Шуъбаи амният ва бехатарӣ

Шуъбаи амният ва бехатарӣ 30-юми декабри соли 2020 таъсис ёфта, мақсади он аз таъмини амният ва бехатарии донишгоҳ иборат мебошад.

Кормандони шуъба низоми рафтуомади шаҳрвандонро назди даромадгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон назорат намуда, молу мулки биноҳои онро ҳифзу нигаҳбонӣ мекунанд ва дар фаъолияти худ ба мудири шуъба ва дар ҳолати фаврӣ ба ректори донишгоҳ итоат менамоянд.

Фаъолияти шуъба дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солона ба роҳ монда шудааст.

Аз 26-уми феврали соли 2021 вазифаи мудири шуъбаро Шокир Шеров ба уҳда дорад.

Шуъба дар доираи вазифа ва уҳдадориҳои зерин фаъолият менамояд:

УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНДОН

Корманд бояд:

– соати 8:00 дар ҷойи навбатдорӣ ба кор шурӯъ намуда, аз шахсе, ки навбатдориро месупорад, мутобиқи “Дафтари қабул ва супоридани навбатдорӣ” бино ва калидҳои ҳуҷраҳои хизматиро қабул кунад;

– вуҷуд доштан ва коршоям будани воситаҳои алоқа, таҷҳизоти назоратӣ, воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро дар бино санҷад, воситаҳои равшанидиҳандаи бинои посбонишаванда ва ҳуҷраи дарбононро аз назар гузаронад;

– вуҷуд доштан ва пурра будани ҳуҷҷатҳои хизматии навбатдориро санҷида, онҳоро аз шахсе, ки навбатдориро месупорад, қабул намояд;

– ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои садамавӣ, ки дар вақти қабул ва супоридани навбатдорӣ ва ҳангоми посбонии бино мушоҳида мегарданд, дар ин бора ба ректори донишгоҳ ва, мудири шуъба хабар дода, онро дар “Дафтари қабул ва супоридани навбатдорӣ” бо нишон додани вақти ҳодиса ва хабар додан ба шахсони мансабдор сабт намояд;

– хусусияти бинои посбонишаванда, ҷойҳои нозуки он, вазъияти кунунии ҷойи посбонӣ, тартиби ҳамкориро бо дастаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар хатсайри мазкур хизмат мерасонанд, донад. Аз воситаҳои алоқаи телефонӣ, тугмачаи даъвати таъҷилии мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин, аз воситаҳои сӯхторхомӯшкунии бинои посбонишаванда истифода бурда тавонад. Шахсеро, ки ҷойи посбонӣ дар итоати он мебошад, инчунин роҳбари бинои посбонишавандаро донад;

– баровардани молу мулкро аз бинои донишгоҳ танҳо бо иҷозати хаттии шахси ваколатдори ректори донишгоҳ, бо сабти он дар дафтар амалӣ намояд;

– молу мулкро дар бинои посбонишаванда боэътимод посбонӣ кунад, ҳуқуқвайронкуниҳоро саривақт пешгирӣ намояд, шахсони бегона, инчунин шахсони дар ҳолати мастӣ қарордошта ва шахсонеро, ки нишонаи аёни касалии рӯҳӣ доранд, ба бинои донишгоҳ роҳ надиҳад;

– молу ашёи шахсии кормандони донишгоҳ, ташкилоти хизматрасон ва меҳмононро ба таври аёнӣ ва ё бо роҳи воситаҳои муоина бо мақсади ошкор кардани силоҳ, моддаҳои заҳрноку тарканда аз назар гузаронад ва кӯшиши аз бинои донишгоҳ беиҷозат баровардани молу ашёро пешгирӣ намояд;

– шахсеро, ки нияти ба таври ғайриқонунӣ баровардани молу ашёи донишгоҳ ва ба бинои он даровардани силоҳ, моддаҳои заҳрноку таркандаро дорад, боздошт намоянд. Дар хусуси молу ашёи гирифташуда дар ду нусха санад таҳия намуда, онро якҷоя бо молу ашёи бозпас гирифташуда барои тафтишу таҳқиқи минбаъда пешниҳод кунад ва доир ба ин ҳолат ба роҳбарияти донишгоҳ маълумот диҳад;

– ҳангоми иҷрои вазифаи посбонии бино талаботи муқаррарнамудаи низоми даромадгоҳ дар донишгоҳ, дастурамали мазкур, дастурамали вазифавии посбонии Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва дастурамалҳои махсуси сӯхтор, садама ва офати табииро ба роҳбарӣ гирад;

– ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ба миён омадани ҳолати фавқулодда дар бино аз дастурамали махсуси сӯхтор, садама ва офати табиӣ истифода барад;

– дар ҳолати дар ҳудуди донишгоҳ содир гардидани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунӣ аз тугмачаи даъвати таъҷилии мақомоти корҳои дохилӣ истифода намуда, дар ин бора ба қисми навбатдории шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи ҷойгиршавии донишгоҳ бо телефони 02 хабар дода, ҷиҳати пешгирии амалиёти қонуншиканон ва дастгир намудани онҳо тадбирҳо андешида, бо қадри имкон дар бораи аломатҳо ва роҳҳои рафтани онҳо ба гурӯҳи фаврию тафтишотӣ хабар диҳад. Дар ҳолати ёфт шудани ҷисм ва бастаҳои шубҳанок фавран ба мақомоти дахлдор, ректори донишгоҳ ва ё муовинони он хабар диҳад;

– дар ҳолати рӯй додани ҳолати фаврии мураккаб (бетартибии оммавӣ, ҳамлаи гурӯҳӣ ё яроқнок) дар донишгоҳ фавран бонги изтиробро тавассути тугмачаи даъвати таъҷилии мақомоти корҳои дохилӣ зер карда, ҷиҳати ошкор сохтани саркорони бетартибӣ чораҳо андешад ва ба қадри имкон дар бораи аломатҳо ва роҳҳои рафтани онҳо ба гурӯҳи фаврию тафтишотӣ хабар диҳад;

– дар ҳолати сӯхтор дар бино фавран ба идораи ҳифзи сӯхтор бо телефони 01 ва ректори донишгоҳ, инчунин, ба мудири шуъбаи амният ва бехатарӣ бо телефон хабар дода, ҷиҳати бартараф намудани сӯхтор, наҷотдиҳии одамон ва молу мулки бино чораҳо андешад;

– дар ҳолати рух додани садамаи техникӣ (вайрон шудани системаи гармидиҳӣ, канализатсия, таъминоти об) фавран хадамоти садамавиро даъват намуда, дар ин хусус ба ректори донишгоҳ хабар диҳад ва ба қадри имкон ҷиҳати бартараф намудани садама ва наҷотдиҳии молу мулки донишгоҳ чораҳо андешад;

– дар ҳолати бемории ногаҳонӣ ба мудири шуъба хабар дода, то ҳозир шудани шахси ӯро ивазкунанда хизматро идома диҳад;

– бо ҳозиршавии ректори донишгоҳ, муовинони он ё шахси мансабдор, ки масъули низоми дохилидонишгоҳӣ мебошад, фавран дар бораи вазъи кунунии донишгоҳ хабар диҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top