Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ  2 – юми феврали соли 2020 таъсис ёфта, мақсади асосии он аз банақшагирӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии тадбирҳо доир ба магистратура, омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогии дараҷаи олӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иборат аст.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати илм ва инноватсия, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Дар магистратураи донишгоҳ мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

- Иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

- Молия ва қарз;

- Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;

- Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона;

- Менеҷмент;

- Молшиносӣ ва муоинаи мол;

- Хадамоти гумрукӣ;

- Ҳуқуқи иқтисодӣ;

- Кори бонкӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон докторантура аз рӯи ихтисос (РhD) яке аз шаклҳои асосии омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ мебошад. Қабул намудан ба докторантура аз рӯи 14 ихтисос ба мақсади омода гардонидани кадрҳои илмӣ – омузгорӣ (доктори фалсафа) тибқи иҷозатнома барои фаъолияти таълимӣ сурат мегирад.

Номгӯи ихтисосҳо ( PhD) дар докторантураи донишгоҳ чунин аст:

Кори гумрукӣ;

Иқтисодиёт: назарияи иқтисод;

Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ ( иқтисодиёти минтақаҳо);

Иқтисодиёт: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо ва комплексҳо ( соҳаи хизматрасонӣ);

Иқтисодиёт ( иқтисодиёти соҳибкорӣ);

Менеҷмент (соҳаи хизматрасонӣ);

Баҳисобгирӣ ва аудит;

Молия;

Маркетинг;

 Иқтисоди ҷаҳонӣ

Усулҳои риёзию инструменталӣ дар иқтисодиёт;

Молшиносии маҳсулоти хӯрока ва технологияи хӯроки умумӣ;

Туризм;

Фаъолият дар тарабхонаҳо ва бизнеси меҳмонхонадорӣ;

Барои таҳсил дар докторантура (PhD) шахсони дорои дараҷаи илмии магистр қабул карда мешаванд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омода намудани доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисос дар асоси шартнома бо пардохти ҳаққи таҳсил аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ сурат мегирад.

Шуъба дар доираи вазифаҳои зерин фаъолият менамояд:

Таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои магистратура, омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии дараҷаи олӣ;

Ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо дар ташкили раванди таълим дар докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура);

 Ташкил ва ба роҳ мондани қабул ба магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) ва назорати иҷрои нақшаҳои фардии докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантҳо) ва унвонҷӯён;

Ташкил намудани хизматрасонии таълимии пулакӣ дар соҳаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии дараҷаи тахассусашон олӣ;

Мониторинг ва таҳлили ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ – педагогӣ ва илмии дараҷаи тахассусашон олӣ;

Гузаронидани ҷаласа, конференсия, мизи мудаввар ва дигар шаклҳои муҳокимаи дастаҷамъонаи масъалаҳои мубрами рушди омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии дараҷаи тахассусашон олӣ;

Ташкил ва назорати гузаронидани аттестатсияи докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантҳо), докторантон ва унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ;

Таҳияи шартномаҳо оид ба омодасозии докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантҳо), докторантҳо ва унвонҷӯёне, ки ба таври ғайрибуҷавӣ қабул карда шудаанд.

Аз 8-уми феврали соли 2021 вазифаи мудири шуъбаро номзади илмҳои филологӣ Нафиса Мустафозода ба уҳда дорад.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

Момагул Тағоева, мутахассис оид ба омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ;

Саидаҳмад Зубайдов, сармутахассис.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top