Душанбе, 21 Феврал 2022 23:09

Дар Душанбе масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Written by
Rate this item
(0 votes)

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти андешаҳои дунявӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо иштироки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, олимон ва коршиносон сурат гирифт, масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯи зикргардида Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ва дигарон суханронӣ карда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Ширкаткунандагони конференсияи илмӣ перомуни афкори дунявӣ ва тафаккури миллӣ, дунявият ҳамчун асоси пойдории давлат ва сохти конститутсионӣ, нақши таълим ва ҷаҳонбинии илмӣ дар рушду устувории пояҳои давлатдории миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Read 3708 times

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top