Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 24 сол боз ин ҷониб фаъолият менамояд. Кафедраи мазкур дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои илмӣ таҳти № 11 аз 14.07.1995с. таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодааст.

Омодагии фаъолияти кафедра дар давраҳои аввали таъсисёбӣ ба пайдо кардану интихоби мутахассисон вобастагӣ дошт. Дар рӯзҳои аввали фаъолияти кафедра дотсентон Қурбонмуродов М.Б., Утаганов А.А., Ғаффоров Ш., Хоҷаев Ғ. ҳиссагузорӣ намуда, вазифаҳои ташкилу амалисозии фаъолияти кафедраро ба души худ гирифтанд.

Тӯли солҳои фаъолият роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонмуродов М.Б. (солҳои 1995 - 2003); номзади илмҳои география, дотсент Утаганов А.А. (солҳои 2003 - 2008); номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоҷаев Ғ.Ҳ. (солҳои 2008 - 2013); номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Б.Т. (солҳои 2013 - 2017) ба зимма доштанд. Аз соли 2017 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Қурбонова З.М. иҷро намуда истодааст.

Вобаста ба нишондоди барномаи таълимӣ фанҳои асосии кафедра фанҳои зерин буданд: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодиёти беруна, фаъолияти иқтисодиёти берунаи корхона, банақшагирии хоҷагии халқ, иқтисодиёти муҳити атроф, географияи ҷойгиркуни қуваҳои истеҳсолкунанда ва ғайраҳо.

Дар ибтидои фаъолият ба устодон дар ин кафедра лозим омад, ки дар асоси сиёсати иқтисодии нав барномаҳои илмӣ – методӣ барои навиштани корҳои дипломӣ, курсӣ, санҷишӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолиро омода созанд. Барои кафедраи навтаъсис, ҳамчунин дарёфти китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, аёниятҳо, ҳуҷҷатгузориҳо ниҳоят зарур буданд. Омӯзгорони кафедра бошад, вобаста ба талаботҳои замонавӣ дар самти пайдо намудани мутахассисони варзида мунтазам дониши худро такмил дода, усулҳои нави машғулиятгузаронӣ, гузаронидани дарсҳои назариявию амалиро ҷорӣ намуданд.

Дар кафедра барои гузаронидани дарсҳои намунавӣ устодони бисёр маъмули кишварамон низ ба кор даъват карда шуданд.

Дар солҳои аввали фаъолияти кафедра барои донишҷӯён академик Раҳимов Р.К. аз фанни иқтисодиёти ҷаҳон, д.и.и., профессор Султонов З. аз фанни ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, д.и.и., профессор Сангинов О. аз фанни ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, д.и.и., профессор Ҳабибов С.Ҳ. аз фанни иқтисодиёти корхона, ҳамчунин солҳои тӯлонӣ дар кафедра устоди варзидаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон Вафоев И., корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Баҳромов Р., олим ва соҳибкори маъмули Тоҷикистон Оймаҳмадов М. машғулиятҳои лексионӣ ва семинарӣ гузарониданд.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон донишҷӯёни хело ҳам фаъол таълим мегиранд. Исботи ин гуфтор он аст, ки донишҷӯёни ин ихтисос дар озмунҳои фаннӣ дар байни донишгоҳҳои Тоҷикистон 4 маротиба шоистаи ҷои аввал шуданд. Бисёр хатмкардагони ин ихтисос рисолаҳои номзадиро ҳимоя карданд, инчунин дар корхонаю вазоратҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷа кору фаъолияти хуб менамоянд.

Устодони кафедра тавонистанд, ки зиёда аз 20 воситаҳои таълимии курси лексияҳоро нависанд ва шумораи зиёди дастурҳои методиро омода намуда ва ба донишҷӯёну хонандагони гуногун пешниҳод намоянд.

Аз соли 2015 дар назди кафедра ихтисоси дигар, яъне ташкили робитаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт.

Номи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои олимонӣ донишгоҳ таҳти № 3 аз 24.10. 2017 с. ба кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ иваз карда шуд.

Аз 2-юми майи соли 2021 Ҷамшед Машокиров дар вазифаи мудири кафедра фаъолият менамояд.

Ҳоло дар кафедра устодони зерин фаъолият намуда ҷараёни таълимро пеш бурда истодаанд. Аз ҷумла омӯзгорони ботаҷриба ва собиқадор: Дӯстбоев Шодимурод (профессор); Хоҷаев Парвиз Давронович (профессор); Хоҷаев Ғулом (дотсент); Акбаров Абдураҳим (дотсент); Расулов Ғафур (дотсент); Хоҷабекова Г.А. (дотсент); Азизова Назира (м/калон); Шокирова Шарифа (м/калон); Амонатова Маҳбуба (м/калон); ассистентон: Давлатов Насим, Нурмаҳмадов Замир, Рустамов Фитрат, Ҳайдарова Манижа, Қодирова Замира, Қурбонов Маъруф, Муртазо Аҳмад.

Дар шароити имрӯза устодони кафедра фанҳои тахассусии зеринро ба донишҷӯён меомӯзонанд: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, бизнеси байналхалқӣ, туризми байналхалқӣ, фаъолияти иқтисодии берунаи корхона, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ, сармоягузории хориҷӣ, географияи иқтисодӣ ва минтақашиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демографии он, конвенсияи байналхалқии шартнома оиди савдо, давлат ва бизнес, ҳаракатҳои байналхалқии кооперативӣ, савдои байналхалқӣ, асосҳои дипломатияи иқтисодӣ, ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ, сиёсати иқтисодӣ, PR дар корхонахо, стратегияи инвеститсионӣ, иқтисодиёти сабз, этикаи бизнеси байналмилалӣ, кишваршиносӣ, асосҳои фаъолияти иқтисодии беруна, фаъолияти иқтисодии берунии Тоҷикистон, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, асосҳои дипломатия, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, низоъҳои байналмилалӣ ва роҳҳои ҳал намудани онҳо, дипломатияи сиёсӣ ва иктисодӣ, хадамоти консулгарӣ, хизмати дипломатӣ, русум ва ташрифоти дипломатӣ, сиёсати дохилӣ ва берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, этнография ва этнополитика, масъалҳои муосири ҷаҳонӣ, сиёсати берунии мамлакатҳо, сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи дипломатия, сиёсати ҷаҳонӣ ва ғ.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top