Бахши хобгоҳ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои хобгоҳи замонавӣ буда, аз се бинои истиқоматӣ ва 189 ҳуҷра ибрат аст.

Ҳар як бинои хобгоҳ толор, ҳаммом, либосшӯйхона, ташноб ва ошпазхона дорад.

Ҳар сол аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои таъмири ҷории хобгоҳ ва харидани маводи лозима маблағ ҷудо мегардад.

Дар хобгоҳ аз ҳамаи ноҳияҳои кишвар донишҷӯён истиқомат мекунанд. Ҳамчунин, дар бинои сеюми хобгоҳ омӯзгорон ва кормандон бо аҳли оилаи худ зиндагӣ менамоянд. Дар ошёнаи якуми бинои дуюми хобгоҳ ошхона барои донишҷӯён вуҷуд дорад.

Раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини хобгоҳ ба масъалаи беҳтар намудани шароити зисту зиндагии истиқоматкунандагон ва ҳаллу фасли мушкилоти баамаломада чораандешӣ мекунанд.

Дар ҳар як ошёнаи ду биное, ки донишҷӯён истиқомат мекунанд, аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол сардори ошёна таъйин карда шудааст, ки тартибу интизом, риояи тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ ва тозагиро аз ҷониби донишҷӯён санҷишу назорат менамоянд.

Аз рӯи нақшаи кории раёсат бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон ва тоза озода нигоҳ доштани манзили зист барои донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, тарбиявию маърифатӣ ва варзишӣ гузаронида мешавад.

Аз ҷониби раёсати корҳои тарбиявӣ ва намояндагони масъули воҳидҳои сохтории донишгоҳ барои риояи тартибу интизом ва пешгирии амалҳои номатлуб аз ҳисоби донишҷӯёни хобгоҳ пайваста корҳои назоратию санҷишӣ гузаронида мешавад.

Аз 1-уми апрели соли 2021 Абдухолиқ Одинаев вазифаи коменданти раёсати хоҷагидориро ба уҳда дорад.

Ҳайати кормандони хоҷагӣ, ки дар хобгоҳ фаъолият менамоянд:

  • Гулбибӣ Очилова, дарбон;
  • Парвина Салимова, дарбон;
  • Дилбар Бобоева, дарбон;
  • Зебо Қодирова, дарбон;
  • Зебо Маҷнунова, дарбон;
  • Гулрухсор Раҷабова, дарбон;
  • Гулрафтор Раҷабова, дарбон;
  • Қутбия Зарипова, дарбон;
  • Майгуна Раҳмонқулова, дарбон;
  • Шаҳноза Рӯзибоева, фаррош;
  • Мавлудаи Ғаффор, фаррош;
  • Малика Баротова, фаррош;
  • Мавлуда Саидова, фаррош;
  • Зулфия Қодирова, фаррош;
  • Ниҳолбӣ Акрамова, фаррош;
  • Мадина Сафоева, ҷомашӯ;
  • Хайрӣ Неъматова, ҷомашӯ;
  • Мижгонаи Ҳабибулло, ҳамшираи тиббӣ;
  • Маҳмадшариф Холов, барқчӣ;
  • Усмон Хушмуродов, дуредгар;
  • Рустам Исматов, челонгар.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top