Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (245)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.

http://eng.khovar.tj/wp-content/uploads/2018/10/TV-Badahshon.jpg

DUSHANBE , 25.10.2018 /NIAT “KHOVAR”/. On 22.10.18, a special issue was shown on TV Badakhshan and the video hosting service “Youtube” that the leaders of the organized criminal groups in the city of Khorugh were officially warned on behalf of the law enforcement agencies. The leaders of the organized criminal groups bowed their heads before the law, regretting their past illegal actions.

14 октября с.г., накануне 15 октября, когда заканчивается срок добровольной сдачи оружия в ГБАО, на сайте ozodandishon опубликовано Обращение гражданского общества и жителей ГБАО Таджикистана к органам власти и международному сообществу.

МУРОҶИАТНОМАИ 
ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Мо – ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳороти ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ-ро хонда, хеле мутаассир гардидем, зеро Шумо – мардуми шарифи Бадахшон як пораи ҷигари мо, як ними тани моед ва то ҳанўз дар ин минтақа ба таври ҳангуфт бо дасти ду – се ҷинояткор ҷамъоварӣ шудани муҳимоти ҷангӣ хеле таассуфовар аст. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷинояткор маҳал, дину мазҳаб ва Ватан надорад. Барои онҳо қадру қимати инсонӣ ба як пули пучак намеарзад, зеро эшон тамоми муқаддасоти инсониро бо пулу мол андоза мекунанд. Барои манфиат бардоштан онҳо омадаанд, ки ба мудҳиштарин ҷиноят даст зананд, ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, яроқу аслиҳа харидуфурўш намоянд. Барои ҳамин ба ин гурўҳ умед бастан ва эътимод намудан камоли нодонист. Ин афроди ҷиноятпеша Шуморо чун сипари худ қарор дода, дар пуштатон пинҳон шудаанд ва Шуморо чун бозичаи дасти худ бозӣ даронданианд, онҳо ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ дастёб шуданианд.
Бародарони бадахшӣ! Фирефтаи ваъдаҳои хоми ин ҷинояткорон нашавед ва онҳоро фош намуда, ба панҷаи қонун супоред. Дар ин кор мо ҳамеша ҳамдасту пуштибону мададгори шумоем ва агар лозим шавад, аз ҳамин рўз барои тинҷию амонии диёр ба Бадахшон, ба кўмакатон мешитобем. 
Мову Шумо бояд ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ҷоноҷонамон – Тоҷикистон расем. Шукр, ки 27 сол боз ба ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият ба мо озодии комил эҳдо намудааст. Аммо ҳоло ҳам дар як гўшаи биҳиштосои Ватани мо – Бадахшон баъзе ашхоси ҷиноятпеша бедодгарӣ намуда, айши мардумро талх мекунанд.
Шумо аз таърихи гузаштаи Бадахшон хуб огоҳед ва мардуми ҷафодидаи ин сарзамин ҷабру зулми аҷнабиёнро хеле зиёд кашидааст. Бинобар ин ба хотири озодии мулк, ба хотири ояндаи хушбахтонаи фарзандон ва якпорчагии Тоҷикистон биёед дар атрофи Ҳукумати Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасти ҳам дода, муттаҳид шавем, зиндагии шоистаро барои худ ва пасояндагон таъмин намоем.

Ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни ДДБ ба номи Н.Хусрав:
1. Ҳасани Муродиён- ноиби ректор,
2. Наимов Қудратулло- сармуҳарири рузномаи “Фуруғ”-и ДДБ
3. Саймуминов Аҳлиддин- декани факултаи таърихи ДДБ
4. Абдураҳимов Қудратулло- ноиби ректори ДДБ
5. Шамсов Тоҷиддин- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДБ
6. Махкамова Дилором- мудири кафедраи рузноманигории ДДБ
7. Кодиров Илҳомҷон- декани факултаи филологияи тоҷики ДДБ
8. Маҳмадиева Мухаббат- саромузгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ
9. Казаков Рустам- мудири кафедраи таърихи ДДБ ва дигарон..

Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед. 

ангораи як мусаввара ...

1.МАЗО МО МАЗО

"Гузашт он чи гузашт".

Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадор ва бонуфузро бишкаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод.

Пӯшида нест, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯйӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он бардошта шуда, он ҳама нақшаву ниятҳои муғризонаашон рӯйи об баромад. Чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ҳолат роҳбарони ташкилот, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро бисёр нороҳат карда, дар ҳолати шок афтидааст.

