Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ

Муқаррароти умумӣ

Қоидаҳои қабули донишҷӯёни ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи” ва Низомномаи  намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия гардидааст.

Бо макқсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки муассисаи таҳсилоти  миёнаи касбиро хатм намудаанд, ташкил ва гузаронидани суҳбати қабули онҳо бо фармоиши ректор (директор)-и муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ комиссияи  қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ректор( директор) ё муовини ректор (директор) оид ба таълим мебошад.

Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  танҳо бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули  довталабонро аз рӯи равия ва ихтисосҳои дар замимаи  иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ буда расман эълон намояд.

Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст, ки довталабон ро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатномаи аккредитатсисияи давлатӣ шинос намояд.

Қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  барои идомаи таҳсил   баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо аз рӯи равия ва самти ихтисосҳои амалкунанда, аз ҳисоби ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномаҳои дар доираи замимаи  иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи саволномаҳои суҳбатро аз рӯи равия ва ихтисосҳо таҳия намуда, теъдоди қабули донишҷӯёнро тибқи нақшаи қабул аз рӯи равия ва ихтисосҳои амалкунанда аз ҳисоби буҷети қумҳурӣ ва шартномавӣ эълон намояд.

2.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро (давлатӣ ва ғайридавлатӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё шартномавӣ бо “Дипломи аъло”  хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати самти ихтисос ба курси 2-юми шуъбаҳои рӯзона ва ё ғоибона (фосилавӣ)- муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бе озмун қабул карда мешаванд.

3.Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, пас аз 3 сол хатм ва фаъолияти корӣ дар истеҳсолот дар сурати мувофиқати равия ва самти ихтисос бо назардошти мавҷудияти фарқият дар ҳаҷми то 18 кредит ба курси 2-юми шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи (фосилавӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ба ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ) тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

4.Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм ва собиқаи кории на камтар аз 3-сол дар истеҳсолот доранд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом (асл) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, хислатнома аз ҷойи кор) дар сурати мувофиқат намудани равия ва самти ихтисос ба курси 2-юми шуъбаҳои рӯзона ва ё ғоибонаи (фосилавӣ)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (ба ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ) тариқи озмун қабул карда мешаванд.

5.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббиро хатм кардаан, танҳо бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисосҳои биология ва химияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи талаботи Қоидаҳои қабули мазкур кабул карда мешаванд.

6.Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд ва зиёда аз панҷ сол собиқаи кори омӯзгорӣ доранд, ба курси 2-юми шуъбаи ғоибонаи (фосилавӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (соҳаи омӯзгорӣ) аз рӯи натиҷаи суҳбат бе озмун қабул карда мешаванд.

7.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба камиссияи қабул аз 01 июл то 10 август ба муҳлати гузаронидани озмун бо довталабон аз 11 то 20 август муқаррар карда мешавад.

8.Ҳуҷҷтҳое, ки довталабон ба камиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод менамоянд:

-ариза ба номи ректор (директор);

-ҳуҷҷат дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ- асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).

9.Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

10.Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншудаи комиссияи озмун бесабаб ҳозир нашудаанд, аз озмун нагузашта ҳисобида мешаванд.

11.Дар сурати қаноатманд намудан аз суҳбат довталаб ҳуқуқ дорад, ки ҳуқуқи хаттӣ ба комиссияи қабул муроҷиат намуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 3 рӯз тариқи апеллятсия (комиссия апеллятсионӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат намуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад.

12.Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ба амал бароварда мешавад.

13.Натиҷаи суҳбат дар протоколи махсус қайд карда мешавад (нусхаи протокол замима мегардад).

14.Риоя ва иҷрои Қоидаҳои қабули мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ҳамтӣ мебошад.

15.Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 натиҷаи фаъолияти кори комиссияи қабул то 20 сентябри соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top