Шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ

Шуъбаи тарбия ва корҳои ташкилӣ дар соли 2008 ташкил гардид ва нахустин мудири он Қудратулло Пиров буданд.
Суҳбатулло Ашӯров аз 1-уми ноябри соли 2018 мудири шуъба таъйин карда шудааст.
Кормандони шуъба аз мутахассисони зерин иборат аст:

- Ҷамила Ғафурова, мутахассис доир ба занону донишҷӯдухтарон;
- Зоир Султонов, мутахассис;
- Музаффар Мӯсоев, сардори бунгоҳи тиббӣ;
- Хайриниссо Маҳмадова, ҳамшираи шафқат.

Кормандони шуъба барои баланд бардоштани сатҳи тарбиявию ахлоқии донишҷӯён, тарбияи ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, экологӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии муҳассилин, ташкил намудани озмуну ҳамоиш, ҷашну маросим, созмон додан ва гузаронидани сабқатҳои гуногуни варзишӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон саъю кӯшиш мекунанд. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони шуъба тарзи либоспӯшии донишҷӯён ва муомилаю муоширати онҳо бо омӯзгорону кормандон ва дигар қишрҳои ҷомеаи имрӯза назорат карда мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top