Кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

Кафедраи математикаи  олӣ ва  фанҳои  табиатшиносӣ соли 1987 таъсис ёфтааст. Омӯзгорони кафедра  ба донишҷўён фанҳои   математикаи олӣ, физика, консенпсияи табиатшиносии муосир,  экология ва  мудофиаи гражданиро таълим медиҳанд.

Дар кафедра ба мақсади баланд бардоштани сифати фанҳои дақиқ   маҳфили илмӣ-методии  мунтазам  амалкунанда фаъолият  дорад, ки   дар  ҷаласаҳои  он  услуби   таълими   мавзўъҳои   алоҳидаи  фанҳои   табиатшиносӣ ва   математикаи олӣ  муҳокима  карда  мешаванд.

  Маврид ба зикр аст, ки дар кафедра озмоишгоҳҳои  физика  ва химия  фаъолият  менамоянд, ки бо маводи дидактикӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Барои татбиқи амалии фанҳои  омӯхташаванда  ва такмилу тавсеаи маҳорату малакаи  донишҷўён  дар  назди  кафедра маҳфилҳои  фаннии  «Математика дар  иқтисод», «Физика дар иқтисод» ва «Экология дар иқтисод»  фаъолият  менамоянд.

Имрўз кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ ба яке  аз кафедраҳои ташаббускору пешқадами донишгоҳ  табдил ёфтааст. Бо боварии пурра метавон гуфт, ки омӯзгорони кафедра дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия  ва омода намудани  мутахассисони  ҷавобгўи стандартҳои давлатӣ дар соҳаҳои иқтисод, ҳисобдорӣ, молшиносӣ, маркетинг ва тиҷорат   саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра:

  1. 1. Палавонов Қурбоназар Қурбонбекович – н.и.ф.м., мудири кафедра
  2. 2. Назарзода Хайруло Холназар - д.и.т., профессор
  3. 3. Маҷидов Ҳамид – д.и.т., профессор
  4. 4. Зубайдов Саидаҳмад – н.и.т., и.в. дотсент
  5. 5. Маҳмадуллоев Зафар Нусулоевич – н.и.ф.м., и.в. дотсент
  6. 6. Шарипов Нусратулло Зайдуллоевич – н.и.п., и.в. дотсент
  7. 7. Мақсадов Ҳабибулло Исматович – н.и.т., и.в. дотсент
  8. 8. Шокамолва Ҷилва Абдуназаровна – н.и.ф.м., и.в. дотсент
  9. 9. Файзмамадова Лолазор Гадомамадовна – н.и.ф.м., и.в. дотсент
  10. 10. Валиев Наҷиб Ғуломамадович – н.и.ф.м., муллими калон
  11. 11. Мисоқов Ғоибшоҳ Муҳаммадиевич – муаллими  калон
  12. 12. Назарамонова Ҳалима Имомёрбековна – муаллими  калон
  13. 13. Аҳмадова Паригул Бегмуродовна – муаллими  калон
  14. 14. Одинабеков Хусрав Вафобекович – муаллими  калон
  15. 15. Абдуллоева Амина Манзаровна – ассистент
  16. 16. Махсумова Умеда Фузайловна – оператор

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top