Хобгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хобгоҳ мавҷуд аст, ки он аз се бинои истиқоматӣ ва 190 ҳуҷра иборат аст. Ҳар як бинои хобгоҳ толор, ҳаммом, либосшӯйхона ва ошпазхона дорад.
Ҳар сол аз ҷониби Раёсати донишгоҳ барои таъмири капиталию ҷории хобгоҳ ва харидани маводди лозима маблағи муайян ҷудо мегардад.
Дар хобгоҳ аз ҳамаи ноҳияҳои кишвар донишҷӯён истиқомат мекунанд.


Дар ошёнаи 2-юми се бинои хобгоҳ омӯзгорону аспирантон ва кормандони донишгоҳ бо аҳли оилаи худ зиндагӣ мекунанд.
Раиси хобгоҳ Қурбон Собиров ва комендантони хобгоҳ Мунаввара Бобоева, Сайёра Ҳасанова ва Ҷамшед Қодиров мебошанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top