Панҷшанбе, 14 Апрел 2022 06:04

Дар бораи як китоби дарсӣ

Written by
Rate this item
(0 votes)

«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат», «тоҷик», «тоҷикият», «давлати миллӣ», «манфиатҳои миллӣ», «хештаншиносӣ», «худшиносии миллӣ», «истиқлоли миллӣ» ва «ҷаҳонбинии илмӣ» ҳамсанг аст. Ҳамзамон бо ин, мафҳуми «афкори дунявӣ» барои мардуми олам, аз ҷумла тоҷикон сухани нав нест», навиштааст профессор Саймумин Ятимов дар мақолаи худ зери унвони «Дар бораи як китоби дарсӣ», ки қаблан дар воситаҳои ахбори омма нашр шуда буд.
Ба ақидаи ӯ, дар акси ҳол, мо аввалан тоҷик, баъдан миллат ва ахиран соҳиби давлати мустақил намебудем. Ба даврони хотирҷамъиву осудагӣ ва суботу озодагӣ намерасидем.
Эътиқод, таассуб, хурофот ҳам маҳсул ва ҳамқадами таърихи инсоният мебошанд. Онҳо ҳам мисли дунявият шакли ҷаҳонбинианд. Мантиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ доранд. Барои ҳамаи миллатҳо чунин тақдир ҳамроҳ будааст.
Дар зер матни пурраи мақолаи донишимандро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Муқаддима
Беш аз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел дар асари маъруфаш “Сиёсат” навишта буд: “Магар бошад касе шубҳа кунад, ки қонунгузор (давлат, ҳукумат–С.Я.) бояд ба масъалаи тарбияи ҷавонон бо таваҷҷуҳи фавқулода муносибат кунад, зеро дар давлате, ки чунин ғамхорӣ нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад” (Аристотель. Политика. -М.:РИПОЛ классик,2010. -С.535).
Яъне ду масъалаи ҳаётан муҳим — алоқамандӣ ва вобастагии сохти давлатдорӣ ба мактабу маориф аз замонҳои қадим ҳамраҳи инсоният будаанд. Ва қудрати одам ҳам баробар ба умқи фикр ва қобилияти дарк карда тавонистани моҳияти зуҳуроти олам дониста шудааст. Шоир ва мутафаккири немис Гёте таъкид мекунад: “Мегӯянд, ки рақамҳо дунёро раҳбарӣ мекунанд; шубҳае нест рақамҳо ҳатто нишон диҳанд, ки дунё чӣ тавр раҳбарӣ карда мешавад” (Слово о науке. -М.: Знание, 1978. -С.10).
Аз ин ҷиҳат, нашри китоби гурӯҳи олимони Академияи миллии илмҳо Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Сайидхоҷа Ализода, Нозим Нуров, Шамсиддин Нуриддинов “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2021, дар ҳаҷми 310 саҳ.) ҳамчун ”Воситаи тавсиявӣ-амалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ”, ки “бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст”, иқдоми шоистаи дастгирӣ аст.
Ба назар мерасад, ки омода ва нашр кардани чунин китоб тақозои рӯз ба рӯз афзояндаи яке аз муҳимтарин рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, зарурати баланд бардоштани нақши илм дар сохтори ҷаҳонбинӣ, системакунонии маҷмӯи масъалаҳои илмии марбут ба дидгоҳи маънавӣ ва методҳои тадқиқи он, коркарди дастгоҳи истилоҳ ва мафҳумоти илмии миллӣ, муайян кардани сарҳадҳои салоҳият, бархӯрд ва ҳалли мушкилоти вобаста ба мавзӯъ, ҳамчунин ҳимояи мафкураи динӣ аз суиистифодаи он тавассути ворид кардани ҳар гуна равияҳои ифротгаро мебошад.
Ҳадаф ва мавзӯе, ки мо мехоҳем доир ба он ибрози назар намоем, таҳлил ва арзёбии ташаккули маънавиёти миллӣ дар асоси ҷаҳонбинии дунявӣ дар мисоле чанд аз мақолаҳои дар маҷмӯаи мазкур гунҷонидашуда мебошад.
Давлати миллӣ ва дунявият
Бояд хотирнишон кард, ки масъалаи давлат ва давлатдорӣ қисмати ҳаётан муҳимми мавҷудият ва пойдории миллат аст.
Ягонагӣ ва умумияти қаламрав, забон, фарҳанг, маданият, урфу одат, идеология, эҳсоси муштараки ирсияти қавмӣ, нажодӣ, ки асоси давлатдории миллиро ташкил мекунанд, фақат тавассути ҳокимияти сиёсии мутамарказ, бо асосҳои ҳуқуқӣ ва имконоти танзими меъёрҳои конститутсионӣ таъмин карда мешаванд. Бидуни чунин шароит осудагӣ, субот ва рушди миллӣ наметавонад воқеият дошта бошад.
