Самиев Фахриддин Бобоевич

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ

Соли 2000-ум Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷери фаъолияти гумрук хатм намудааст.

Солҳои 2000-2003 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, солҳои 2000-2007 ба сифати ассистенти кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумруки донишгоҳи мазкур фаъолият намудааст.

23-юми марти соли 2007 бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.     

Аз соли 2008 то соли 2015 дар вазифаи муовини декани факултети фаъолияти бонкӣ оид ба таълим кору фаъолият намудааст.

Cолҳои 2017-2021 вазифаи мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати раёсати таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Аз 11-уми январи соли 2021 ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top