Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим

Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим тибқи қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз 7.06.2017, таҳти №13 таъсис дода шудааст. Роҳбарии шуъбаро аз 8-уми ноябри соли 2017 то моҳи октябри 2018 номзади илмҳои физика ва математика Зафар Маҳмадуллоев ба уҳда дошт. Аз 1-уми ноябри соли 2018 номзади илми иқтисодӣ, дотсент Абдурасул Ҷабборов ба ҳайси мудири шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим фаъолият менамояд. Ҳоло дар шуъба Мавҷуда Шарипова, Ҳоҷибибӣ Ғуломова, Ҳисомуддин Набиев, Маъруф Қурбонов ва Қурбоналӣ Кабутов ҳамчун мутахассис кор мекунанд. Банақшагирӣ ва назорати раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳо ва нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашуда сурат мегирад.

Барои татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ оид ба ҳар як самт (ихтисос) шаклҳои зерини нақшаҳои таълимӣ таҳия ва истифода шуда истодаанд:

-нақшаи таълимӣ, ки аз ҷониби Шӯрои олимони ДДТТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, мазмун ва ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёнро муайян мекунад;

-нақшаи таълимии фардӣ, ки аз ҷониби ҳар як донишҷӯ таҳия шуда, самт (траектория)-и таҳсилоти ӯро муайян мекунад;

-нақшаи таълимии корӣ, ки дар асоси нақшаҳои таълимӣ ва фардӣ таҳия шуда, барои тартиб додани ҷадвали раванди таълим, ҳисоб кардани ҳаҷми меҳнатталабии донишҷӯён оид ба фанҳои таълимӣ ва сарбории таълимии омӯзгорон истифода мешавад.

Ташкили раванди таълим дар як соли таҳсил дар асоси тақвими академӣ, ки бо қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори донишгоҳ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Аз ҷониби кормандони шуъба банақшагирии сарбории таълимии омӯзгор дар шакли сарбории таълимии фаъол (гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ тибқи ҷадвали дарсии тасдиқшуда бевосита дар аудитория) ва сарбории таълимии ғайрифаъол (намудҳои дигари корҳои таълимӣ, ки берун аз аудитория иҷро карда мешаванд) ба роҳ монда мешавад.

Мутахассисони шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим ба ҷамъоварии маълумот аз кафедраҳо, назорати таҳияи ҷадвали дарсӣ, аттестатсияи ҷорӣ ва давлатӣ дар ҳама шаклҳои таҳсил ва муҳлати таҳсил, назорати риояи ҷадвали дарсӣ дар ҳама шаклҳои таҳсилот машғул мебошанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top