КИТОБХОНА
______________________________________________________________________________________

Китобхонаи донишгоҳ ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва хазинаи бузурги маънавӣ дар соли 1987 ташкил гардидааст.

Нахустин китобҳо аз донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Санкт – Петербург ва Новосибирк оварда шудааст.

Шумораи фонди китобхона дар солҳои охир дар асоси лоиҳаҳои муштараки масъулини барномаи “Tempus”-и Иттиҳоди Аврупо, ҳадяи роҳбарону коршиносони ташкилоту хазинаҳои байналмилалӣ ба мисли “Евраазия”, “Сорос”, “Када”, Маркази бизнес ва таҳсилоти иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони илмдӯсти саховатпеша боз ҳам афзунтар гардидааст.

Дар китобхона зиёда аз 28060 нусха адабиёти илмӣ, 218621 нусха адабиёти таълимӣ ва 6720 адад брошюра вуҷуд дорад.

Китобхона зиёда аз 4500-нафар хонанда дорад. Дар ин ҷо 2 толори хониш барои омӯзгорону донишҷӯён, толори китобхонаи электронӣ, толор барои гузаронидани ҳамоишу конфронс, утоқи абонемент ва махзани китоб мавҷуд аст.
Дар толори электронӣ зиёда аз 50 компютери навинтарин ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст.

Дар хазинаи электронии китобхона зиёда аз 12 ҳазор китоби таълимӣ-илмӣ ба се забон мавҷуд аст.

Китобхонаи электронӣ усули нави ба хонандагон пешниҳод кардани китоб ва маълумот дар компютер мебошад. Маводи иттилоотӣ дар шакли электронӣ таҳия ва мазмуну мундариҷаи китоб дар диск сабт карда шуда, аз тариқи компютер хонда мешавад. Дар ин ҷо диски таълимӣ ва диски фанҳои гуманитарӣ мавҷуд буда, барои истифодаи донишҷӯёну омӯзгорон мувофиқ аст ва дар он барои хонанда ҳамаи маълумоти зарурӣ гирдоварӣ шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ 380 диски таълимӣ аз фанҳои гуногун ба забонҳои русӣ ва англисӣ мавҷуд аст.

Вазифаи асосии кормандони китобхона аз ин иборат аст;

  1. – қонеъгардонии талаботи иттилоотии бисёрсоҳавии хонандагон;
  2. – муайяннамоӣ, тадқиқот ва татбиқи технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти корӣ;
  3. – нигоҳдории мавқеи пешсафӣ дар байни дигар китобхонаҳои макотиби олии ҷумҳурӣ;
  4. – мусоидат ба маълумотнокии иттилоотӣ дар соҳаи китобдорӣ ва рушди самтҳои илмӣ-татқиқотии донишгоҳ дар шароити имрӯза;
  5. – нигоҳдории бойигарии фонди китобхона ва мероси илмии донишгоҳ.

Кормандони китобхона, асосан, ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ хидмат мерасонанд.

Дар китобхона ҳар сол ба бештар аз 20 номгӯи рӯзномаю маҷаллаи ҷумҳурӣ обуна мешаванд.

Аз 16-уми декабри соли 2001 Гавҳар Мадиева ба ҳайси мудири китобхона фаъолият менамояд.

Дар китобхона 7-нафар мутахассис кор мекунад:

1. Мавлуда Гулова, китобдори калон.
2. Рухсора Мамаднаимова, китобшинос.
3. Малика Сатторова, китобдори калони китобхонаи электронӣ.
4. Навраста Дӯстова, китобдор.
5. Фотима Назарова, китобдор.
6. Замира Раҳмонова, китобдор.
7. Фаризаи Ҳасратшоҳ, оператори китобхонаи электронӣ.

 

Китобхонаи илмӣ

Китобхонаи илмии донишгоҳ  ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва хазинаи бузурги маънавӣ 31-уми декабри соли 2020 дар заминаи китобхонаи донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Кормандони китобхонаи илмӣ фаъолияти худро дар асоси сиёсати фарҳангпароваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати илм ва инноватсия, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамоянд.

Нахустин китобҳо ба китобхонаи илмӣ аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Новосибирск оварда шудаанд.

Шумораи хазинаи  китобхонаи илмӣ аз маводи зерин иборат аст:

-китобҳои илмӣ -23766 адад;

-китобҳои дарсӣ – 53869 адад;

-китобҳои бадеӣ - 4103 адад

Фонди умумии китобхонаи илмӣ зиёда аз 80 ҳазор адад китобро ташкил медиҳад.

Китобхонаи илмӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар хонанда дорад. Дар ин ҷо ду толори хониш барои омӯзгорону донишҷӯён, ду толори китобхонаи электронӣ, утоқи абонемент ва махзани китоб мавҷуд аст.

Дар толори хониши электронӣ беш аз 19 ҳазор китоби таълимӣ –илмӣ ба се забон вуҷуд дорад.

Китобхонаи электронӣ усули нави ба хонандагон пешниҳод намудани китоб ва маълумот дар компютер мебошад. Маводи иттилоотӣ дар шакли электронӣ таҳия ва мазмуну мундариҷаи китоб дар диск сабт карда шуда, аз тариқи компютер хонда мешавад. Дар ин ҷо диски  таълимӣ ва диски фанҳои гуманитарӣ мавҷуд буда, барои истифодаи донишҷӯён ва омӯзгорон  мувофиқ аст ва дар он барои хонандагон ҳамаи маълумоти зарурӣ гирд оварда шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ 360 диски таълимӣ аз фанҳои гуногун ба забонҳои русию англисӣ  ва фанҳои тахассусӣ мавҷуд аст.

Мақсад ва вазифаи асосии кормандони китобхонаи илмӣ чунин аст:

-қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии бисёрсоҳавии хонандагон;

-муайяннамоӣ, таҳқиқот ва татбиқи технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти корӣ;

-нигоҳдории мавқеи пешсафӣ дар байни дигар китобхонаҳои илмии макотиби олии кишвар;

-мусоидат  намудан ба маълумотнокии иттилоотӣ дар соҳаи китобдорӣ ва рушди самтҳои илмӣ – таҳқиқотии донишгоҳ дар шароити имрӯза;

-нигоҳдории дороии фонди китобхона ва меросии илмии донишгоҳ;

Дар китобхона ҳар сол ба бештар аз 25 номгӯи рӯзнома ва маҷаллаи ҷумҳурӣ обуна мешаванд.

Дар китобхонаи илмӣ шумораи зиёди китобҳои илмию таълимӣ ва бадеӣ ба забонҳои гуногун мавҷуд аст:

-ба забони тоҷикӣ:  33 ҳазору 307 адад;

-ба забони русӣ:  32 ҳазору 679 адад;

-ба забони ӯзбекӣ ва забонҳои дигар:  54 адад;

-ба забони арабӣ:  330 адад;

- ба забони англисӣ:  15 ҳазору  368 адад

Аз 16-уми декабри соли 2001 Гавҳар Мадиева дар китобхонаи илмии донишгоҳ ба ҳайси мудир фаъолият менамояд.

Дар китобхонаи илмӣ  кормандони зерин ба ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва хонандагон хидмат мерасонанд:

-Мавлуда Гулова, китобдори калон;

-Рухсора Мамаднаимова, китобшинос;

-Малика Сатторова, мутахассиси китобхонаи электронӣ;

-Навраста Дӯстова, китобдор;

-Фотима Назарова, китобдор;

-Замира Раҳмонова, китобдор;

-Мавзуна Мирзохоҷаева, китобдор;

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top