Нақшаи маҳфили Менеҷер
Мақсад ва вазифаҳои кори маҳфили «Менеҷер»
Маҳфили «Менеҷер» яке аз маҳфилҳои асосӣ барои ихтисосҳои менеҷмент, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, маркетолог, тиҷорат, молшинос - эксперт иқтисодчии байналхалқӣ, фаъолияти бонкӣ ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.
Яке аз масъалаҳои маҳфили «Менеҷер» омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони оянда, ташаккули донишҳои устувор дар соҳаи иқтисоди корхона, фароҳам овардани маҳорат ва малакаи барои фаъолияти самаранок зарурӣ мебошад. Инчунин, донишҷӯён бояд ба сифати мутахассиси ояндаи корхонаҳои шакли моликияташон гуногун аз тарзу воситаҳои нақшагирӣ, таҳлил ва идоракунии корхона бархӯрдор бошанд.
Дигаргунисозиҳое, ки таи солҳои охир дар иқтисодиёти соҳибистиқлоли Тоҷикистон рух додаанд, дар қатори комёбиҳо боз мушкилиётҳои зиёдеро ба миён гузоштанд, ки ҳалли асосноки онҳо аҳамияти тақдирсоз дорад. Пеш аз ҳама ин ба тайёр намудани мутахассисони варзида ниёз дорад, ки онҳо ба ҳалли вазифаҳои рӯзмарраи иқтисодиёти бозорӣ саҳмгузор бошанд. Ба ин гунна мутахассисон: иқтисоддон, менеҷерон, бухгалтеру аудиторон, соҳибкасбони молиёту гумрук, бозоршиносон ва ғайра шомиланд мебошад.
Менеҷмент ва омӯзиши ин илми басо муҳиму шавқовар ба донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони самтҳои «иқтисодиёт» ва «менеҷмент» пешкаш намудани донишҳои мукаммали назариявӣ ва амалии менеҷменти ҳозиразамон, такмил додани малакаҳои амалии касбии мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва истифодаи донишҳои касбӣ дар истеҳсолот, тиҷорат ва соҳаҳои гуногуни онҳо мебошад.
Менеҷмент ва омӯзиши ҳамаҷонибаю ҷиддии он ҳоло дар роҳи тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи иқтисодиёт нақши басо муҳим дорад. Бинобар ин ҳар як донишҷӯи мактаби олӣ бояд ҳамеша саъю кушиши зиёде ба харҷ диҳад, ки дар натиҷаи омӯзиши ин илм масъалаҳои зеринро ҳал намояд:
- ба донишҳои устувор ва мукаммали назариявӣ соҳиб гардад;
- ҳамзамон донишҳои назариявии худро бо қобилият ва сифатҳои шахсӣ ва бо таҷрибаи амалӣ дар соҳаи менеҷмент ҳамоҳанг созад;
- қобилияти эҷодии худро мунтазам ва пайваста бо назардошти таҷрибаи хоҷагидории бозорӣ такмил диҳад;
- дар қабули корҳои идорӣ ва ҳалли оқилонаи вазифаҳои иқтисодӣ эҷодкорӣ, ташаббус, иродаи қавӣ, донишҳои амиқи касбӣ нишон дода, тараққиёти босуботи иқтисодиётро ва омилҳои ба онҳо таъсиррасонандаро хеле хуб дарк ва амалӣ намояд.
- бо санадҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти корхонаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ танзим месозанд (аз нуқтаи назари ҳамкорӣ бо давлат, таҳвилгарони мол ва истеъмолгарон, муассисаҳои молиявӣ-қарзӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), ҳамчунин бо тадқиқотҳои муосири ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи иқтисод ва ташкили фаъолияти корхона шинос бошад.
Ин маҳфил масъалаҳои асосӣ ба монанди кордонӣ, қобилияти хуби идоракунӣ ва саъйю кӯшиши пайваста барои ҳалли судманди мақсадҳои гузошташударо дар бар мегирад.