Таҷрибаи таърихӣ ҳама гуна даъвоҳоеро, ки миллат танҳо тавассути забон, адабиёт ва фарҳанг дар фазо ва вақт, дар шароите, ки соҳиби ҳокимияти сиёсӣ нест, фардият, мустақилият ва ҳувияти хешро нигоҳ дошта метавонад, рад мекунад. Зеро ин гуна даъво аз лиҳози мантиқи сиёсӣ ба воқеият ва дурнамои давлатдорӣ мувофиқ намеояд. Ҳодисаҳои охирини кишвари ҳамсоя ин назарияро бори дигар исбот намуд.
Давлат дар маконе, вақте ва бо сабабе пайдо мешавад, ки омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву идеологӣ ва маънавию ахлоқӣ зарурати мавҷудияти ташкилоти марказонидашударо ба манфиати субъектҳои гуногуни сиёсии ҷомеа, пеш аз ҳама, миллат ва халқиятҳо амалан эҳсос намоянд ва тавону иқтидори истифодаи чунин абзорро дошта бошанд.
Давлат замоне таназзул меёбад ва аз байн меравад, ки субъекти офарандаи он иқтидори сарфи захираҳои ҳаётан муҳимми зикргардидаро аз даст медиҳад.
Давлатсозӣ ва зиёдтар аз он таъмин намудани суботи давлат аз муҳимтарин ва мушкилтарин вазифаҳои миллат аст. Кори тахмин ва ҳадси эҳтимоли амал нест. Ин ташкилоти сиёсӣ, тавре хотирнишон гардид, натиҷаи таҳлили таҷрибаи кашмакаш, нобасомонӣ ва бенизомиҳое мебошад, ки ҳосили он ғайр аз эҷод кардан ва таъсис додани сохторе бо номи давлат нест. Аз ин ҷиҳат, ҳама гуна бенизомӣ созгори истилоҳи давлат нест. Ва ибораи фаъолияти самараноки давлатдорӣ мафҳуми системавист.
Муташаккилӣ ва устувории ин система аз фаъолияти муназзами соҳаҳои он, ки дар алоқамандӣ, вобастагӣ ва ҳамоҳангии якдигар қарор доранд, сарчашма мегирад.
Ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ аз самтҳои ҳаётан муҳимми сиёсати давлатдорӣ аст.
Аз тарафи дигар истифодаи истилоҳи идеология набояд боиси нороҳатӣ нисбат ба ифодаи тарзи тафаккур ва шакли муносибат ба маънавиёти ҷомеа бошад. Борҳо таъкид гардид ва бори дигар хотиррасон мегардад, ки истилоҳи деидеологизатсия навъи устувори мафҳуми худи идеология аст. Он барои аз байн бурдани фарҳанги миллӣ ва дидгоҳи сиёсии дар чаҳорчӯби манфиатҳои давлатдорӣ муайянкардаи сохтори сиёсӣ, ба хотири дар мафкураи ҳадафҳои геополитикӣ ҷой кардани ҷаҳонбинии ғаразнок таъин шудааст. Чизи дигар, кашфиёти дигаре нест. Ва буда ҳам наметавонад.
Аристотел таъкид мекунад: “Давлат ба оне мансуб аст, ки табиатан вуҷуд дорад ва инсон аз рӯи табиати хеш зуҳуроти сиёсӣ аст”(Аристотель. Политика. — М.: РИПОЛ классик,2010. -С.29).
Бо доштани чунин манзалат инсон наметавонад бидуни идея (ормон, орзу, дидгоҳ, мақсад, маром, шакли муносибати маънавӣ ба субъектҳои аслии муассисаи сиёсии давлат) вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намояд.
Соҳибдавлатӣ, мансубияти ҳуқуқӣ ба қаламрави кишвар ва уҳдадорӣ дар назди Ватан, худ ангеза, идея, ормон ва қутбнамои маънавии тарзи амал мебошад.
Зуҳуроти ҳастии муваффақ шакли комили ин ангезаи зиндагисоз аст. “Гузашта аз он, дар амалӣ кардани мақсадгузории ниҳоӣ камолоти олӣ ифода меёбад, аз дигар тараф, мавҷудияти худкифоӣ бошад, ҳамчун падидаи ниҳоӣ ва олитарини воқеият баҳогузорӣ карда мешавад” (Ҳамон ҷо. –С.28). Чунин масъалагузорӣ, бидуни шак, мансуб ба инсон, ба шаҳрванд мебошад.
Мо муътақид ҳастем, шаш рукни сохти давлатдорӣ, ки дар боби якум, моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, дар баробари эълони воқеияти ҳуқуқӣ муайянкунандаи самтҳои идеологии давлат мебошанд.
