Кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

Зиёда аз 10 сол мешавад, ки мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдориро тайёр мекунад. Мутахассисони ихтисоси 25.01.04.02 – Кори бонкӣ метавонанд дар идора кардани фаъолияти бонкҳои тиҷоратию давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд, инчунин дар фаъолсозии раванди муомилоти пулӣ ва қарзӣ, бозоромӯзии бозори бонкдории кишвар ва солимгардонии соҳаи бонкдории муосир иштирокчии фаъол бошанд.

Дар шароити муосир соҳаи бонкӣ ва мутахассиси  ихтисоси Кори бонкӣ барои муайянсозии мавқеи бонкҳо дар иқтисодиёти миллӣ ва хизматрасонии шоиста дар раванди гардиши пулию қарзӣ, хизматрасониҳои  ғайринақдӣ ва кор бо барномаҳои байналмиллалии соҳаи бонкӣ ҳамчун саҳмгузорон ва донандагони муомилаи сатҳи олӣ мебошанд. Барои иқтисодиёт ва истеҳсолот яъне ҷамъият донандагони гардиши пулию қарзӣ ва таъминкунадагони муомилоти пулии нақдӣ ва ғайринақдӣ бонкҳо баҳисоб мераванд.

Миссияи (мақсади асосии) кафедраи фаъолияти бонкӣ омода намудани мутахассисони варзидаи касбии бо маҳорат дар соҳаи бонкдорӣ мебошад.

Дар кафедра ҳайати мутахассисони олии касбӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла професорон, дотсентон ва номзадҳои илмҳои иқтисодиёт ва дорандагони сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ  ба донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва лексионӣ бо барномаҳои бонкии замонавӣ дарсҳоро мегузаранд ки 75% - ро ташкил медиҳанд.

 ФАНҲОИ БАЗАВИИ ТАХАССУСИ КОРИ БОНКӢ

  • Фаъолияти бонкӣ;
  • Низоми бонкӣ;
  • Ташкили фаъолияти бонҳои тиҷоратӣ;
  • Ташкили фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон;
  • Идоракунии хавфҳои фаъолияти бонкҳо;
  • Муносибатҳои арзию қарзии байналмилалӣ;
  • Таҳлили молиявии фаъолияти бонкҳо;
  • Муомилоти пулӣ ва қарз;
  • Танзим ва назорати асъор;
  • Фаъолияти бонкдории исломӣ.

БАЗАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Кафедраи фаъолияти бонкӣ, имрӯз бо технологияҳои нави замонавӣ таъмин карда шудааст. Дар назди кафедра бонки таълимӣ муҷаҳҳаз бо барномаи бонкии Ls Bank (ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ) пайваст карда шудааст, ки тариқи ин барнома донишҷӯён аз раванди ҳисоббаробаркунии байнибонкии ғайринақдӣ бархурдор мешаванд.

Кабинети методии кафедра низ бо барномаи бонкии AUMBank пайваст карда шудааст, ки донишҷӯён тариқи ин барнома тамоми амалиётҳои бонкиро мегузаронанд ва ҳатто бо ҳисоботҳое, ки имрӯз бонкҳо ба БМТ, Кумитаи омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор месупоранд, ба пуррагӣ шинос шуда, худи донишҷӯ амалиётҳои бонкиро мегузаронад.

ҶОЙҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Кафедраи фаъолияти бонкӣ ҳамкориҳои худро бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон, БДА ҶТ “Амонатонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСК “ Соҳибкорбонк”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСП “Коммертсбонки Тоҷикистон”, ҶСП Қазкоммертсбонк Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл”, ҶСП ТАҚХ “Ҳамров”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Арванд”, ҶДММ  ТАҚХ “Арғун” ва дагар ташкилотҳои қарзӣ.

Ҳангоми ташаккули барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (пеш аз дифои рисолаи хатм), мавзӯъҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, талаботҳои бахшҳои бонкӣ ва ҳақиқии иқтисодиёт ба инобат гирифта мешаванд.

Аз рӯи натиҷаи таҷрибаомӯзӣ роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз ҷойи таҷрибаомӯзӣ ба кафедра оиди ба кор таъмин намудани донишҷӯёни таҷрибаомӯзи қобилияти коридошта дархост равон менамоянд.

Баъди анҷоми барномаи 4 – сола ба хатмкунандагон дипломи намунаи давлатии бакалавр аз рӯи ихтисоси 25.01.04.02 - Кори бонкӣ дода мешавад.

НИШОНӢ

Тел: +992(37) 234-83-46 +992(37) 234-85-46

Email:   mail@ddtt.tj

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

www: www.tguk.tj

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top