101 – таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ;

– 1-250109 – молшиносӣ ва муоинаи мол;

– 1-91010101 – технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ.

Омӯзгорони кафедра, хатмкунандагони ихтисоси фаъолияти гумрукӣ Самиев Ф.Б., Ҷабборов А.И., Нидоев П.Р., Раҷабова Н.Р., Бӯриев Л.Ҷ. ва Алиев М.Б. зимни фаъолияти илмию омӯзгорӣ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор гардиданд.

 

Дар тӯли солҳои зиёд номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳикматов С., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷабборов А.И. ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудаанд.

Дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 25-уми август соли 2020 кафедраи экпертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуд:

– Экспертизаи молхо, технология ва сервиси тарабхонаҳо.

– Фаъолияти гумрукӣ.

Аз моҳи апрели соли 2021 дотсент Ҳикматов С.И. ба ҳайси мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ фаъолият менамояд.

Айни ҳол дар кафедра профессорон Нидоев Н.Ф., Раҷабов Р.К., дотсентон Ҳикматов С.И., Ҷабборов А.И., Самиев Ф.Б., Алиев М.Б., Бӯриев Л.Ҷ. ,Раҷабова Н.Р. муаллимони калон Ғаюрова Р.С. ва Назарбекова Н. ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғул мебошанд.

Кафедра бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ташхиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи гумрукии Федератсияи Россия, ва Донишгоҳи техникии шаҳри Москва ҳамкориҳои зич дорад.

Омӯзгорони кафедра ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғул буда, масъалаҳои муҳимми соҳаи гумрукро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Онҳо доир ба мавзӯъҳои зерин тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд:

– самтҳои самаранок истифода бурдани потенсиали иқтисодии хизматрасонии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– проблемаҳои баланд бардоштани амнияти маҳсулоти хӯрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин, омӯзгорони кафедра васоити таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методиро аз рӯи фанҳои таълимии кафедра, ба мисли таърихи фаъолияти гумрукӣ ва сиёсати гумрукӣ, ташкили назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, танзими давлатии фаъолияти гумрукӣ, ташкил ва технологияи назорати гумрукӣ, омори гумрукӣ, иқтисодиёт ва идоракунии фаъолияти гумрукӣ, пардохтҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук, танзими тарифию гумрукии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ таҳия ва нашр намудаанд.

Дар кафедра маҳфилҳои илмии «Иқтисодиёт» ва «Декларанти ҷавон», амал менамоянд, ки дар онҳо донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

Донишҷӯён пайваста дарсҳои амалии худро дар дидбонгоҳҳо, ва раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук ва дигар муассисаҳои дахлдор гузаронида, савияи дониши амалии худро баланд мебардоранд.

Дар асосӣ нақшаҳои илмии кафедра ҳамасола конфренсияҳои илмию амалӣ дар мавзӯъҳои “Нақши гумрук дар рушди муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дур ва наздик” ва “Амнияти озуқаворӣ ва рушди босуботи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.

Ҳамин тариқ, омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани муттахасиссони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top