ҶАВОБҲО БА САВОЛИ “ЧАРО МАН БОЯД ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОНРО ИНТИХОБ НАМОЯМ?”

Донишгоҳ дорои заминаи моддӣ-таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмӣ-омӯзгорӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ мебошад;

Донишгоҳ дорои ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ;

Донишгоҳ кадрҳои аландихтисосро аз дараҷаи бакалавр то доктори илм омода менамояд;

Дар донишгоҳ парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд;

Донишгоҳ нахустин шуда дар ҷумҳурӣ ба татбиқи технологияи кредитии таҳсил  ва таҳсилоти фосилавӣ оғоз намуд;

Донишгоҳ аввалин шуда дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ соҳиби аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гардидааст;

Дар донишгоҳ гурӯҳҳое ташкил карда шудаанд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст;

Донишгоҳ бо зиёда аз 60 муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии хориҷи кишвар ҳамкори менамояд ва донишҷӯён дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои байналмилалӣ имконияти васеи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ, Аврупо, Осиё ва Амрикоро доранд;

Дар тӯли 5 соли охир беш аз 20 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ғолиби озмуни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд;

Хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар  дар вазифаҳои роҳбарӣ ва масъулиятнок фаъолият доранд;

Дар донишгоҳ фаъолияти тарбиявӣ – фарҳангӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Дастаи донишҷӯёни донишгоҳ “Тоҷири Аҷам” ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Маҳфили зарифон” аст;

Маҷмааи арзишии донишгоҳ ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногун имкон медиҳанд, ки донишҷӯён ба тарзи ҳаёти солим фаро гирифта шаванд;

Донишгоҳ дорои 2 Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад. 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top