РУШДИ ДЕҲОТ ВА АҲАМИЯТИ ИҶТИМОИ  ИҚТИСОДИИ ОН ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ

Барои амали намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ки соҳаи  саноат гардидааст, рушди деҳот аамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад, зеро  зиёда аз 70% аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагони доранд. Дар мақола мавқеи калидиро соҳиб будани рушди маориф дар деҳот мавриди таҳқиқ карор дода шуда барои рушду нумуъи бештари он пешниҳодҳои муаяне  оварда шудааст.

Вожаҳои калиди: Пайёми Президент аз 26 декабри соли 2018, консепсияи рушди деҳот омори соҳаи маориф, квотаи Президенти, консепсияи рушди идоракунии маҳал,

Рушди деҳот яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар деҳоти кишвар мушкилотҳои зиёде мавҷуд аст, ки ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии он таъсири манфи мерасонанд, ба мисли роҳҳои мошингард, норасоии оби ошомиданӣ, набудани марказҳои хизмати маишӣ ва монанди инҳо.

Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи инқилоби Октябр то инҷониб назар андозем, мебинем, дар тақсимоти ҳудудии давлатҳои Осиёи Миёна ба тоҷикон якчанд шахр, аз қабили Хуҷанду Истаравшан, Кӯлобу Исфара ва ба монанди инҳо расида. Пойтахти кишвар бошад дар деҳаи Душанбе таъсис дода шуда буд. Бо гузашти як аср мо шоҳиди он гаштем, ки чи қадар шаҳрҳои зебо ва аз ҷиҳати саноати тараққикарда дар кишварамон ба вуҷуд омадаанд.

Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 омадааст, ки «бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод намуд, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд».

Ҳадафи асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани деҳоти Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди  маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва деҳоти мо асосан дар кӯҳистон ҷойгир аст  ки зиёда аз 73 фоизи аҳолии кишвар (аз шумораи умумии аҳолӣ дар соли 2018, яъне аз 8931,2 ҳазор нафар 6136,5 ҳазор нафар) дар деҳотҷой маскун мебошанд. Ин омор водор мекунад, ки шароит ва вазъи имрузаи  деҳоти кишвар ба талаботи рушди як инсони муосир ва аз ҷиҳати ҷаҳонбинӣ пешрафта бояд ҷавобгў бошад, аммо омили ҷуғрофӣ (кўҳсор ва дар масофаи дур ҷойгир шудани деҳот) баъзе монеаҳои объективию субъективиро дар самти рушду инкишофи он пеш меорад, ки таъсири худро ба сокинон низ мерасонад.

Ҳоло мутобики таксимоти маъмурию худуди каламрави Ҷумхурии Точикистон ба се вилоят – Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (кисми шаркии кишвар, бо 8 вохиди маъмурию худуди), вилояти Сугд (кисми шимолии кишвар, бо 18 вохиди маъмурию худуди), вилояти Хатлон (кисми чанубии кишвар, бо 25 вохиди маъмурию худуди), шахри Душанбе (пойтахти мамлакат, ки аз 4 нохия иборат мебошад), шахру нохияхои тобеи ҷумхури (бо 13 вохиди маъмурию худуди) ва 427 чамоатхои шахрак ва дехот таксим шудааст.

Дар  раванди рушди  деҳот соҳаи маориф мавқеи калидиро соҳиб аст. Дар солҳои истиқлолият Ҳукумати мамлакат дар тамоми деҳоти дурдастарини кишвар мактабҳо сохтанд ва то як андоза ин масъала роҳи ҳалли худро ёфта бошад ҳам, нарасидани мутахассисони маълумоти олидор ба назар мерасад. Бо пешниҳоди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистан аз соли 1997 сар карда ҳамасола барои хатмкунандаҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар квотаи Президенти барои дохил шудан ба макотиби олӣ ҷудо мегардад, ки агар солҳои 2008-2009 тибқи квота дохилшуда 1007 нафарро ташкил медод, пас ин рақам дар  соли 2016-2017 ба 1856 нафар расидааст.

Масъалаи дигари соҳаи маориф, ки ба рушди муназзами деҳот тасири муаяни худро мерасонад набудани боғчаи кӯдакон ва кӯдакистонҳо мебошад.    

Барои рушди деҳот Консепсияи идоракунии  рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо фармони  Президенти Чумхурии Точикистон аз 11 июли соли 2015, №522 тасдик шудааст, ки дар раванди такмилдиҳии идоракунии маҳал (худидораи маҳалли) таъсири мусбат расонида истодааст.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид, ки барои рушди деҳоти Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят бузург дорад. Деҳаҳои кӯҳистони тоҷик бо обҳои мусаффою шифобахш ва табиати афсонавиаш дили дилхоҳ сайёҳи дохилию хориҷиро ба ваҷд меорад. Барои ҷалби онҳо сохтани меҳмонхонаҳои оддӣ ва дастрасӣ ба нақлиёт мавқеи муҳимро мебозад.  

Бо пешниҳоди Пешвои миллат то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишварамон дар ҳар як деҳа сохта ва ба истифода додани ҳаммом, кошонаи ҳусн ва дигар намуди хизматрасониҳо аз тарафи давлат ва соҳибкорони мувафақи маҳалли боиси он мегардад, ки аҳолии қобили меҳнат бо ҷои кори доими ва маош таъмин гардида сатҳи иҷтимои иқтисодии худро баланд бардоранд.

Ба андешаи мо барои боз ҳам рушду нумуъ ёфтани деҳоти кишвар таъсиси коллеҷҳои хунарҳои мардуми дар ҳар як вилоят ниҳоят зарур мебошад, ҳоло танҳо як чунин коллеҷ дар шаҳри  Истаравшан фаъолият дорад, ки талаботи рузафзун барои аз бар намудани ҳунарҳои мардумиро махсусан дар деҳот қонеъ карда наметавонад.

Раванди таъмини босуботи рушди деҳот аз созмондиҳии инфпасохтори нақлиётӣ, бонкӣ, истеҳсолӣ, хӯроки омма ва савдо, алоқа, марказҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра вобаста аст.

Инчунин таъсиси боғча  яслиҳо ва тайёр намудани мутахассисони ин самти маориф бояд дар сатҳи ноҳияҳо вобаста ба имкониятҳои мавҷуда амалӣ гардад.

Хулоса барои ба рушди босуботи деҳот ва аз байн бардоштани фарқияти сатҳи зиндагии шаҳри аз деҳот мо ҳамон вақт мувафақ мегардем, ки агар хизматрасонии соҳаи  маорифро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем, зеро асри XXI асри техникаю технологии навин буда маҳз мутахассисони касби метавонанд дар пешрафту нумуъи кӯҳистони тоҷик саҳми сазовори худро гузоранд.   

Адабиёт

1.Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Милли 2018

2.Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 Душанбе 2019

3.Консепсияи идоракунии рушди махал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Душанбе 2015

4.Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Статистический сборник Министерство образования Таджикистана за 2010 г. – Душанбе: 2010 [1]

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top