ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Парки технологӣ фаъолияти худро оғоз намуд.


Пояи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии Парки технологӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён соҳиби  маълумоти пурраи тахассусӣ гардида, дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Бо ин мақсад барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ҷараёни таълим дар  Парки технологӣ  ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Комплекси нави бонки-таълимӣ, синфхонаҳои намунавии таълимӣ бо компютерҳо, мултипроектҳо, техникаютаҷҳизотҳои замонавӣ, бо барномаи махсуси кор дар бонк, муҷҷаҳаз гардонида шудааст, ки донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода бурда истодаанд. 

 

 

   Ба  таваҷҷуҳи хоҳишмандон расонида мешавад ки дар Парки технологӣ бо ҳамкори бонкҳои бонуфузи кишвар, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСК “Агроинвестбонк” ва  ҶСП "Фононбонк"  аз руи соҳаҳои:
•    Бонкдорӣ;
•    Низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•    Баҳисобгирии молиявӣ,
 курсҳои кутоҳмуддат кушода шуд. Шахсоне ки, курсҳои кутоҳмуддати Парки технологиро хатм менамоянд, дар баробари аз бар намудани донишҳои бонкдорӣ, андозситонӣ ва баҳисобгирии молиявӣ инчунин  соҳиби сертификат мегарданд.
Раёсати  Парки технологоӣ  боварии комил дорад, ки хатмкардагони курсҳои кутоҳмуддат дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд. 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top