Парки технологӣ

Парки технологии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 29-уми октябри соли 2013 дар заминаи бонки таълимии донишгоҳ таъсис ёфта,аз 22-юми майи соли 2018 ба Парки технологии “Тоҷирони ояндаи ҷумҳурӣ”табдил дода шудааст.

Мақсади асосии кормандони Парки технологӣ аз татбиқи амалии сиёсати давлатии фаъолияти инноватсионӣ,истифодаи босамари технологияи муосир дар истеҳсолот,навоварӣ ва ҷустуҷӯи ғояҳои нав,истеҳсолу фурӯши маҳсулот,рушду тавсеаи таҳқиқоти илмӣ,омода намудани кадрҳои баландтахассуси болаёқат, гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии мутахассисон, хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот иборат мебошад.

Парки технологӣ фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи Парки технологӣ”, қонунгузории соҳаи маориф, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати илм ва инноватсия, низомномаи Парки технологӣ, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи парки мазкур амалӣ менамояд.

Дар таркиби Парки технологӣ зерсохторҳои зерин фаъолият менамоянд:

-Матбааи хурди “Тоҷир”;

-Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва технологияи хӯроки омма;

-Маркази таълимӣ-хизматрасонӣ ва дастархондорӣ;

-Маркази таълимӣ-меҳмонхонадорӣ;

-Маркази таълимӣ-рушди сайёҳӣ;

-Сехи дӯзандагии таълимӣ-истеҳсолии “Зебо”;

-Ошхонаи донишҷӯён

Аз соли 2017 вазифаи директори Парки технологии донишгоҳро муаллими калон Кенҷа Латифов ба уҳда дорад.

Парки технологӣ вазифаҳои зеринро бояд иҷро намояд:

-таҳия ва ба имзо расонидани шартномаҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди иҷрои кору хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи дӯзандагӣ ва дизайни либос;

-омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дар самти технологияи истеҳсоли хӯроки омма, хизматрасонии муассисаҳои меҳмонхонадорӣ, истеҳсолӣ ва омодасозии тарҳи либосҳои замонавии миллию аврупоӣ ва татбиқи онҳо дар раванди таълим;

-ташкил ва баргузор намудани дарсҳои амалӣ, озмоишӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳ;

-ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкориҳои таълимӣ, пажӯҳишӣ ва хизматрасонии муштарак бо муассисаҳои таълимӣ, хӯроки омма, маҷмааҳои меҳмонхонадорӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва ҷамъиятӣ;

-таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои таҳсилотӣ ва пажӯҳишӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

-ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар тадбирҳои муҳим доир ба масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омма, хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, тарҳрезӣ ва дизайни либос;

-бунёди пойгоҳи маълумот доир ба вазъу ҳолати соҳаҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омма,хизматрасонӣ, истеҳсолӣ ,тарҳрезӣ ва таъмини соҳаҳои мавриди назар бо мутахассисон;

-дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

-ҷалби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантон, унвонҷӯён ва ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ба хотири таҳкими робита ва ҳамгироии илм бо истеҳсолот;

-ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ;

-дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top