Матбааи хурди "Тоҷир"

Матбааи хурди “Тоҷир” дар моҳи октябри соли 2013 ташкил гардидааст.

Матбааи мазкур дар замони рушди босуръати илму технологияи муосир яке аз сохторҳои муҳимму зарурии донишгоҳ ба шумор меравад. Мутахассисони матбаа пайваста нақшаву барномаҳои таълимӣ, пурсишнома (тест), китобу маҷаллаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, ифтихорномаву даъватномаҳо ва маводи гуногунро бо сифати баланд ва ороиши зебо чоп менамоянд.

Нахустин сардори Матбааи хурди “Тоҷир” Давлатҷон Аҳмадов мебошад, дар солҳои 2013-2014 фаъолият кардааст. Фирдавс Соҳибов дар солҳои 2014-2015 ба ҳайси сардори матбаа кор намудааст.

Раҷабмурод Ғафуров аз моҳи сентябри соли 2015 то ба имрӯз дар вазифаи сардори Матбааи хурди “Тоҷир” кору фаъолияти арзанда дорад.
Неъматулло Садиров аз моҳи ноябри соли 2018 ба ҳайси нусхабардор ва корманди техникӣ иҷрои вазифа менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top