Исупова Басгул Файзуллохоновна

Муовини ректор оид ба тарбия

Соли 2010 Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро хатм намуда, соҳиби дипломи мутахассиси соҳаи иқтисодиёт гардид. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2007 то соли 2011 ба сифати мутахассис ва сипас таҳлилгари молиявӣ дар идораи хавф-менеҷменти ҶСП-и “Бонки рушди Тоҷикистон” фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2016 унвонҷӯи кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд.

Соли 2016 рисолаи илмии худро дар мавзӯи “Мутаносиби сандуқи қарзии бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди хавфи баланд қарордошта дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон муваффақона ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) дар соҳаи иқтисодиёт гардид.

Аз соли 2011 то 2017 ба ҳайси муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДТТ фаъолият намудааст. Аз соли 2017 иҷрокунадаи вазифаи дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ мебошад.

Номбурда аз феврали соли 2020 то январи соли 2021 вазифаи мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро иҷро намудааст.

Аз январи соли 2021 муовини ректор оид ба тарбия таъйин гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top