Тадқиқотҳои илмӣ ва натиҷаи онҳо бо якҷоягии таҷрибаомӯзӣ ва фанни менеҷмент барои баланд бардории қобилияти идоракунӣ, шароити ташаккулёбии бозор нақши муҳимро мебозад. Барои беҳтар аз худ намудани ин фан донишҷӯён ба маҳфили «Менеҷер» ҷалб гардида нисбати ҳар як мавзӯ адабиёти иловагиро бояд истифода баранд.
Маҳфил дар базаи таҷрибавӣ дар асоси базаи таълимии кафедра ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникӣ ба нақша гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавон нақши асосиро мебозад.
№ |
Номгӯи мавзӯъҳо |
Ному насаби донишҷӯён |
Роҳбари илмӣ |
Санаи баргузор-шавӣ |
1. |
Нормирование труда в системе управления персоналом |
Шамсутдинова А. 3 к., 250108р |
Аминов Ф.И. |
14.09.2017 |
2. |
Особенности финансового менеджмента в комерческих банках |
Набиев Ё. 4 к., 250104р |
Саидова М.Х. |
28.09.2017 |
3. |
Самтҳои асосии стратегияи тараққиёти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Искандарзода М. 2 к., 260202 |
Мирзоаллиев А. |
12.10.2017 |
4. |
Хусусияти менеҷменти молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Саидаҳмадзода М. 4 к., 260202 |
Саломова У.Т. |
26.10.2017 |
5. |
Вазифаҳои асосии менеҷерони муваффақ дар замони муосир |
Маҳмадалиев М. 3 к., 25010801 |
Абдуллоев З.А. |
09.11.2017 |
6. |
Сармоя ва моҳияти иқтисодии он |
Садриддинов М. 4 к., 250104 |
Наврузова М.А. |
09.11.2017 |
7. |
Рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ашурова Б. 3 к., 260202 |
Машокиров Ҷ. |
23.11.2017 |
8. |
Мушкилоти рушди меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Салихов Д. 3 к., 260202 |
Абдуғаниев Ш. |
23.11.2017 |
9. |
Аз нав таъсисдиҳии корхонаҳо дар шароити муосир |
Нигора Олимӣ. 4 к., 260202а |
Раҳмонов И.Қ. |
14.12.2017 |
10. |
Концептуальные основы управления персоналом и зарубежный опыт |
Замонова С. 3 к., 250108р |
Аминов Ф.И. |
28.12.2017 |
11. |
Конфликтность в менеджменте |
Гурезова Ш. 4 к., 250104р |
Саидова М.Х. |
07.03.2018 |
12. |
Вазъи бозори меҳнат дар шароити муосир |
Холматов Р. 2 к., 890101 |
Мирзоаллиев А. |
08.02.2018 |
13. |
Менеҷменти молиявии бизнеси хурд дар корхонаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Шоева А. 4 к., 260202а |
Саломова У.Т. |
22.02.2018 |
14. |
Нақши туризми экологӣ дар иқтисодиёти миллӣ |
Исҳоқов Б. 4 к., 260202а |
Ҳисориева Г.Т. |
07.03.2018 |
15. |
Зарурати рушди саноати туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Рустамова М. 2 к., 26020312 |
Ҳисориева Г.Т. |
29.03.2018 |
16. |
Усулҳои интихоб ва мутобиқшавии кормандон дар корхона |
Боймадова У. 3 к., 25010801 |
Абдуллоев З.А. |
12.04.2018 |
17. |
Моҳияти бозори молиявӣ ва иштирокчиёни он |
Назризода В. 4 к., 250104 |
Наврузова М.А. |
26.04.2018 |
18. |
Рушди туризми дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Айни Фароғат. 3 к., 260202 |
Машокиров Ҷ. |
26.04.2018 |
19. |
Нақш ва вазифаҳои менеҷер дар шароити иқтисоди навоварӣ |
Акбаров Ф. 3 к., 260202 |
Абдуғаниев Ш. |
10.05.2018 |
20. |
Зарурияти менеҷменти навоварӣ дар замони буҳрон |
Зайдуллоева Д. 4 к., 260202 |
Раҳмонов И.Қ. |
24.05.2018 |