Идоракунии захираҳои меҳнатӣ дар низоми таҳсилоти олии Чумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 2837 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2014

30 октябри соли 2014 дар донишгоҳ семинари Темпус дар мавзӯи «Идоракунии захираҳои меҳнатӣ дар низоми таҳсилоти олии Чумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар семинар намояндагони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла:

- Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;

- Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ;

- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур;

- Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода;

- Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ш. Хуҷанд;

- Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ш. Чкаловск иштирок доштанд.

Мақсади семинар аз моҳокимаи тадқиқотҳои гузаронидаи экспертони мустақили барномаи Темпус доир ба масъалаҳои мубрами идоракунии захираҳои меҳнатӣ дар низоми таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ иборат буд. Дар семинар экспертон доир ба таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Сангинов Н.С., Қодирова З.Ҳ., Шаропов Ф.Р. баромад доштанд.

 

 

Барнома ва маводҳои семинар: Download

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top