ФАКУЛТЕТИ ТИҶОРАТ ВА ГУМРУК

Факултет соли 1987 дар заминаи филиали Донишкадаи савдои советӣ- кооперативии ш. Новосибирск ташкил ёфта ҳамчун факултети «Иктисодиёт ва баҳисобгирӣ» шинохта шуд. Солҳои 1990-1995 бо номҳои факултети «Молшиносӣ ва тиҷорат», солҳои 1995-1997 факултети «Тиҷорат ва технология» ва дар айни ҳол фа¬култети «Тиҷорат ва гумрук» фаъолият менамояд.

Тӯли солҳои мавҷдудияташ ба ин факултет н.и.и., дотсент Салий В.В. (1987-1988), н.и.и., дотсент Абдулназаров Н, (1988-1992), Хусейнов К.Б. (1992-1997), д.и.и., профессор Раҷабов Р. К. (1997-1999), профессор Маҷидов Ҳ.М. (1999-2008), номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Салимов Н.С. (2008-2017) роҳбарӣ кардаанд ва аз ноябри соли 2017 инҷониб вазифаи декани факултет ба уҳдаи доктори илмҳои иқтисоди, и.в. профессор Саидова Мунаввар Ҳамидовна гузошта шудааст.

Ба факултет кафедраҳои зерин вобаста карда шудаанд:
Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ;
Кафедраи маркетинг ва тиҷорат;
Кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ;
Кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ.

Факултет мутахассисонро дар асоси низоми кредитии таҳсилот аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад: 1-960101 – хадамоти гумрукӣ; 1-250109 – молшиносӣ ва экспертизаи молҳо; 1-910101 – технологияи маҳсулоти хӯроки омма; 1-250110 – тиҷорат дар бозори берунӣ; 1-26020312 – маркетинги сайёҳӣ; 1-26020305 – маркетинг дар бозори байналхалқӣ; 1-26020301 – фаъолияти реклама.
Дар факултети тиҷорат ва гумрук 91 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 7 нафар докторони илм, профессорон; 33 нафар номзадони илм, дотсентон; 38 нафар муаллими калон; 16 нафар ассистентон мебошанд инчунин дар факултет 2 нафар лаборантон ва 6 нафар операторон фаъолият менамоянд.

Дар ҳайати омӯзгории факултет олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ба монанди профессорон Раҷабов Р. К., Маҷидов Ҳ.М., Тошбоев Ғ., Саидова М.Ҳ., Нидоев Н.Ф., Қурбонов Б., дотсентон Юсупов С Ю., Хуморов Д.М., Неъмонов Ҷ., Ҳикматов С.И., Ҳомидов М. С., Норқузиева Б., Шарипов М., Таваров Л.Т., Ҷабборов А., Авғонов С., Сангмамадов Д.С., Самиев Ф.Б., Раҷабова Н.Р., Бӯриев Л.Ҷ., Алиев М. ва дигар олимони ҷавону болаёқат фаъолият намуда, дар ташкили сифатнокии раванди таълим саҳми босазои худро мегузоранд.

Дарси лабораторӣ бо донишҷӯёни ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯроки омма

Дотсенти кафедра Ҳикматов С. дар дарси амалӣ аз фанни назария ва амалияи истифодабарии воситаҳои  техникӣ дар ихтисоси 960101 – фаъолияти гумрукӣ

Факултет дорои заминаи мукаммалӣ моддӣ-техникии замонавӣ мебошад,  ки дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ дар озмоишгоҳи технологияи  хӯроки омма, экспертизаи молҳо ва дар озмоишгоҳи физика гузаронида мешаванд, синфхона бо  технологияи муосир  – тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда,  ду синфхонаи компютерӣ барои супоридани имтиҳонҳои фосилавию ҷамъбастӣ фаъолият менамояд.

Рафти қабули имтиҳони фосилавӣ дар факултаи тиҷорат ва гумрук

Дар факультет донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона, ғоибона ва маълумоти дуюм таҳсил менамоянд.
Хатмкунандагони ихтисоси тиҷорат новобаста аз шакли моликият дар тамоми муассисаҳо ва сохторҳое, ки бо гардиши молию пулӣ сару кор доранд, фаъолият карда метавонанд.

қайд намуд, ки дар факултет маҳфилҳои фаннӣ ва сексияҳои илмӣ-тадқиқотӣ мувофиқи нақшаҳои тасдиқшудаи кафедраҳо амал менамоянд.

Кафедра Номи маҳфилҳо
1 Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ Декларанти ҷавон
Стандартикунонӣ, метрология ва сертифи-каткунонӣ
2 Маркетинг ва тиҷорат Бозоршинос-тоҷир
Фаъолияти тиҷоратӣ
Тадқиқоти маркетингӣ
3 Фанҳои ҷамъиятшиносӣ Сиёсатшиноси ҷавон
Файласуфи ҷавон
Муарихи ҷавон
4 Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ Математика дар иқтисодиёт
Химия дар иқтисодиёт
Физика дар иқтисодиёт
Экология дар иқтисодиёт

Теъдоди донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук дар  соли таҳсили 2018-2019 (то 1 июни соли 2019)  

Миқдори донишҷӯён Духтарон Писарон
шуъбаи рӯзона 566 66 500
шуъбаи ғоибона 420 63 357

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top