Маркази тестии донишгоҳ

Маркази тестии донишгоҳ бо Қарори Шӯрои олимон 7-уми июни соли 2017 таъсис дода шудааст. Он аз 6 воҳиди корӣ-мудири марказ ва 5-нафар оператор-коргузор иборат аст.

Маркази тестӣ 8-адад синфхонаи компютерии мутамарказонидашуда дар факултетҳои донишгоҳ дорад.

Маркази мазкур аз рӯи сохтори тасдиқшуда бевосита дар тобеияти ректори донишгоҳ мебошад.

Сардори Маркази тестии донишгоҳ докторанти PHD, муаллим Дилшод Комилов мебошад.

Н. Ашӯрова, А. Абдуллоева, Н. Боғиев, Дилрабои Э ва Ф. Сайёдзода ба ҳайси оператор-коргузор фаъолият менамоянд.

Дар вақти рейтингу имтиҳонҳо 254-адад компютер мавриди истифода қарор мегирад.

Дар донишгоҳ шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома татбиқ гардида, истифодаи хаттӣ ва электронии онҳо бо технологияи иттилоотию иртиботӣ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ роҳандозӣ карда шудаанд.

Маркази тестӣ дар сомонаи донишгоҳ саҳифаи электронӣ ташкил намуда, дар он маҷмӯи супоришҳои тестӣ, шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома, маводи дастурӣ ва методиро барои гузаронидани имтиҳонҳо ҷойгир кардааст.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маркази тестӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандони он ба Низомномаи низоми кредитии таҳсилот, Низомномаи факултет, Низомномаи кафедра, Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top