Дар муносибатҳои субъект ва объектҳои ҳуқуқӣ, вақте сухан дар бораи таъмини суботи давлатдорӣ меравад, роҳ, усул, восита ва методҳои ҷабҳаи ташаккули ҷаҳонбинӣ мақоми муайянкунандагӣ мегиранд. Алалхусус, дар ҷараёни таърихии истиқрори истиқлолият. Аз ин ҷиҳат, мактаб ва маориф дар поягузорӣ, вусъат ва бардавомии сохти давлатдорӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.
Даҳсолаҳои сипаригашта барои азнавсозии маориф, ташаккули инфрасохтор ва захираҳои кадрии он сарнавиштсоз буданд. Дар шароити ниҳоят мушкили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ барои пешрафти илму маориф заминаҳои аслӣ гузошта шуданд.
Дар ин росто, мутобиқ гардонидани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию тарбиявӣ ба пояҳои сохти конститутсионӣ – давлатдории миллӣ қисмати ҳаётан муҳимми фаъолияти маориф дониста мешавад. Зеро маҳз ҳарфҳои чопӣ (он чизе, ки дар китоб дарҷ гардидааст), мақсад ва моҳияти зиндагиро меомӯзанд. Масири кунунӣ ва ояндаи онро муайян месозанд. Тарз ва усули муносибат ба воқеияти сиёсиро нишон медиҳанд. Табиат, муҳтаво ва таъиноти инсонро дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ тафсир мекунанд.
Баъзе масъалаҳои назариявӣ дар маҷмӯа
Китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” дар чаҳорчӯбаи ниёзҳои иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа дар самти тарбия ва таълим навишта шудааст.
Маҷмӯа аз муқаддима ва мақолаҳо дар бораи омӯзиши аҳвол ва осори 27 тан аз адибони тоҷик иборат аст. Тибқи мавзӯъ, дар атрофи ақидаҳои равшангароӣ, маорифпарварӣ, илммеҳварӣ, дар умум, дунявият баҳс мекунад.
Муқаддимаи китоб ба қалами донишманд Ҳафиз Раҳмон тааллуқ дорад. Дар он мавқеи илму хирад, маърифат, давлат ва сиёсат дар муносибатба ҷанбаҳои эътиқод тафсир гаштаанд.
Муаллифи сарсухан бо такя ба андешаҳои мутафаккирони машҳури олам зарурат, мавқеъ ва манзалати илму донишро дар зиндагӣ шарҳ медиҳад. Тақдири инсонҳоро вобаста ба тарзи тафаккур ва сифати шинохти олам аз ҷониби худи одамон медонад. Ӯ дуруст зикр мекунад: “ташаккули маниши нек табиист, ки худ аз худ ба ботини кас роҳ намеёбад, боистӣ раҳнамову қутбнамое дошта бошад. Ин қутбнамо аввалтар аз ҳама дониш аст, ки ҳамроҳ бо таҷрибаи зиндагӣ касро ба зинаи ақл ва аз он болотар дар нардбони камолот – ба хирадмандӣ мебарад” (С.4). Барои тасдиқи фикр аз Абулқосими Фирдавсӣ мисоли мувофиқ меорад:
Хирад поку дин поку дил поктар,
Бувад, ҳар кӣ дорад манише ба сар.
Бузургӣ, серталабӣ ва дақиқнигории муаллифи “Шоҳнома” дар он аст, ки ӯ ҳашт аср қабл аз файласуфи машҳури Ғарб, ки фармудааст: “На танҳо натиҷаи таҳқиқот, балки роҳе, ки ба он ҳидоят мекунад, бояд ҳақиқӣ бошад. Таҳқиқоти ҳақиқат худаш бояд ҳақиқӣ бошад” (Ковалченко И.Д. Методы исторического исследования. — М.: Наука, 2003. С.13), озодагии тинати инсонро бо таркиби сохтори ҷаҳонбинӣ ҳамбаста медонад. Аз илм, дониш, маърифат ва дин ҳам покиро тақозо дорад.
Дар ин маврид ақл, ҳуш, зеҳн, идрок ва дарёфти инсонӣ-хирадро дар ҷойи аввал мегузорад. Ва онҳоро бо тинат, табиат, сиришт ва бузургии одам вобаста мешуморад.
Дар муқаддима масъалаи таъмир ва татҳири (пок, покиза, тоза) фикр, ба воситаи он расидан ба худшиносӣ, ки танҳо тавассути донишу хирад ва таҷрибаи зиндагӣ сурат мегирад, таъкид мегардад.

Давоми матлаб:
Қисми 1 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-04-14
Қисми 2 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A2-04-14
Қисми 3 - https://teleg ra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A3-04-14
Қисми 4 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A4-04-14

Read 422 times Last modified on Панҷшанбе, 14 Апрел 2022 06:39

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top