Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат бо қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз 7.06.2017, таҳти №13 дар заминаи маркази бақайдгирӣ ва машварат, ки соли 2007 таъсис ёфта буд, ташкил карда шудааст. Сохтори мазкур аз соли 2005 то соли 2007 ҳамчун офиси бақайдгирандаро сабти ном шуда буд. Роҳбарони шуъбаро дар муддати солҳои зиёд мутахассисони зерин ба уҳда доштанд:

• Зебиниссо Амонӣ, солҳои 2005-2008;
• Раҳмоналӣ Мирзоев, солҳои 2008-2012;
• Беҳрӯз Бӯриев, солҳои 2012-2017;

Аз соли 2017 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Фахриддин Самиев ба ҳайси мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат кору фаъолият менамояд.

Ҳоло дар шуъба чор нафар бақайдгиранда: Саидов Н.Р., Саладорова А.К., Тӯрахонзода С. ва Саидова Н.С., кору фаъолият доранд. Дар солҳои гуногун дар шуъба мутахассисон Шокирова Ш., Сафарова Б., Табарова М., Ҳасанова З., Содиқов Д., Қудратова Д., Бобораҷабова З., Тӯлиев М., Маҳмадқулова Ш., Ёдалиева И. ҳамчун бақайдгиранда кору фаъолият намудаанд.

Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот зарурияти таъсис додани вазифаи эдвайзер (мушовири академӣ)-ро ба вуҷуд овард. Нахустин эдвайзер омӯзгори варзидаи донишгоҳ дотсент Ҳусейнов Б.А. мебошад. Вазифаи эдвайзер дар низоми таҳсилоти олии касбии кишвар падидаи нав ба ҳисоб мерафт. Минбаъд омӯзгорони ботаҷриба Ахмедов А., Ҳасанова Ф.Н., Дилоев Н. ва Насриддиниён Б. дар вазифаи эдвайзер пурмаҳсул фаъолият намуданд.

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат дар низоми кредитии таҳсилот яке аз сохторҳои асосии донишгоҳ ба шумор рафта, фаъолияти таълимии донишҷӯён дар давраи таҳсил ба он алоқаи зич дорад. Айни ҳол фаъолияти шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат пурра автоматикунонида шудааст.

Дар донишгоҳ тамоми сохторҳои донишгоҳ, аз ҷумла, маъмурият, шуъбаи кадрҳо, муҳосибот, раёсати таълим, факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳо автоматикунонида шудаанд.

Ҳангоми автоматикунонии раванди таълим дар базаи маълумотҳо барои ҳар як донишҷӯ маълумоти саҳеҳ ҷойгир карда мешавад ва ҳар як донишҷӯ рамзи худро дорад. Масалан, рамзи 201711023 чунин маъно дорад: чор рақами аввал соли дохилшавӣ, рақами панҷум рамзи факултет, рақами шашум рамзи ихтисос ва се рақами охир рақами сабти донишҷӯ дар ихтисос мебошад.

Автоматикунонии раванди таълим имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба фаъолияти худ, раванди таълим ва натиҷаҳои он ба тавассути технологияи иттилоотӣ маълумоти пурра гиранд.

Донишҷӯён ва омӯзгорон баъди гирифтани маълумот, натиҷаи фаъолияти худро таҳлил намуда, фаъолияти минбаъдаи худро мукаммал мегардонанд.

Автоматикунонии раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳу сифати тайёркунии мутахассисони оянда саҳми калон мегузорад. Рӯйхати фанҳои интихобии донишҷӯён дар соли таҳсил барои муаррифӣ, натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтинги 1 ва 2) ва ҷамъбастӣ аз тарафи шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат ба садорати факултетҳо ва донишгоҳ ирсол карда мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top