Таваҳҳумоти навбатӣ дар фазои «Ислоҳнет»-и наҳзатӣ

         Дар сомонаи наҳзатии «Ислоҳ.нет», ки муассисаш яке аз наҳзатиёни ҷаррор Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, матлабе таҳти унвони «Конфронси обсуфкунаки МТС: таҳдидҳои ҲНИТ ба амн

Сабабҳои пуштибонии Эдвард Лимон аз ифротгароҳои тоҷик

Солҳо инҷониб дар бораи стандарти дугонаи кишварҳои абарқудрат ва созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ маводу матлабҳои фаровоне дар матбуоти даврӣ ва с

Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро аз мухолифони давлатдории миллии тоҷикон меҳисобад, дар арсаи байналмилалӣ бори чандум аст, бе далелу санад афкори умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва афроди алоҳидаро ба қазияи боздошти наҳзатиҳои ҷинояткор ҷалб кардан мехоҳад. Пайравони ҳизби мазкур дар муқобили далелҳои раднашавандаи мақомоти тоҷик истода, ҷуз иддаои дур аз ҳақиқат чизи дигаре дар даст надоранд ва худро шармандаи ҷаҳон ва мазҳакаи созмонҳои байналмилалӣ кардаанд. Ин танҳо аъмоли хиёнаткоронаи ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нест, ки дар арсаи байналмилал номи кишвари моро паст мекунад. Дар баробари ин, афроди алоҳида ва ё созмонҳои байналмилалӣ низ аз қувваҳои тундгаро ва ифротӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо бо пахши изҳороте вазъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро бад ҳисобиданӣ мешаванд. Махсусан, Эдвард Лемон, ки худро профессори Донишгоҳи Колумбия меҳисобад, дар сафҳаи сомонаи иҷтимоии худ аз тундгароӣ истиқбол карда, кирдорҳои ғайриқонунии мухолифони тоҷик алайҳи давлату миллати тоҷикро ҷолиб шуморида, аз тоҷикистониён ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад ба кампини наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома диҳанд. Аз иқдоми боздошти раҳбарият ва пайравони ошӯбгарои ТТЭ ҲНИ нигаронӣ карда, иддао мекунад, ки акнун замони талаби озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ фаро расидааст. Аслан, ҳамин муҳаққиқони ба ном чун Эдвард Лемон дар кишвар вазъияти оромро бад мекунанду рафторҳои ноҷо доранд. Вақте нафаре ё гурӯҳу қуввае ба ҷиноят даст зад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Вай ҳамчун шахси хориҷии ба ном адолатпарвар вазъияти дохилиро таҳрик медиҳад. Аз ин бар меояд, аз ин унвон истифода мекунад. Бояд тазаккур дод, ки агар «профессор»-и Донишгоҳи Колумбия ба ҳоли худ гузошта шавад, яқин рабт доштани аъзоёни ин ҳизб дар ҳодисаҳои ахири кишварро рад мекунад. Ҳатто даъво ҳам пеш меорад ва талаб дорад, ки гунаҳкорон ва ҷинояткоронро раҳо намоянд. Эдвард Лемон барои манфиати чанд нафарро амалӣ намудан, ҳуқуқи кулли сокинони Тоҷикистонро поймол намуда истодааст. Тамоми сокинони кишвар мехоҳанд, ки гунаҳкорон бояд сазои подошро бигиранд. На ин ки чанд авфроди хориҷӣ аз он ҷонибдорӣ бикунанд. Аммо масъулони ниҳодҳои байналмилалӣ ба давлати Тоҷикистон баҳои ғаразомез ва якҷониба додаанд, ки муҳтавои он вазъияти воқеии кишварро инъикос намекунад. Боздошти гунаҳкорон мутобиқ ба қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ амалӣ шудаву мешавад ва нигаронии хориҷӣ бепоя аст, чунки дар қиболи интиқодҳояш аз давлату миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ягон далел ва асосе надорад. Дар ин ҷо хиёнати ҷиддии наҳзатиҳо ба мушоҳида мерасад, лекин андешаи ғаразноки ҳамин созмон аст, ки баръакс бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бархӯрд ва муносибати ягона надорад. Бо ҳарки чи гунае, ки мехоҳад, ҳамон гуна муносибат мекунад. Якеро интиқод мекунаду дигареро таърифҳои болохонадор. Мутассифона, як таҳаввуле миёни созмонҳои байналмилалӣ роиҷ аст, ки онҳо танҳо камбудиро мекобанд ва дастовардҳоро нодида мегиранд. Далер Қосимов
Page 17 of 18

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top