Шуъбаи фарҳанг ва осорхона

Шуъбаи фарҳанг ва осорхона моҳи январи соли 2021 бо мақсади эҳтироми фарҳанги миллӣ, таъмини рушди самараноки фарҳанг ва санъат, ташкил ва баргузор намудани намоишҳои ҳаваскорони эҷодӣ, эҳё кардани расму ойинҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба рушд ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо, ҷалби донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар барномаҳои фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявию шаҳрӣ, ва инчунин, ҳифзи таърихи рушди донишгоҳ, ташкилу такмили фонди осорхонавии донишгоҳ, омода ва ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташаккули ифтихори миллии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ, ҳифзу муносибати дилсӯзона ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва талаботи стандартҳои давлатӣ таъсис дода шудааст.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати корҳои тарбиявӣ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Аз моҳи январи соли 2021 вазифаи мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхона ба зиммаи муаллими калон Саодат Нуралихонзода вогузор карда шудааст.

Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

Раҳёнбӣ Маҳсуддинова, мутахассиси шуъба;

Зафар Файзов, навозанда.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top