Озмоишгоҳҳо

Озмоишгоҳи кимиё ва молшиносӣ

Озмоишгоҳ 16 ҷойи нишаст дорад, ки барои гузаронидани корҳои озмоишии кимиёвӣ аз фанҳои: микробиология ва назорати технокимиёвӣ назорат дар соҳа, биотехнология, кимиё ва биокимиёи соҳа мавриди истифода қарор мегирад.

Дар озмоишгоҳ ҷиҳози зерин: тарозуи аналитикӣ, ҳаммоми обӣ, ҳаммоми равғанӣ,  микроскопи рақамӣ, микроскопи биологӣ, автоклаваи мизии горизонталӣ, ченкунаки портативии туршнокӣ, ченкунаки мизии туршнокӣ, ҳароратсанҷи лазерӣ, рефрактометри рақамӣ, блендер, эксикатор, намисанҷ ва дигар асбобҳо мавҷуданд.

Дар озмоишгоҳ корҳои зерин гузаронида мешаванд:

  1. Стрелизатсияи моддаҳои хушк;
  2. Баҳодиҳии визуалии намуди моддаҳо;
  3. Кор бо микроскоп;
  4. Баҳодиҳии микробиологӣ ба моддаҳои хӯрока;
  5. Муайянкунии моддаҳои хушк ва моеъ;
  6. Муайянкунии зичии моддаҳо хушк ва моеъ.
  7. Муайянкунии дуруштии об.

Озмоишгоҳи хӯроки умумӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 феврали соли 2017  дар мулоқот бо  роҳбарону фаъолон ва намояндагони  сокинони шаҳри  Душанбе оиди баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки омма дастуру супоришҳои қатъи дода қайд намуданд: «Масъулини  соҳа  ҳолати  хизматрасонӣ  дар  ошхона  ва  нуқтаҳои хўроки  умумии  омодакунандаи  таомҳои  миллиро  ба тартиб дароварда,  ба  масъалаи  риояи  меъёрҳои  тозагиву  санитарӣ,  сифати маҳсулоти  хўрока  ва  санъати  баланди  хўрокпазӣ  ва  хизматрасонӣ диққати  аввалиндараҷа  диҳанд».

Соҳаи хӯроки умумӣ ва сервиси тарабхона – муаррифгари тамаддуни халқу миллат мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Имрӯз аз тамоми давлатҳои ҷаҳон сайёҳон ва дигар меҳмонон ба ҷумҳурии мо ташрифоварда, аз хӯрокҳои миллии мо пурсон мегарданд.  Ин боиси дучанд гардидани салоҳияти омӯзгорон нисбати омода намудани мутахасисони боистеъдод ва дар сатҳи байналмилалӣ оиди  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳою соҳаи хӯроки умумӣ, муаррифии расму оини миллати куҳанбунёди тоҷик ва мақому манзалати кишвар мебошад.

Озмоишгоҳи хӯроки умумӣ барои гузаронидани дарсҳои амалии донишҷуён, пухтупази таомҳои миллӣ ва аврупоӣ бо таҷҳизотҳои муосири ҳозиразамони соҳаи хӯроки умумӣ ҷиҳозонида шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top