КАФЕДРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ МОЛҲО, ТЕХНОЛОГИЯ ВА СЕРВИСИ ТАРАБХОНА

Соли 2020 дар донишгоҳ бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассусӣ тағйироти сохторӣ гузаронида шуд ва дар асоси қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 25-уми августи соли 2020 кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ ба ду кафедра – фаъолияти гумрукӣ ва экспертизаи молҳо, технология ва сервиси тарабхона тақсим гардид.

Фаъолияти кафедраи экспертизаи молҳо, технология ва сервиси тарабхона аз 1-уми сентиябри соли 2020 оғоз шудааст. Айни ҳол вазифаи  мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ Хубони Сорбон иҷро менамояд.

Ихтисосҳо

Кафедра мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

         Зинаи  бакалавриат:

         1-250109-Молшиносӣ ва муоинаи мол

          1-91010101-Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки омма

          1-910201-Сервиси тарабхона ва меҳмонхона зинаи магистратура:

          1250109-Молшиносӣ ва муоинаи мол

          1-910201-Сервиси тарабхона ва меҳмонхона

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар вазифаҳои зерин кор ва фаъолият бурда метавонад:

Ихтисоси 1-250901- Молшиносӣ ва муоинаи мол

  • Палатаи савдо ва саноат
  • Хадамоти гумрук
  • Агентии Тоҷикстандарт
  • Анборҳои фурӯши яклухт
  • Ташкилотҳои экспертӣ ё озмоишгоҳҳои махсуси экспертиза ва сертификатсияи молҳо

Ихтисоси 1-910201- Сервиси тарабахона ва меҳмонхонаҳо

Restaurater- муассис, соҳиби тарабхонаҳо (шабакаи тарабхонаҳо). 

  • Мутахассиси шуъбаи хӯроки умумии назди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • корхонаҳои савдо ва маҳсулоттайёркунии Тоҷикматлубот
  • директори тарабхона
  • директори маркетингии муассисаҳои хӯроки умумӣ
  • директори маркетингӣ

Чун қоида, ресторатор дар консепсияи тарабхона ошпазро интихоб мекунад.

Ихтисоси 1-910101- Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ

  • технолог
  • мутахассиси шуъбаи хӯроки умумии назди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • корхонаҳои савдо ва маҳсулоттайёркунии Тоҷикматлубот,
  • Палатаи савдо ва саноат,
  • мудири тарабхона.
  • муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр
  • мудири тарабхона
  • менеҷер дар муассисаҳои хўроки омма

Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мисоли “Тоҷикстандарт”,  муассиаҳои хуроки умумӣ, корхонаҳои саноатӣ ва мағозаҳо кор карда метавонад.

Инсоне, ки ин касбро гирифтааст, бешубҳа дар зиндагӣ нопадид нахоҳад шуд: вай имконияти аз ҳама бештари кор дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top