Шуъбаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ

Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз давраи таъсисёбии донишгоҳ ташкил карда шудааст.

Кормандони марказ ҳангоми фаъолият аз рӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба техникаву технологияи нав амал мекунанд. Доираи фаъолияти кормандон ба ҳайси муҳандис-барномасоз ва корманди техникӣ аз кори таъмиру профилактикӣ, ёрии саривақтии техникӣ, нусхабардорӣ, муоинаи маводи компютерӣ ва хидматрасонии техникӣ иборат аст.

Онҳо истифоди дурусту манфиатовари техникаи компютериро дар ҳар як сохтори донишгоҳ ба таври мунтазам назорат, таҳлил ва санҷиш намуда, барои истифодаи беҳтару мақсадноки он аз ҷониби омӯзгорону мутахассисон пешниҳоду тавсияи муфиду асоснок мекунанд, ки ин далели саҳми арзандаи онҳо дар татбиқи сиёсати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар донишгоҳ мебошад.

Аз 2-юми октябри соли 2017 Худоёр Сафаров сарварии Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳро ба уҳда дорад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва ҳоло унвонҷӯи шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи ДДТТ мебошад.

Имрӯз дар марказ муҳандис-барномасоз Додихудо Содиқов, мутахассис оид ба назорати камера Иброҳим Абдуллоев, кормандони техникӣ оид ба таъмир Шамс Ғафуров, Абдурасул Кенҷаев, Умед Гулов, Ҳабибулло Ҳакимов ва корманди техникӣ оид ба барномаи Алфа-экспрес Парвиз Абдулҳаев кору фаъолият мекунанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top